Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматиро баррасӣ карданд


17-09-2022, 09:42.
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматиро баррасӣ карданд15 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ Сауд Ас — Сотӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаи мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла раванди омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссия муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид.

А
кс: ВКХ ҶТ

Вернуться назад