10 декабр 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Таъйиноти кадрӣ дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

33
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.

Ҳамин тавр сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иваз карда шуданд.

Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ ва Муъминободи вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъйин гардиданд.

Сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои №1 ва 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд низ иваз карда шуданд.

Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат, шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсия”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи раёсати вазорат дар нақлиёт таъйин гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин таъкид карданд, ки бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуданд.

Таъиноти кадрӣ дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.12.2018







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво