Главная > Навидҳо > ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор волонтёрро муттаҳид месозад

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор волонтёрро муттаҳид месозад


8-05-2022, 09:10.
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор волонтёрро муттаҳид месозадҲамасола 8 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҷлил мешавад. Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба зодрӯзи ходими ҷамъиятӣ ва гуманист, поягузори Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Жан Анри Дюнан, ки 8 майи соли 1828 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст, бахшида шудааст.

Соли 1863 бо ташаббуси Анри Дюнан конфронси байналмилалӣ даъват карда шуд, ки он ба таъсиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх асос гузошт. Номи расмии «Салиби Сурхи Байналмилалӣ» соли 1928 дар конференсияи 13-уми байналмилалӣ дар шаҳри Гаага тасдиқ гардид. Рӯзи Салиби Сурх бори аввал танҳо пас аз 20 сол, соли 1948 ҷашн гирифта шуд. Бо гузашти вақт номи ин рӯз тағйир ёфт ва соли 1984 он Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар номида шуд.

Дар бораи фаъолияти бузургтарин ҷамъияти башардӯстона дар ҷаҳон
Тавре масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Нодир Аминзода зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар шабакаи глобалии башардӯстона буда, беш аз 80 миллион нафар аҳолиро фаро мегирад ва ба онҳое, ки дучори офатҳои табиӣ, низоъ, саломатӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ мебошанд, кумак мерасонад.

Он аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва 192 ҷамъияти Миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иборат аст.

Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар саросари ҷаҳон бо мақсади ташвиқ ва пешбурди амалҳои башардӯстона аз ҷониби аъзои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба зарурати ҳифзи ҳаёти инсонҳо ба ғайр аз шаъну шарафи қурбониёни ҳама гуна низоъҳои мусаллаҳона ва ҳама шароити хушунат нигаронида шудааст.

«Ҳафт принсипи бунёдии Ҳаракати байналмилалии Садиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки онро тамоми аъзои ҳаракат эътироф намудаанд, башардӯстӣ, бетарафӣ, беғаразӣ, мустақилӣ, ихтиёрӣ, ягонагӣ ва ҷомеъият мебошанд, — тазаккур дод Н. Аминзода. — Ҷамъияти миллии Салиби Сурх аломати Салиби Сурх ва Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмар аломати Ҳилоли Аҳмарро дар заминаи сафед истифода мебаранд, ки ҳарду аломат низ баробаранд».

Ба таъкиди ӯ, аломати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамчун аломати ҳимоявӣ ва чун аломати фарқкунандаи ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар истифода мешаванд.

Соли 2005 Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аломати иловагӣ қабул кард – аломати булӯри сурх (квадрати сурх дар заминаи сафед), ки он ба кишварҳое, ки намехоҳанд аломати Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмарро истифода баранд, бо ҳамроҳ шудан ба ин ҳаракат ва узви комилҳуқуқ шуданашон шароит фароҳам меоварад.

Рисолати башардӯстона дар Тоҷикистон
Бино ба гуфтаи муовини Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Дилором Мирова, ҷамъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 1927 таъсис дода шуд.

Соли 1925 Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС таъсис дода шуд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон низ ба ҳайати он шомил буд. Соли 1992 дар робита бо пошхӯрии ИҶШС санад «Дар бораи барҳам додани Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС» қабул карда шуд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷамъияти мустақили беғаразест, ки дар амри пиёда намудани эҳтиёҷи шахсони ниёзманди ба мушкилиҳо мувоҷеҳ дар нуқоти гуногуни кишвар саҳми бориз дорад. Зеро аҳдофи калидии он ҳифзи ҳаёт, шаъну шарафи инсонҳо, бахусус доираи одамоне, ки дар пайи ҳаводиси гуногуни фавқулода ё даргириҳо осеб дидаанд, мебошад.

Бояд гуфт, ки раванди фаъолияти ибратбахши ин ниҳод далолат бар он мекунад, ки он дар саргаҳи таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ қарор дорад. Ин аст, ки пайваста барои пешгирӣ ва сабук намудани азобу шиканҷаи одамон иқдом меварзад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» соли 2010 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 октябри 2011 «Дар бораи тартиб, шарт ва муҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» боиси дастгирии фаъолияти башардӯстона аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мебошад.

Ин ҷамъият дар саросари кишвар 2 бахши вилоятӣ (Суғд ва ВМКБ), 2 бахши минтақавӣ (Бохтар ва Кӯлоб) ва 65 бахши шаҳриву ноҳиявӣ дошта, зиёда аз 14 000 аъзо ва беш аз 12 000 волонтёр ё ихтиёрӣ дорад.

Феълан дар ҷаҳон садҳо ташкилоту созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ амал мекунанд, ки самтҳои фаъолияташон дар асоси принсипҳои гуногун шакл гирифтаанд. Дар ин миён метавон аз фаъолияти самарабахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба унвони ниҳоди ҷумҳуриявӣ ва хайрхоҳу имдодрасон дифоъ кард.

«Дар ин муддат Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон корҳои зиёди назаррас ва судмандро дар мавриди дастгирии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ, гузарондани нуқтаҳои оби нӯшокӣ ба минтақаҳое, ки ниёз доранд, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ ва хадамоти ҷустуҷӯ, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркида дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ, омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати забони русӣ, компютер ва маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва ғайраҳо ба роҳ мондааст», — иброз дошт Дилором Мирова.

Ёрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ниёзмандон
Дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, беморон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии ҷамъият ба ҳисоб рафта, ташкилот дар ин самт ҳамеша тадбир меандешад.

Дар солҳои аввали истиқлоли кишвар фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шариконаш дар Тоҷикистон, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иттифоқ афтода буд, асосан аз ҷониби ин ниҳод ба шахсони эҳтиёҷманд ёриҳои башардӯстона расонда мешуд.

Дар ин муддат тақрибан ба 200 ҳазор нафар, ки маҳалли зисти доимиашонро тарк карда, ба ёриву дастгирӣ эҳтиёҷ доштанд, маводи ғизоӣ, ғайриғизоӣ ва доруворӣ дастрас гардид.

Баробари ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба амалӣ намудани силсилаи барномаҳои дигари башардӯстӣ оғоз кард.

Дар маҷмӯъ фаъолияти пурсамару некбинонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва рафоҳи зиндагии осебдидагони ҳаводиси гуногун қобили тавсифу арҷгузорист. Аз сӯи дигар, муваффақ шудани ин ниҳод дар амри иҷрои рисолати худ дар кишвари мо нишонаи дастгирӣ ва ҳамкории судманди Ҳукумати мамлакат ба созмонҳову ҷамъиятҳои миллист.

Имрӯзҳо миёни аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, расонидани ёрии аввал, кумакҳои иҷтимоӣ, гузаронидани нуқтаҳои оби нӯшокӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, пиронсолони яккаву танҳо, шахсони маъюб ва дигар ниёзмандони кишвар ба роҳ монда шудааст.

Танҳо дар моҳи шарифи Рамазон бо дастгирии шарикони рушд Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 9625 нафар ниёзмандони кишвар кумаки озуқаворӣ расонид. Ҳамзамон ҷамъият ба зиёда аз 1440 нафар кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумаки молиявии ҳармоҳа мерасонад.

АКС: Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон



Вернуться назад