Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»

Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар», ки корхонаи зертобеъи Раёсати экспертизаи давлатӣ мебошад, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №654 таъсис дода шудааст ва дар асоси Оиннома, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №001-4525 аз 23 январи соли 2008 ба қайд гирифта шудааст, амал менамояд.

КВД «Ташхисгар» 58 воҳиди корӣ тибқи басти вазифаҳо, ки соли 2015 тасдиқ шудааст аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода мешавад.

Аз ин сабаб, ки Раёсат аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад, кормандони он хизматчии давлатӣ ба ҳисоб мераванд ва ҳуқуқи расондани хизмати пулакиро надоранд ва маблағҳои корҳои экспертӣ ба суратҳисоби КВД «Ташхисгар», ки корхонаи тобеи Раёсат мебошад, ирсол мегардад.

Инчунин 55 нафар корманди ғайриштатӣ кор мекунад, ки маошашон аз меъёри кории онҳо мебошад.

Ҳамаи экспертон, ки ташхиси лоиҳаҳо, нақшаи лоиҳаи корӣ дида мебароянд, имзо ва мӯҳри худашро доранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Раёсат ва КВД «Ташхисгар» коргузорӣ бо дигар корхонаю ташкилотҳо ва инчунин таҳия ва хулосаҳои экспертӣ пурра ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба ҳамаи лоиҳаҳои сохтмонӣ ба экспертиза пешниҳодшаванда рақамҳои рамзӣ монда, дар китоби умумии оморӣ қайд карда мешаванд.

Тибқи Оинномаи КВД «Ташхисгар» лоиҳаҳои хулосаҳои экспертиро барои тасдиқ ба Раёсати экспертизаи давлатӣ баъди барассии ҳамаҷониба пешниҳод менамоянд.

Ҳуқуқу вазифаҳои Шӯъбаи харҷномаҳо аз Низомномаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, Оинномаи КВД «Ташхисгар» сарчашма гирифта, бо низомномаи мазкур мушахас гардонида мешаванд.

Шӯъба барои таъмини ӯҳдадориҳои низомномавии худ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

а) ташхиси лоиҳаҳои сохтмониеро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз манбаи маблағгузорӣ, шакли моликият ва мансубияти идоравӣ амалӣ мегарданд, ба роҳ мемонад;

б) ба лоиҳаҳо ё фасли алоҳидаи ташхиснамудаи худ лоиҳаи хулосаи ҷузъӣ ё ҷамъбастии экспертӣ омода месозад;

в) риоя шудани сиёсати инвеститсионии давлатро дар лоиҳаҳои сохтмонӣ месанҷад;

г) санҷиши амиқ ва ҳаматарафа асосноки харҷномаҳои лоиҳаи сохтмони иншоотеро, ки дорои аҳамияти муҳими давлатӣ мебошанд ё эъмори онҳо бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ пешбинӣ шудааст, ба роҳ мемонад;

д) ба баланд бардоштани сатҳи маърифати меъморию тарҳрезии шаҳрсозӣ мусоидат мекунад;

е) риояи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи сохтмонро дар лоиҳаҳои ташхисшаванда месанҷад;

ё) мувофиқ ва муфид будани истифодабарии технология, таҷҳизот, масолеҳ ва конструксияҳои воридотиро дар эъмори иншооти ба нақшагирифташуда месанҷад;

ж) дурустии ҳаҷми корҳои дар харҷномаҳо аз лоиҳаҳои корӣ ва санадҳои нуқсонӣ қабулшударо месанҷад.

Барои таъмини иҷрои вазифаҳои низомномавии худ шӯъба ҳуқуқ дорад:

а) лоиҳаҳои сохтмониро барои ташхис ва омода намудани лоиҳаи хулоса бо тартиби мавҷуда қабул намояд;

б) оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои дар харҷномаҳо роҳёфта ё барои коркарди иловагӣ баргардонидани қисми харҷномавии лоиҳаҳо дар назди роҳбари корхона ва ё Раёсати экспертизаи давлатӣ таклифҳо пешниҳо намояд;

в) барои ба кор ҷалб намудани экспертҳои ғайриштатӣ таклифҳо пешниҳод кунад;

г) оиди такмил додани корҳои лоиҳакашию таҳрезӣ таклифу пешниҳодҳо намояд, машварат диҳад, ҷамъ ва таҳлили иттилоотро ба ҷо орад;

д) андозаи харҷи маблағҳои дар ҳарҷномаи (смета) лоиҳаҳои сохтмон пешбинишударо мувофиқи меъёрҳои мавҷуда асоснок кам кунад.

Кормандони Раёсати экспертизаи давлатӣ ба тариқи озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ дар ваколати Кумитаи меъморӣ ва сохмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин карда мешавад. Тибқи талаботи тахассусӣ бояд маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ дар Институти лоиҳакашӣ дошта бошанд. Ҳамчунин кормандони КВД «Ташхисгар» ба тариқи озмуни дохилии Раёсат ба кор қабул карда мешавад. Дар Раёсат экспертҳои ғайриштатӣ кор мекунанд, ки собиқаи кории муайян доранд.

АБДУРАҲМОНОВ Абдусалом Исмоилович [85.78 Kb] (cкачиваний: 2)
аз августи соли 2015 дар вазифаи мутахассис (намоянда)–и шӯъбаи ташхиси лоиҳаҳо оид ба тобеъи ҷумҳурии Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

АМИНОВ Хуршед Баракатович [58.93 Kb] (cкачиваний: 2)
аз августи соли 2011дар вазифаи сармутахассиси Шӯъбаи ташхиси иншоотҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва гидроэнергетикӣ доштаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

ЁРОВ Зафар Абдуллоевич [79.2 Kb] (cкачиваний: 1)
аз октябри соли 2015 дар вазифаи сармутахассиси Шӯъбаи ташхиси лоиҳаҳо оид ба вилояти Хатлони Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

ИМОМҚУЛОВ Ясор Барзуевич [106.06 Kb] (cкачиваний: 1)
аз марти соли 2014 дар вазифаи мутахассис (намоянда) оид ба вилояти Мухтори Бадахшони Куҳии Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ адои хизмат дорад.

ҚАРШИЕВ Умар Улаевич [69.85 Kb] (cкачиваний: 1)
аз июли соли 2014 дар вазифаи Сардори шӯъбаи ташхиси лоиҳаҳо оид ба вилояти Хатлони КВД «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

ҚОДИРЗОДА Сунатулло Алимардон [65.43 Kb] (cкачиваний: 1)
аз ноябри соли 2015 дар вазифаи мутахассис (намоянда)-и Шӯъбаи ташхиси лоиҳаҳо оид ба вилояти Хатлони Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ адои хизмат дорад.

МАНСУРОВ Эргаш Узоқович [57.79 Kb] (cкачиваний: 1)
аз феврали соли 2008 дар вазифаи Сармутахассиси Шӯъбаи харҷномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

МАҲМУДОВ Лутфулло Ҳайбуллоевич [67.34 Kb] (cкачиваний: 2)
аз июли соли 2014 дар вазифаи Сардори шӯъбаи ташхиси лоиҳаҳо оид ба ВМКБ-и КВД «Ташхисгар»- и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

МУСОЕВ Комрон Каримович [42.25 Kb] (cкачиваний: 2)
аз ноябри соли 2015 дар вазифаи и.в Сардори шӯъба, Сармеъмори шӯъба ташхиси лоиҳаҳо оид ба шаҳри Душанбеи Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

ҲОМИДОВ Дилшод Шарифович [56.85 Kb] (cкачиваний: 3)
аз октябри соли 2015 дар вазифаи Сарконструктор-сардори шӯъбаи ташхисиси иншоотҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва гидроэнергетикӣ доштаи КВД «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ адои хизмат дорад.

РАҶАБАЕВ Даврон Нормамадович [43.88 Kb] (cкачиваний: 1)
аз феврали соли 2008 дар вазифаи Сардори шӯъбаи ташхис оид ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии КВД «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

ЭМОМОВ Алишер Ёфтуллоевич [66.56 Kb] (cкачиваний: 1)
аз августи соли 2013 дар вазифаи мутахассиси пешбари Шӯъбаи ташхиси иншоотҳои аҳамияти ҷумҳурияви ва гидроэнергетики доштаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

ИМОМОВА Юлдуз Назаровна [56.36 Kb] (cкачиваний: 3)
аз марти соли 2011 дар вазифаи мутахассиси пешбари Шӯъбаи харҷномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайрии доравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

АМОНҚУЛОВА Бунафша Муртазоқуловна [73.98 Kb] (cкачиваний: 5)
аз январи соли 2015 дар вазифаи мутахассиси пешбари Шӯъбаи харҷномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор мекунад.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво