Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»

МАЪЛУМОТНОМА

Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 №579 дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда то ин ҷониб фаъолият намуда истодааст.

Мувофиқи фармоиши директори Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” аз санаи 4 майи соли 2011 таҳти №1/ф дар шаҳру ноҳияҳои ҷуҳурӣ Корхонаҳои фаръи таъсис додааст.

Дар айни ҳол Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” яке аз калонтарин сохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба шумор рафта, дар таркиби он 62 Корхонаи фаръӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Шумораи умумии коргаронаш (лоиҳакашҳо) то ба 600 нафар мерасад.

Самти асосии фаъолияти Корхона аз расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашӣ ва дар ин васила тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қонеъ гардонидани талаботи субъектҳои муносибатҳо дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ мебошад.
Баҳри амалисозии мақсад, самт ва вазифаҳои оинномавӣ, Корхона фаъолияти зеринро амалӣ месозад:

- омода намудани таклифу пешниҳодҳо бобати тасҳеҳи Нақшаи генералии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, иштирок дар таҳияи Нақшаи ташкили муҷтамаъ ва ҳудудии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, Нақшаи генералии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва лоиҳаҳои шаҳрсозии банақшагирии муфассал, лоиҳаи банақшагирии минтақавӣ, нақшаҳои ҷойгиршавии коммуникатсияҳои муҳандисӣ, пайвастшавии роҳҳо, атласи коркарди геологӣ ва ғайра;
- таҳияи бахшҳои шаҳрсозии барномаҳои мақсадноки ҳудудӣ, тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва шаҳрсозии мавзеъҳои аз дигар манбаъҳо маблағгузоришаванда;
- омодасозӣ ва ба мақомоти меъмориву шаҳрсозӣ пешниҳод намудани таклифҳои лоиҳавӣ бобати ҷойгиркунонии иншоот, коммуникатсияҳои муҳандисиву нақшаи нақлиётӣ;
- омодасозӣ ва пешниҳоди маълумотҳои аввала барои лоиҳакашии ҳамаи намудҳои иншоот;
- бо дархости мақомоти марбутаи меъмориву шаҳрсозӣ ва дар асоси шартнома бо фармоишгарон мувофиқи тартиби муқарраршуда омода намудани супоришҳои меъморию банақшагирӣ;
- таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ- харҷномавии сохтмон, азнавсозӣ, аз нав таҷҳизонидан, аз нав тарҳрезии иншооти сохтмони капиталӣ;
- пешбурди корҳои топографию геодезӣ, нусхабардории иҷроишӣ;
- иҷрои корҳо оид ба мувофиқасозии лоиҳа дар маҳал ва ҷойгиркунонии иншоот;
- таҳияи лоиҳаҳои мавзеъҳои ҳифзи ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва манзараҳои меъмории аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дошта, дизайни шаҳру ноҳия ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, лоиҳаҳои тармими муҷассамаҳои меъморӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ;
- таҳияи лоиҳаҳои ангорӣ ва лоиҳаҳои иншооти муваққатӣ, аз ҷумла иншооти хоҷагию маишӣ дар ҳудуди қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои шахсӣ, дар қитъаҳои заминҳои ҷамъиятҳои атрофи боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ, ободонии қисмҳои ҳудудҳои назди бино ё қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ;
- дар асоси шартнома бо ширкатҳои соҳибмулкони манзил амалӣ намудани азназаргузаронӣ ва таҳқиқи бино, ҳудуди он ва дар доираи қоидаву меъёрҳои амалкунандаи сохтмониву меъморӣ пешниҳод намудани тавсияҳо бобати имконияти ҷойгирнамоии иншооти нав, аз он ҷумла сохтмони сабук;
- таҳияи лоиҳаҳои дигаргунсозии (азнавтаҷҳизонии) биноҳои таъиноти ғайриистеҳсолӣ, ки дар биноҳои мавҷудбуда анҷом дода шуда, ивазкунии конструксияҳои борбардорро талаб намекунанд;
- таҳияи лоиҳаҳои шакли (иншооти) хурди меъморӣ, майдончаҳои кушодаи варзишӣ, роҳравҳо, сангфарш кардани атрофии биноҳо, лоиҳаҳои ороиши бадеӣ ва таҷҳизонии муҳит, дизайн ва рекламаи беруна;
- пешбурди назорати муаллифӣ дар сохтмон;
- дар асоси фармоиш - шартнома бо тартиби муқарраршуда омода намудани супориши меъморию банақшагирӣ;
- ташкил намудани намоиши лоиҳаҳои иншооти сохтмонӣ;
- бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон мусоидат намудан барои эҳё ва такмил додани мактаби миллии меъмориву лоиҳакашӣ;
- ба фармоишгарон расондани кӯмаки муздноки ташкилӣ, методӣ ва ғайра оид ба масоили меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ;
- бо тартиби муқарраргардида мусоидат намудан барои ташкил ва амалисозии кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги иншоотҳои фаъолияти шаҳрсозӣ;
- ба анҷом расонидани амалиёти воридотию содиротӣ ва фаъолияти дигари иқтисодии хориҷӣ;
- тавлиди маҳсулоти чопӣ ва интишори он, ба ин васила хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ;
- таҳияи шиносномаҳои рангубори биноҳои мавҷуда дар кӯчаҳои протоколии шаҳру ноҳияҳо ва ороиши гулгашту хиёбонҳо.

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»

Дар нимсолаи аввали соли 2015 КВД «Лоиҳакаш»-и Кумита аз ҳисоби таҳияи лоиҳаҳо, расонидани хизматрасонӣ дар соҳа ба маблағи 5863063 сомонӣ корҳоро ба сомон расонидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106%-ро дар бар мегирад.

Аз ҳисоби иҷрои кор ва расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ аз ҷониби корхона ва зерсохторҳои он ба буҷаи ҷумҳурӣ 1897293 сомонӣ ворид гардидааст.

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»
Султонзода Мирзо Султон,
Директори КВД «Лоиҳакаш»

l. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 №579 дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Корхона тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тобеи идоравии мақомоти ваколатдори давлатӣ – Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии корхона ва функсияҳои муассисии Корхонаро амалӣ месозад. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд муассис номида мешавад, аз тамоми ҳуқуқҳои муассисӣ, ба истиснои қабули қарорҳо оид ба азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ ва хусусигардонии корхона, инчунин ба гарав гузоштан ё тасарруф намудани амволи ғайриманқули он, бархурдор аст.

3. Оинномаи мазкур ҳуҷҷати таъсисии корхона ба ҳисоб рафта, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда дар қатори муайянсозии вазъи ҳуқуқии корхона, фаъолияти онро танзим менамояд, муносибати байни Корхона ва муассис, ҳамчунин маъмурият ва кормандонро дар мавриди баста шудани шартномаи меҳнатии коллективӣ муайян месозад.

4.Корхона тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», Низомномаи муассис бо мақсади мусоидат намудан барои таҳияи Нақшаҳои генералии воҳидҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои банақшагирии минтақавӣ, лоиҳаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳал, ҷобаҷогузорӣ, такмили фаъолияти лоиҳакашиву меъморӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ба мӯҳлати номуайян таъсис дода шудааст.

5. Номи пурраи Корхона бо забони давлатӣ - Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш», номи ихтисоршудааш КВД «Лоиҳакаш» мебошад.

6. Маҳалли ҷойгиршавии Корхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода 34 мебошад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»

ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ КОРХОНА

7. Корхона аз лаҳзаи бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудан, шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, дорои ҳуқуқҳои дахлдори амволӣ ва ғайриамволии шахсӣ ва субъекти дорои ҳуқуқҳои пурраи гражданӣ мегардад. Корхона ҳамчун субъекти мустақил дар муомилоти гражданӣ иштирок менамояд, ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва ҷавобгариро ба зимма дошта метавонад, дар суд ба сифати даъвогар ё ҷавобгар иштирок намояд.

8. Корхона шахси ҳуқуқӣ буда, номи фирмавӣ, амволи алоҳида, баланси мустақил, дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисобҳо, аз он ҷумла суратҳисоби асъорӣ, муҳри мудаввар бо Нишони давлатӣ, штамп, нишони бақайдгирифташудаи фирмавӣ, бланки фирмавӣ ва дигар аломатҳои ифодакунии фардикуноние, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, дорад.

9. Корхона аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шудан, таъсисёфта ҳисоб меёбад. Қобилияти ҳуқуқии Корхона аз лаҳзаи таъсиси он оғоз ёфта, дар лаҳзаи анҷоми барҳамдиҳии он бо ворид намудании маълумоти дахлдор ба Феҳристи давлатии ягонаи шахсони ҳуқуқӣ, қатъ мегардад.

10. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Корхонаро қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаву меъёрҳо, расмиёту стандартҳои меъморӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, қарорҳои муассис ва Онномаи мазкур ташкил медиҳанд ва тибқи онҳо Корхона амал менамояд.

11. Корхона мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти тиҷоратӣ мансуб буда, ҳуқуқи моликиятро нисбати амволи ба вай бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ вобасташударо надорад.

12. Корхона ҳамчун объекти ҳуқуқи моликияти давлатӣ ва муҷтамаи воҳиди хоҷагию амволии барои анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда ба шумор рафта, фаъолияти худро дар асоси худмаблағгузорӣ ва худмаблағтаъминкунӣ ба роҳ мемонад.

13. Шакли ташкили - ҳуқуқии Корхона мувофиқи талаботи моддаҳои 124 ва 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ муайян карда шудааст.

3. МАҚСАД, ВАЗИФАҲО ВА НАМУДИ

ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА

14. Мақсади Корхона ҳамчун ташкилоти тиҷоратӣ бо ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки талаботи ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд, ба даст овардани фоида ба ҳисоб меравад.

15. Самти асосии фаъолияти Корхона ин иҷрои кор ва расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашӣ ва дар ин васила тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қонеъ гардонидани талаботи субъектони муносибатҳо дар соҳаи меъморӣ, шахрсозӣ ва сохтмонӣ мебошад.

16. Баҳри амалисозии мақсад, самт ва вазифаҳои оинномавӣ, Корхона фаъолияти зеринро амалӣ месозад:

-омода намудани таклифу пешниҳодҳо бобати тасҳеҳи Нақшаи генералии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, иштирок дар таҳияи Нақшаи ташкили муҷтамаъ ва ҳудудии вохидҳои марзиву маъмурӣ, Нақшаи генералии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, Нақшаи генералии назоратӣ ва лоиҳаҳои шаҳрсозии банақшагирии муфассал, лоиҳаи банақшагирии минтақавӣ, нақшаҳои ҷойгиршавии коммуникатсияҳои муҳандисӣ, пайвастшавии роҳҳо, атласи коркарди геологӣ ва ғайра;

-таҳияи бахшҳои шаҳрсозии барномаҳои мақсадноки ҳудудӣ, тарҳу нақшаҳои рушди инфраструктураҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва шаҳрсозии мавзеъҳои аз дигар манбаъҳо маблағгузоришаванда;

-омодасозӣ ва ба мақомоти меъмориву шаҳрсозӣ пешниҳод намудани таклифҳои лоиҳавӣ бобати ҷойгиронии иншоотҳо, коммуникатсияҳои муҳандисиву накшаи наклиётӣ;

-омодасозӣ ва пешниҳоди маълумотҳои аввала барои лоиҳакашии ҳамаи намудҳои иншоотҳо;

-пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузори мешаванд, ҳамчунин бо тартиби муқарраршудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ ва лоиҳавӣ, ки аз ҳисоби дигар манбаҳои маблағгузорӣ таҳия мешаванд;

-бо дархости мақомоти марбутаи меъмориву шаҳрсозӣ ва дар асоси шартнома бо фармоишгарон мувофиқи тартиби муқарраршуда омода намудани супоришҳои меъморию банақшагирӣ;

-бо тартиби муқарраршудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаи тарафайн иҷрои корҳои тадқиқотӣ-муҳандисии биноҳо, иморатҳо, гузаронидани тадқиқотҳои пеш аз лоиҳавӣ ва озмунҳои лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ;

-таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии сохтмон, азнавсозӣ, азнав-таҷҳизонидан, азнавтарҳрезии иншоотҳои сохтмони капиталӣ;

-пешбурди корҳои топографии-геодезӣ, нусхабардории иҷроишӣ;

-иштирок тибқи тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳои аз ҷониби мақомоти марбутаи давлатӣ таъсисшуда доир ба азназаргузаронии (таҳқиқи) ҳолати иншоотҳо бо мақсади муайянсозии вазъи садамавии онҳо;

-дар асоси тартиби муқаррагардида иштирок намудан дар таҳияи меъёрҳои нархномавӣ ва нархгузории корҳои сохтмонӣ, аз он ҷумла корҳои барқароркунӣ, васлкунӣ ва ғайра, ки ба талаботи муносибатҳои бозоргони мувофиқанд;

-иҷрои корҳо оид ба мувофиқасозии лоиҳа дар маҳал (проект привязки на местности) ва ҷойгиронии иншоот (разбивка объекта на месте);

-таҳияи лоиҳаҳои мавзеъҳои ҳифзи ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва манзараҳои меъмории аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳалли дошта, дизайни шаҳру ноҳия ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, лоиҳаҳои тармими муҷассамаҳои меъморӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ;

-таҳияи лоиҳаи таҷдид (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ), ки вобаста ба тағйирдиҳӣ ва азнавдеворкунӣ, системаҳои муҳандисӣ ва таҷҳизоти иншооти мавҷуда, аз он ҷумла таҷдиди (дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ) биноҳои якошёнаи манзилӣ ё ғайриманзилӣ (қисме аз онҳо), ки бо тағйирдиҳӣ ва азнавдеворкунии сохторҳои асосӣ ва борбардори бино, системаҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти асосӣ) бино вобаста намебошанд;

-таҳияи лоиҳаҳои ангорӣ ва лоиҳаҳои иншооти муваққатӣ, аз ҷумла иншоотҳои хоҷагию маишӣ дар ҳудуди қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои шахсӣ, дар қитъаҳои заминҳои ҷамъиятҳои шарикии боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ, ободонии қисмҳои ҳудудҳои назди бино ё қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ;

-дар асоси шартнома бо ширкатҳои соҳибмулкони манзил амалӣ намудани азназаргузаронӣ ва таҳқиқи бино, ҳудуди он ва дар доираи қоидаву меъёрҳои амалкунандаи сохтмониву меъморӣ пешниҳод намудани тавсияҳо бобати имконияти ҷойгиронии иншоотҳои нав, аз он ҷумла сохтмони сабук;

-таҳияи лоиҳаҳои дигаргунсозии (азнавтаҷҳизонии) биноҳои таъиноти ғайриистеҳсолӣ, ки дар биноҳои мавҷудбуда анҷом дода шуда, ивазкунии конструксияҳои борбардорро талаб наменамоянд;

-таҳияи лоиҳаҳои шакли (иншооти) хурди меъморӣ, майдончаҳои кушодаи варзишӣ, роҳравҳо, сангфарш кардани атрофи биноҳо, лоиҳаҳои ороиши бадеӣ ва таҷҳизонии муҳит, дизайн ва рекламаи беруна;

-пешбурди назорати муаллифӣ дар сохтмон;

-таҳияи лоиҳаҳои вайрон кардани биноҳо ва ё муваққатан боздоштани сохтмони иншоотҳо;

-тибқи супориши мақомоти марбутаи меъмориву шаҳрсозӣ ба охирин пешниҳод намудани маълумотнома барои ба иншоот додани суроғаи сохтмонӣ ва почтавӣ, оид ба ҳолат ва бартараф намудани иншоотҳо тибқи Нақшаи генералии воҳиди марзиву маъмурӣ;

-дар асоси фармоиш/шартнома бо тартиби муқарраршуда омода намудани супориши меъморию банақшагирӣ;

-ташкили намоишҳо ва экспозитсияҳои лоиҳаҳои сохтмонӣ;

-мусоидат намудан барои эҳё ва такмил додани мактаби миллии меъмориву лоиҳакашӣ бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон;

-ба фармоишгарон расондани кӯмаки муздноки ташкилӣ, методӣ ва ғайра оид ба масоили меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ;

-бо тартиби муқарраргардида мусоидат намудан барои ташкил ва амалисозии кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинги иншоотҳои фаъолияти шаҳрсозӣ;

-ба анҷом расонидани амалиёти воридотию содиротӣ ва фаъолияти дигари иқтисодии хориҷӣ;

-тавлиди маҳсулоти чопӣ ва интишори он, хизматрасонии маркетингӣ, инжиниринг ва консалтинг дар соҳаи меъморӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ.

17. Барои фаъолияте, ки амалисозии он доштани иҷозатномаро (литсензияро) тақозо дорад, Корхона метавонад ин намуди фаъолиятро пас аз дастрас намудани иҷозатнома (литсензия) ба анҷом расонад.

18. Аз тарафи Корхона амалӣ намудани фаъолияте, ки ба намуд ва предмети пешбининамудаи Оиннома мувофиқ нест, мумкин аст танҳо баъди бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ба Оинномаи Корхона ворид намудани тағйиру иловаҳо, сурат гирад.

19. Аз тарафи Корхона содир намудани аҳди мухолифи мақсадҳои фаъолияти он, ки дар Оиннома муайян шудаанд, аз тарафи суд тибқи тартиби муқарранамудаи қонунгузорӣ метавонад беэътибор дониста шавад.

4. ҲУҚУҚ, ӮҲДАДОРӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ КОРХОНА

20. Корхона ҳангоми ба амал баровардани фаъолият аз ҳамаи ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор аст ва барои ин:

-бо тартиби муқаррарнамудаи қонун амволеро, ки ба вай бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ вобаста шудааст, соҳибӣ кунад ва истифода барад;

-барои ба даст овардани мақсадҳои оинномавии худ метавонад шартномаҳо (қарордодҳо) бандад, дигар амалҳои ҳуқуқиро анҷом диҳад, фаъолияти ҷорӣ ва ояндаро мустаъқилона ташкил намояд;

-тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ қарзҳо гирад ва фаъолияти иқтисодии беруниро ба амал барорад. Зимнан даромади асъорӣ, ки баъди пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатми дар ихтиёри Корхона боқи мемонад, аз ҷониби он мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ истифода мегардад;

-дар муассисаҳои бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мутобиқи қонунгузорӣ суратҳисобҳо, аз он ҷумла суратҳисоби асъорӣ ва дигар суратҳисобҳо кушояд;

-барои ҷалб намудани даромадҳои иловагӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок, бо мақсади хариди онҳо иштирок намояд, маблағҳои озоди молиявиро ба депозити муассисаҳои бонкӣ гузаронад;

-бо тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали мақомоти давлатӣ, аз ҷумла амалҳое, ки бо гирифтани фоидаи Корхона, азнавтақсимкунии амвол, ҷойгир намудани супоришҳои давлатӣ, муқаррар кардани нарх ба молҳо, кор, хизматрасониҳое, ки Корхона ба ҷо меоварад, алоқаманданд, инчунин аз дигар амалҳое, ки ҳуқуқи Корхонаро вайрон мекунанд, ба суд шикоят кунад;

-тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) муттаҳид шавад;

-маблағҳои молиявӣ, объектҳои моликияти зеҳнӣ, амвол ва ҳуқуқҳои амволии ҷудогонаи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ дар асосӣ шартномаҳо ҷалб ва истифода намояд;

-мустаъқилона барномаи фаъолияти молиявӣ-хоҷагидориро тартиб диҳад, таҳвилгарон ва харидорони маҳсулоти худро интихоб намояд, нархи маҳсулотро дар ҳудудҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ва шартномаҳо муқаррар намояд.

-дар намоишҳо, биржаҳо, тендер ва озмунҳои аз ҷониби шахсони ҳуқуқиву соҳибкорони инфиродӣ ташкилшуда, иштирок намояд;

-воридот ва содироти маводу маснуот ва таҷҳизоту хизматрасониҳоро барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худ, амалӣ созад;

-дигар амалҳоро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, анҷом диҳад.

Ҳуқуқҳои Корхона мумкин аст танҳо дар ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи қонун маҳдуд карда шавад.

21. Корхона ӯҳдадор аст:

-фоиданокии иҷрои кор ва хизматрасониро таъмин намояд;

-барои кормандони худ шароити бехатарии меҳнатро муҳайё созад ва бо тартиби муқарраршуда товони зараре, ки ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатии онҳо расонда шудааст, ҷуброн намояд;

-ҳисоботи фаврӣ ва муҳосибии натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иқтисодӣ, ҳуҷҷатҳои оморӣ ва муҳосибиро мутобиқи стандартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории баҳисобгирии муҳосибавӣ, пеш барад;

-нигоҳдошти амвол ва истифодаи самараноку оқилонаи онҳоро таъмин намояд;

-дар фаъолияти худ талаботи қонунгузории амалкунандаро риоя намояд, ӯҳдадориҳои шартномавӣ, меъёрҳои муқарраршудаи мабалғҷудокунӣ аз даромадҳоро софдилона иҷро намояд, сари вақт пардохт намудани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро таъмин созад, истифодабарии оқилонаву мақсадноки грантҳоро ба анҷом расонад ва барои ташкили қарзҳои кредиториву дебиторӣ, аз он ҷумла ба қарзи музди меҳнат роҳ надиҳад;

-бо фаъолияти манъбудаи дар Оинномаи мазкур пешбининашуда, ки гирифтани иҷозатномаи дахлдорро тақозо дорад, машғул нашавад, вагарна дар мавриди вайрон кардани ин талабот даромаде, ки Корхона аз фаъолияти манъшудаи дар Оиннома пешбининашуда гирифтааст ва барои ин аз мақоми ваколатдор иҷозатнома надорад, инчунин даромаде, ки дар натиҷаи баланд кардани нархҳои муқарраршудаи фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба даст омадааст, тибқи қонунгузорӣ мусодира карда мешавад;

-ӯҳдадориҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва шахсони дигари қобилияти кориашон маҳдудро, аз он ҷумла занони ҳомиладор ё кӯдаки ширмак доштаро. ки қонун муқаррар кардааст, иҷро намояд.

-дар бобати даромадҳои Корхона саривақт эъломия пешниход намояд, асъори дар ихтиёраш боқимондаро дар мутобиқат ва бо тартиби пешбиникардаи қонунгузорӣ дар бораи танзим ва назорати асъор истифода барад;

-зарари барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарии истеҳсолот, меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, талаботи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва истеъмолкунандагони маҳсулот расидаро, ҷуброн намояд.

22. Корхона ӯҳдадор аст, ки бидуни розигии муассис набояд шаклҳои зерини фаъолияти соҳибкориро анҷом диҳад:

-биною иншоот, таҷҳизот ва дигар фондҳои асосии Корхонаро фурӯшад ё ба ихтиёри дигар ашхос супорад, иваз намояд, ба иҷораи дарозмуддат (беш аз се сол) ё муваққатан ба истифодаи бепул диҳад;

-филиалҳо ва корхонаҳои фаръи созад, якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳо ва истеҳсолоти муштарак таъсис диҳад, сармояи истеҳсолӣ ва пулии худро дар онҳо гузорад;

-ба соҳибкорони инфиродӣ қарз диҳад, ки фоизи он аз андозаи фоизи кредити тасдиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон поёнтар бошад.

23. Корхона тибқи шартҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузориву шартномаҳои басташуда ҷавобгар аст. Корхона барои ӯҳдадориҳои худ бо тамоми амволи ба вай тааллуқдошта ҷавобгар мебошад. Муассис барои ӯҳдадориҳои Корхона ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории гражданӣ муайян намудааст, масъул намебошад. Корхона барои ӯҳдадориҳои Муассис ҷавобгар нест.

5. АМВОЛ, ФОНДИ ОИННОМАВӢ
ВА ФОИДАИ КОРХОНА

24. Корхона тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳамчун комплекси амволи ғайриманқул ва объекти ҳуқуқии моликияти давлатӣ буда, ба таркиби он ҳамаи намудҳои амволи барои фаъолияти он таъиншуда, аз ҷумла бино, иншоот, таҷҳизот, асбоб, маҳсулот ва ғайра, ҳамчунин ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ҳуқуқи талаб кардани қарз, ҳуқуқи ифодакунии фардикунонии фаъолияти он (яъне номи он, нишони мол), инчунин дигар ҳуқуқҳо шомиланд. Корхона ҳамчун комплекси ягонаи амволӣ мумкин аст танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳде, ки охирин мебандад, ба гарав гузошта шавад. Амволи Корхона бояд дар баланси он инъикос ёфта бошад ва онҳо объекти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорианд, ба шарте агар қонунҳо тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

25. Амволи Корхона ба моликияти ҷумҳуриявӣ дар шахси молики комилҳуқуқ - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст. Корхона амволи бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидори вобасташударо дар доираи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонҳои давлатӣ» ва Оинномаи мазкур соҳиби менамояд, истифода мебарад ва ихтиёрдорӣ мекунад. Амволи Корхона тақсимнашаванда аст ва наметавонад аз рӯи саҳмҳо (ҳиссаҳо, пайҳо), аз ҷумла ба кормандони Корхона, дода шавад.

Амволи Корхона аз ин ҳисоб ташкил меёбад:

а) амволи аз тарафи муассис додашуда;

б) амволи (аз ҷумла даромади пулии) дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ба дастомада;

в) аз ҳисоби дигар манбаъҳо, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

26. Ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба молу мулке, ки мавриди таъсисёбии Корхона дода мешавад, аз лаҳзаи ба баланси Корхона гузаронидани он, пайдо мешавад. Зимнан самара, маҳсулот ва даромад аз истифодаи молу мулк, ки Корхона мутобиқи шартнома ё дар асосҳои дигар ба даст овардааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо ба хоҷагидории Корхона дохил мешавад.

27. Муассис молу мулки таҳти пешбурди хоҷагидори қарордоштаро, ҳамчунин мувофиқи мақсад истифода ва ҳифз намудани амволи Корхонаро бояд ба таври доимӣ таҳти назорат қарор диҳад.

28. Мавриди таъсисёбии Корхона андозаи фонди Оинномавии он 17500 (ҳабдаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ баробари андозаи панҷсадкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, то бақайдгирии давлатии Корхона аз ҷониби муассис ба пуррагӣ ташкил шудааст.

29. Агар баъди анҷоми соли молиявӣ арзиши активҳои софи Корхона аз андозаи фонди Оинномавӣ камтар шавад муассис ӯҳдадор аст, ки тибқи тартиби муқарраргардида Фонди оинномавиро кам кунад. Дар сурати қабул намудани қарори кам кардани Фонди оинномавӣ, Корхона бояд дар ин хусус фавран кредиторони худро тариқи хаттӣ огоҳ созад.

30. Дар Корхона ба андозаи на камтар аз 15% маблағи фоидаи соф Фонди захиравӣ ташкил карда мешавад. Маблағи умумии Фонди захиравӣ набояд аз сеяки андозаи Фонди оинномавии Корхона зиёд бошад ва он танҳо барои пӯшонидани зарар, иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷет, пардохти қарзҳои бонкӣ ва фоизи онҳо, дар мавридҳои нокифоягии дигар маблағҳои Корхона истифода мешавад. Барои васеъ намудани фаъолияти оинномавии Корхона, беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони он ва дигар мақсадҳое, ки ба қонунгузории ҷорӣ мухолиф нестанд, дар Корхона мумкин аст дар қатори Фонди рушди истеҳсолот ва Фонди музди меҳнат бо розигии муассис дигар фондҳо низ ташкил карда шаванд.

31. Корхона фаъолияти молиявию хоҷагии худро мустаъқилона ба нақша гирифта, кору хизматрасониҳоро амали менамояд, дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоиро дар асоси талабот ба кор ва хизматрасониҳо, рақобатпазирии онҳо ва зарурати рушди Корхона, баланд бардоштани шароити меҳнат ва зисти кормандон муайян месозад. Шартномаҳое, ки бо истеъмолкунандагони (харидорони) маҳсулот, кору хизматрасонӣ, аз ҷумла бо мақомоти давлатӣ ва таҳвилгарони захираҳои моддию техникӣ баста шудаанд, заминаи нақшаҳо мебошанд. Фаъолияти Корхона аз ҳисоби даромади худ маблағгузорӣ мегардад. Манбаи ташаккули захираҳои молиявии Корхона аз фоида, маблағҳои истеҳсолӣ, қарзҳо, инчунин даромад аз фурӯши молу мавод ва объектҳои моликияти зеҳнӣ ва манбаъҳои дигаре, ки мухолифи қонун нестанд, иборат аст.

32. Нархи моле (кор, хизматрасони), ки Корхона истеҳсол менамояд, вобаста ба талабот ва таклифот ба онҳо бояд хароҷоти ба истеҳсоли он сарфшударо ба пуррагӣ пӯшонад ва фаъолияти безарарии онро таъмин намояд. Корхона мол, кору хизматрасонии худро бо нарх ва тарифи мустаъқилона ё дар асоси шартномаи муқарраршаванда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бошад бо нархҳои таъину танзимшудаи давлатӣ ба фурӯш мебарорад.

33. Дар мавридҳои истиснои фаъолияти Корхона мумкин аст ба шарте, ки агар онро қонунгузорӣ пешбини намуда бошад, аз ҷониби муассис маблағгузорӣ карда шавад.

34. Фоидае, ки Корхона баъди пардохти андозҳо ба даст медарорад, аз ҷониби вай бо тартиби пешбининамудаи Оинномаи мазкур мустаъқилона тақсим карда мешавад.

35. Корхона маълумоти дорои сирри тиҷоратиро танҳо ба муассис ва дар мавридҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод менамояд. Руйхати маълумотҳое, ки сирри тиҷоратиро доранд аз ҷониби директори Корхона муайян ва тасдиқ карда мешавад.

6. МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ

36. Корхона интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро мустаъқилона ва дар мавридҳои лозимӣ дар мувофиқа бо муассис амалӣ менамояд. Корхона метавонад мутахассисонро дар асоси озмун ба кор қабул намояд.

37. Корхона ҳуқуқ дорад барои кормандон рухсатиҳои иловагӣ, рӯзи кӯтоҳи кор ва дигар имтиёзҳоро мувофиқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи меҳнатии коллективӣ муқаррар намояд. Муносибатҳои меҳнатии кормандон дар асоси қарордодҳо ва шартномаҳои меҳнатӣ мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

38. Андозаи фонди музди меҳнати Корхона аз ҷониби директор дар мувофиқа бо муассис муқаррар карда мешавад.

39. Шаклҳои пардохти музди меҳнат, рӯйхати мансабҳо, ҷадвалҳои штатӣ, андозаи маошҳои мансабӣ, системаи мукофотонӣ ва дигар подошҳоро Корхона мустаъқилона муайян мекунад. Корхона пардохти музди меҳнат, шароити меҳнат ва тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии кормандони худро таъмин менамояд.

40. Андозаи маошҳои мансабии директори Корхона, муовинони ӯ ва сармуҳосиб, системаи мукофотонии онҳо ё дигар подошҳо аз ҷониби муассис муқаррар карда мешавад.

41. Музди меҳнати ҳар корманд мутобиқи шартномаи меҳнатӣ ё қарордоди меҳнатии бо ӯ басташуда пардохт карда мешавад. Андозаи музди меҳнати кормандони Корхона набояд аз маоши ҳадди ақали дар ҷумҳурӣ муқарраршуда кам бошад ва андозаи ниҳоии он маҳдуд карда намешавад.

42. Дар Корхона, беҳбудӣ бахшидан ба шароити меҳнат, суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ ва тиббӣ, инчунин дигар намудҳои таъминоти иҷтимоии кормандони Корхона тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

43. Дигар муносибатҳои маъмурияти Корхона ва кормандон тавассути Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои коллективӣ (созишномаҳо) ва қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ сурат мегирад.

44. Дар Корхона тартиб ва реҷаи корӣ тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Корхона бо тартиби пешбиникардаи қонунгузорӣ омодасозӣ ва бозомузии кадрҳоро таъмин менамояд.

7. ИДОРАКУНИИ КОРХОНА

45. Мақоми олии идоракунии Корхона муассиси он мебошад, ки мувофиқи салоҳияти худ:

-Оинномаи Корхонаро тасдиқ менамояд, онро тағйир медиҳад, Корхонаро бо фонди оинномавӣ таъмин ва андозаи онро тағйир медиҳад;

-директори Корхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, барои таъин ва озод намудани муовинони директор розигӣ медиҳад;

-супоришҳои давлатиро ба маълумоти Корхона мерасонад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

-бо пешниҳоди Корхона нақшаи молиявии фаъолият ва тақсимоти меъёрии фоидаи софи дар ихтиёри Корхона боқимондаро тасдиқ менамояд;

-масъалаҳои дигари тибқи қонунгузорӣ, дигар асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба салоҳияти ӯ гузошташударо ҳаллу фасл менамояд.

Муассис метавонад дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор бобати азнавташкилидиҳӣ ё барҳамдиҳии Корхонаро қабул намояд.

46. Мақоми иҷроияи Корхона маъмурият мебошад, ки ба он директори Корхона сарварӣ менамояд. Муносибати меҳнатӣ бо директори Корхона тавассути шартномае, ки бо муассис ба имзо расонида мешавад, сурат мегирад. Дар шартнома ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти директори Корхона, шарту шароитҳои меҳнатии ӯ, истироҳат ва таъминоти моддӣ, мӯҳлати қарордод, дигар шартҳое, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, бояд муайян гардад.

Директори Корхона дар асоси принсипҳои яккасардорӣ амал карда ҳамаи масъалаҳои фаъолияти Корхонаро мутобиқи салоҳияташ, ки қонунгузории амалкунанда, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур пешбинӣ намудаанд, мустаъқилона ҳаллу фасл намуда, дар назди муассис барои ҳамаи ҳолатҳои фаъолияти Корхона ва истифодаи мақсадноки амволи бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ вобасташуда, шахсан ҷавобгар мебошад. Директори Корхона бе ваколатнома аз номи Корхона амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ намояндагӣ менамояд, шартномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад ва дигар аҳду амалҳое, ки мухолифи қонунгузорӣ нестанд, анҷом медиҳад.

47. Ба салоҳияти директори Корхона инҳо мансубанд:

-ташкили кор ва роҳбарии умумӣ ба тамоми фаъолияти Корхона;

-ба муассис дар бораи фаъолияти Корхона мунтазам ҳисобот додан;

-барои тасдиқ ба муассис пешниҳод намудани лоиҳаҳо, барномаҳо ва нақшаҳои Корхона;

-тасдиқи шакл, низом ва андозаҳои музди меҳнат, руйхати мансабҳои коргарон, ҷадвали штатӣ ва хароҷотномаи Корхона бо тартиби муқарраргардида;

-ба кор қабул кардан ва аз кор озод намудани кормандон;

-ихтиёрдории амвол ва маблағҳои Корхона мутобиқи муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ;

-имзо намудани ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагӣ;

-дар муассисаҳои бонкӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, асъорӣ ва дигар ҳисобномаҳо;

-баррасии пешакии ҳисоботҳои Корхона, ки ба Муассис пешниҳод мешаванд;

-ба муассис барои мувофиқа пешниҳод намудани номзадии муовинони директори Корхона.

Директор ҳуқуқ надорад, ки бобати тасарруфи Корхона ҳамчун комплекси амволӣ ё хусусигардонии он, ба гарав гузоштани амволи ғайриманқул, қарор қабул кунад ё дигар чораҳоро татбиқ намояд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»

8. БА ҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТ, НАЗОРАТИ МОЛИЯВӢ

48. Корхона бо тартибе, ки қонунгузорӣ барои корхонаҳои давлатӣ муқаррар намудааст, баҳисобгирии муҳосибавӣ, ҳисоботи молиявӣ ва омориро пеш мебарад ва барои эътиборнокии он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

49. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи Корхона мумкин аст мувофиқи стандартҳои муҳосибии байналхалқӣ, дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ва шартномаю созишномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

50. Барои таҳрифи ҳисоботи давлатӣ шахсони мансабдори Корхона масъулияти шахсиро доранд.

51. Назорати молиявии Корхона, аз он ҷумла аудит тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти марбутаи давлатӣ ба роҳ монда мешад.

52. Корхона ҳуқуқ дорад, ки бо натиҷаҳои ҳама намуди санҷишу тафтишоти Корхона, ки аз ҷониби мақомоту сохторҳои марбутаи давлатӣ сурат мегирад, шинос шавад.

53. Маълумоте, ки сирри давлатиро дорад ба мақомоти марбутаи давлатӣ ва муассис тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

9. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ КОРХОНА

54. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Корхона бо қарори муассис, ки дар асоси қарори марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад ё қарори суд, дар ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур сурат мегирад. Дар ҳолати азнавташкилдиҳии Корхона ҳуҷҷатҳо бо тартиби муайяншуда ба вориси ҳуқуқии он дода мешаванд.

55. Амволи боқимондаи Корхонаи барҳамдодашуда, ки баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторҳо ба миён омадааст, бо салоҳдиди муассис ихтиёрдорӣ карда мешавад. Маблағҳои боқимондаи молиявии Корхонаи барҳамдодашуда, аз ҷумла маблағҳои дар натиҷаи фурӯши амволи ин Корхона бадастомада, баъди қонеъ кардани талаботи кредиторҳо, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда мешаванд.

56. Ҳангоми барҳам додани Корхона ҳуҷҷатҳои нигоҳдории доимӣ ва ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти таърихӣ ва ё мудофиавӣ дошта, ҳамчунин оид ба ҳайати шахсӣ бо тартиби муқарраргардида ба бойгонии давлатӣ супорида мешавад.

10. ТАРТИБИ ВОРИД КАРДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ОИННОМАИ КОРХОНА

57. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Оиннома бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Тағйиру иловаҳо бо қарори муассис тасдиқ карда мешаванд.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво