Главная > Навидҳо / Сайёҳӣ > Ба объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ «Шиносномаи объекти сайёҳӣ ҳамчун дастоварди миллӣ» дода мешавад

Ба объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ «Шиносномаи объекти сайёҳӣ ҳамчун дастоварди миллӣ» дода мешавад


3-05-2022, 13:08.

Дар оянда ба объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии Тоҷикистон «Шиносномаи объекти сайёҳӣ ҳамчун дастоварди миллӣ» дода мешавад. Ин матлаб дар ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат иҷрои саривақтии муқаррароти қарори мазкурро барои муаррифии имконияти саёҳатии мамлакат, ҳифз, истифода ва нигоҳдории захираҳои сайёҳии мамлакат мувофиқи таъйинот ва мақсад, таҳияи санадҳои соҳавӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушд, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, чорабиниҳои экологӣ, ташкили баҳисобгирии оморӣ ва таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Баъд аз хулосаи дахлдори гурӯҳи корӣ ба объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии кишвар «Шиносномаи объекти сайёҳӣ ҳамчун дастоварди миллӣ» дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати мамлакат Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ таҳия шуд. Ба он объектҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва саноатӣ ворид карда шуда, бори аввал вобаста ба онҳо маълумоти муфассал таҳия гардид.



АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вернуться назад