Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023. Тоҷикистон дар бозии дуюмаш бо дастаи мунтахаби Сингапур рақобат мекунад

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023. Тоҷикистон дар бозии дуюмаш бо дастаи мунтахаби Сингапур рақобат мекунад


9-06-2022, 11:14.
МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023. Тоҷикистон дар бозии дуюмаш бо дастаи мунтахаби Сингапур рақобат мекунад11 июн бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон бо Сингапур ва Мянмар бо Қирғизистон баргузор мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин пештар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар бозии нахустинаш муқобили дастаи мунтахаби Мянмар пирӯз шуд.

Вохӯрии дастаҳо 8 июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи футболбозони мо анҷом ёфта буд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев 2 гол, Манучеҳр Ҷалилов, Эҳсон Панҷшанбе якголӣ ба нишон расониданд.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо иштироки 24 даста дар шаш гурӯҳ баргузор мешавад ва ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи финалӣ роҳхат мегиранд.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1

8 июн (чоршанбе)

15:30 – ТОҶИКИСТОН – Мянмар – 4:0

20:00 – Қирғизистон – Сингапур — 2:1

Даври 2

11 июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

Даври 3

14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.


Вернуться назад