Окимбекова Зӯҳро Фозилбековна

Окимбекова Зӯҳро Фозилбековна

Окимбекова Зӯҳро Фозилбековна

Окимбекова Зӯҳро Фозилбековна 5-уми июни соли 1959 дар шаҳри Хоруғи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1982 Институти политехникии Тоҷикистон ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Соли 1981 бо медали «Барои меҳнати шоён» сарфароз гардид.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

Фаъолияти кориашро аз соли 1982 оғоз намуда, то соли 1983 ҳамчун молшиноси калони трести «Душанберемстрой» фаъолият кардааст.

Солҳои 1983 то соли 1995 ба ҳайси муҳандис дар шӯъбаи истеҳсолӣ-техникии Калоннаи сайёри механиконидашудаи №148 трести «Помирстрой» кор кардааст.

Соли 1995 мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Хоруғ таъин шуда, то соли 1998 дар ин вазифа кор кардааст.

Аз соли 1998 то соли 1999 вазифаи муовини Раиси шаҳри Хоруғро бар ӯҳда дошт.

Солҳои 1999-2001 ҳамчун мушовир дар ташкилоти ТАСИФ-и шаҳри Хоруғ кор кардааст.

Аз соли 2001 то соли 2004 вазифаи муовини мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бар ӯҳда дошт.

Солҳои 2004-2006 ба ҳайси ассистенти менеҷери Барномаи идоракунии Хазинаи Оғо Хон фаъолият кардааст.

Аз соли 2006 то соли 2007 дар вазифаи ҳамоҳангсози комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқии вилоят дар шаҳри Хоруғ кор кардааст.

Аз моҳи феврал то моҳи июни соли 2007 ба ҳайси муовини мудири шӯъбаи техникии Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Соли 2007 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо таъин шуда, то соли 2009 дар ин вазифа кор кардааст.

Аз соли 2009 то соли 2013 ба ҳайси Муовини Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Аз моҳи декабри соли 2013 то ҳол дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво