Главная > Навидҳо > ҶОМИ КФО-2022. Дастаи КМВА-и Душанбе бо «Алтин Асир»-и Ашқобод мусовӣ бозӣ кард

ҶОМИ КФО-2022. Дастаи КМВА-и Душанбе бо «Алтин Асир»-и Ашқобод мусовӣ бозӣ кард


25-06-2022, 08:42.
ҶОМИ КФО-2022. Дастаи КМВА-и Душанбе бо «Алтин Асир»-и Ашқобод мусовӣ бозӣ кардДар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар чоргонаи «Е», барандаи медали биринҷии мусобиқоти Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ КМВА-и Душанбе бо қаҳрамони Туркманистон «Алтин Асир»-и Ашқобод (1:1) мусовӣ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳарду голро дар ин бозӣ футболбозони дастаи КМВА ба нишон расониданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагари КВМА Элчибек Рашидбеков тубро ба дарвозаи худаш зад. Абдулло Шарифов дар дақиқаи 90+3 ҳисобро мусовӣ кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи «Е», ноиб-чемпиони Узбекистон, «Суғдиёна»-и Ҷиззах барандаи Ҷоми Қирғизистонро дар мавсими гузашта бар тими «Нефтчӣ»-и қӯчқор-аторо бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии ҶОМИ КФО-2022 КМВА-и Душанбе рӯзи душанбе, 27 июн бо тими «Суғдиёна» бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 22:00 оғоз мегардад.

Ҷоми КФО- 2022

Даври 2

27 июн (душанбе)

19:00 – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиён» (Ӯзбекистон)

Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «Сугдиёна» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Акс: ФФТ

Вернуться назад