Главная > Навидҳо > Бунёди ду варзишгоҳи нав ба ифтихори Соли ҷавонон

Бунёди ду варзишгоҳи нав ба ифтихори Соли ҷавонон


15-05-2017, 10:51.
Бунёди ду варзишгоҳи нав ба ифтихори Соли ҷавонон

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардидааст, ки ҳадафи он ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва нишон додани нақшу мавқеи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Бахшида ба Соли ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим барои дӯстдорони навъҳои гуногуни варзиш бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдончаи варзишии лоиҳавӣ ва толори варзишӣ дар шафати Қасри фарҳанг бунёд мегарданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, майдончаи варзишӣ барои машғул шудани ҷавонон бо футболи хурд ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.

Айни замон сохтмони майдончаи варзишӣ анҷом ёфта, корҳои бунёди толори варзишӣ идома доранд.

Дар назар аст, ки он моҳи оянда мавриди истифода қарор дода шавад, ки туҳфаи арзанда ба Соли ҷавонон мебошад.
Вернуться назад