Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд


27-07-2022, 13:06.
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд31 июл – 1 август узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ иттилоъ дод.

Дар доираи сафар мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.

Интизор меравад, ки зимни мулоқотҳо ҳамкории дуҷониба ва вазъи минтақа баррасӣ гарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Вернуться назад