Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд


1-05-2021, 15:39.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбати боэътимод Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мувофиқаҳои ҷонибҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ду кишвар нигаронда шудаанд, иттилоъ доданд.

Дар ин зимн муҳиммияти хоссаи дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷуда тавассути музокирот ва муколамаи созанда таъкид гардид.

Дар маркази диққати ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус ҷараёни нигаронкунандаи рушди вазъ дар Афғонистон, қарор доштанд.

Дар баробари ин, Президентҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо зарурати андешидани чораҳои муштараки минбаъдаро ба хотири таҳкиму таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои фарогири ду кишвар таъкид карданд.


Вернуться назад