Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд


23-08-2022, 10:00.
Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд22 август муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаевро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин ҷонибҳо доир ба ҳамкории бисёрҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Вернуться назад