Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Мулоқоти Пешвои миллат бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксон

Мулоқоти Пешвои миллат бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксон


13-05-2016, 17:17.
Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот аз ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар давоми 23 соли охир, хусусан аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани соҳаҳои гуногуни рушди Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоиёт ва дастгирии буҷети давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки дар тӯли 23 соли шарикӣ Бонк ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод намуда, ҳоло лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолати иҷро қарор доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид бар он дошт, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо Бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди бемайлони кишвар ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум буда, дар шароити таъсири ногувори омилҳои берунӣ, аз ҷумла таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили фарогирии имконоти бузурги молиявию техникии Бонки ҷаҳонӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки кишвари мо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вернуться назад