22 июл 2018, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дилшод Назаров: «Дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд»

323
Дилшод Назаров: «Дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд»«Медали ман-медали 8 миллион тоҷикистонист ва дар пушти ғалабаи ман 8 миллион мардуми тоҷик меистад», — ин нуктаро имрӯз пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурзандози маъруфи кишвар, дорандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 Дилшод Назаров ба хабарнигорон изҳор дошт.
Дилшод Назаров афзуд: «Маҳз талошҳову ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки соҳаи варзиш дар Тоҷикистон рушд кунад. Дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Ғалабаи ман дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ бо шарофати Ваҳдату истиқлол ба даст омад».
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78,68 метр партофта, сазовори медали тилло гардид. Ӯ бо ин қаҳрамонии худ дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистонро баланд бардошта, нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво