22 июл 2018, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Порсол дар бахши таҷдиду бунёди роҳҳои кишвар 19 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардиданд

303
19 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 5,6 миллиард сомонӣ дар соли сипаришуда дар бахши таҷдиду аавсозӣ ва бунёди роҳҳои кишвар татбиқ гардидаанд. Худоёр Худоёрзода, вазири тозатаъйини нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки аз 19 лоиҳа 15-тои он ба навсозии роҳҳои автомобилгард нигаронида шудаанд, ки беш аз 4 миллиард сомонӣ маблағҳои лоиҳавиро ташкил медиҳанд.
Вазири нақлиёти кишвар афзуд, ки дар ин давра дар Тоҷикистон наздик ба 100 км роҳи автомобилгард, 18 пул, беш аз 40 км хати роҳи оҳан ва ба масофаи 3,7 км нақб ба истифода дода шуд. Азнавсозии роҳи автомобилгарди Восеъ- Ховалинг бо масофаи 88 км бо 12 пул ба маблағи 340 миллион сомонӣ, таъмири беш аз 10 км роҳи мошингарди Рашт-Навобод ва як пул аз болои дарёи Сорбоғ ба маблағи 23 миллион сомонӣ, инчунин сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа /қисмати Ваҳдат-Ёвон/ бо дарозии беш аз 40 км роҳ, ки дорои се нақб ва панҷ пул аст, ба маблағи беш аз 980 миллион сомонӣ аз дастовардҳои роҳсозон ва нақлиётчиёни кишвар дар соли сипаригардида мебошад.
Ин дастовардҳо дар самти амалигардонии яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон қадами устувор мебошанд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво