Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон17-10-2019, 11:17. |
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш таъин намудани Насредин Исматулло Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Насредин Исматулло ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 17 октябри соли 2019 №1361 ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Тайланд таъин намудани Қодирӣ А. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Қодирӣ Ардашер ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Тайланд таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 17 октябри соли 2019 №1362 ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин намудани Раҳимзода С.Н. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҳимзода Султон Нурмуҳаммадпур ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 17 октябри соли 2019 №1363 ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Исроил таъин намудани Имомӣ Содиқ Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Имомӣ Содиқ ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Исроил таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 17 октябри соли 2019 №1364 Вернуться назад |