18 декабр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ифтитоҳи мактаби рақами 12 барои 624 хонанда дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

600
Дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 — ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим моҳи июни соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзи сафари навбатии кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия аз тарафи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мактаби нав дар паҳлӯи бинои пешинаи муассисаи таълимӣ сохта шудааст. Тибқи дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон собиқ бинои мактаб баъди таъмиру тармим ҳамчун боғчаи бачагона истифода карда мешавад, ки ин ҳам як ғамхории Сарвари давлат нисбат ба насли оянда мебошад.
Барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия дар мактаби нав 23 синфхонаи барҳаво, лаборатория, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, толори маҷлис бо 260 ҷойи нишаст, толори варзиш ва ошхона бо 200 ҷой муҳайё гардидааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 аз тарафи сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамсафар” бо 2 миллиону 350 ҳазор доллар маблағҳои Бонки Исломии Рушд бунёд шудааст.
Илова ба маблағи сохтмони мактаб баҳри таъмини таҷҳизоти хониш ва дигар ашёҳои лозима, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Мактаб ҳамчунин бо 20 адад компютер ва 10 адад принтер таъмин гардидааст.
Дар рафти бунёди мактаб роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамсафар” 150 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин кард. Сохтмончиён корро дар се баст ба роҳ монда, иншоотро пеш аз муҳлат бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳо бунёд намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳо бо хонандагон суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии нозукиҳои технологияи компютерӣ ҳидоят намуд.
Омӯзгорону хонандагон барои тамоми ғамхориҳо ва фароҳам овардани шароити арзандаи донишомӯзӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво