Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд


8-01-2020, 18:08.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурӯдгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии амиқ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро иброз медорам».


Вернуться назад