25 сентябр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Сармеъмори Душанбе: Биноҳои қаблан дар нақша пешбинишуда кӯчонида мешаванд

442
Қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи аз 12 ноябр мавқуф гузошта шудани ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони иншооти истиқоматию ғайриистиқоматӣ дар пойтахт муваққатӣ аст.

«Пас аз такмили чанде аз бандҳо дар Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ҷудо намудани қитъаи замин дар пойтахт барои сохтмон дубора иҷозат дода мешавад», - иброз дошт ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти шаҳрдории Душанбе Қудратулло Файзуллоев.

Ӯ таъкид дошт, ки ҳадафи асосии қабули қарори мазкур аз ҷониби раиси пойтахт ба тартиб овардани сохтмони иншооти гуногун дар шаҳр аст.

«Нақшаи генералии шаҳр асосан дар бахшҳои сохтмон, иншооти муҳадисӣ, зербино, иншооти бахши тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва муассисаҳои томактабӣ ба тартиб дароварда мешавад», - қайд карда сармеъмори пойтахт.

Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки дар робита ба масъалаи кӯчонидани биноҳо, ки дар Нақшаи генералии Душанбе пешбинӣ шудааст, тағйироте сурат нахоҳад гирифт ва ҳамаи биноҳои қаблан дар нақша пешбинишуда кӯчонида мешаванд.

Сармеъмори пойтахт ҳамчунин андешаи чанде аз мутахассисон оид ба бинобар сабаби буҳрон дар тиҷорати сохтмон қабул шудани ин қарори раиси пойтахтро рад намуд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз 12 ноябр ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони иншооти истиқоматию ғайриистиқоматӣ дар пойтахт мавқуф гузошта мешавад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво