Дар самти кор бо ҷавонон миёни Тоҷикистон ва Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
531
Дар Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сурат гирифт, миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, Созишнома аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва директори Агентии Федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Александр Бугаев ба имзо расонида шуд. Зимни баимзорасии созишнома Александр Бугаев иброз дошт, ки созишномаи мазкур ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманди ду кишвар дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад. Он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ, тадбирҳои муштарак, табодули таҷриба ва баррасиву дастгириҳои ҷавонони ду кишвар мусоидат менамояд. Ҳамчунин Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо кишварҳои гуногун ҳамкории хуб ба роҳ мондааст. Зеро чунин ҳамкорӣ ва имзои созишномаҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта, заминаи хуб фароҳам меоварад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |