Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Пешвои миллат: «Мардуми огоҳ ва дорои сатҳи баланди маърифати сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок ба доми худ кашида наметавонад»

Пешвои миллат: «Мардуми огоҳ ва дорои сатҳи баланди маърифати сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок ба доми худ кашида наметавонад»


22-07-2016, 15:16.
«Тарбияи насли босаводу донишманд ва кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат муҳимтарин вазифа ва бузургтарин хизмати соҳаи маорифи кишвар дар ҳифзи давлатдории миллиамон хоҳад буд», — зикр кард Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 91-и шаҳри Душанбе.
Сарвари давлат чунин изҳор карданд: «Ман борҳо таъкид карда будам, ки мардуми огоҳ ва дорои сатҳи баланди маърифати сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок ба доми худ кашида наметавонад, зеро огоҳиву ҳушёрии мардум худ пояи асосии суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ мебошад. Тарбияи насли босаводу донишманд ва кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат муҳимтарин вазифа ва бузургтарин хизмати соҳаи маорифи кишвар дар ҳифзи давлатдории миллиамон хоҳад буд».
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар ин росто бояд таълиму тарбияи шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад ва хонандагони мактабҳои пойтахти кишвар на танҳо дар самти азбаркунии илму дониш, балки дар риояи одобу маърифат низ пешсафу намунаи дигарон бошанд.
«Вобаста ба ин, як масъаларо хотирнишон менамоям, зикр намуданд Ҷаноби олӣ, -мактаб дар сурате ба сатҳи баланди донишомӯзӣ ва ташаккули ахлоқу рафтори хуби хонандагон муваффақ мегардад, ки падару модарон бо мактаб робитаи доимӣ дошта, ба таълиму тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ муносибат намоянд. Яъне оила ва мактаб бояд бо ҷидду ҷаҳди муштарак наврасонро тарбия кунанд, онҳоро ҳамчун шаҳрвандони босаводу соҳибмаърифат ва дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ ба воя расонанд. Ҷараёни таълиму тарбия ҳамчун равиши эҷодӣ аз омӯзгорон истеъдоди баланд ва муҳаббат ба касби инсонсози устодиро тақозо менамояд. Омӯзгор бояд мувофиқ ба зеҳни кӯдак ва бо мақсади қаноатманд гардонидани талаботи ӯ аз усулҳои муосир моҳирона истифода намояд».
Вернуться назад