Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз истеъдоди Ёсуман ва Манижа, ки дар озмуни шабакаи телевизионии «Россия-1» ғолиб омаданд, изҳори таҳсин ва таҳният намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими баъди азнавсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз истеъдоди Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева, ки дар озмуни «Кӯдакони нобиға» ( “GeniusKid-2017”)-и шабакаи телевизионии «Россия-1» ғалаба ба даст оварданд, изҳори таҳсин ва таҳният намуданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз истеъдоди Ёсуман ва Манижа, ки дар озмуни шабакаи телевизионии «Россия-1» ғолиб омаданд, изҳори таҳсин ва таҳният намуданд
Пешвои миллат дар ин маросим аз боби ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ ҳарф зада, ғалабаи Ёсуман ва Манижаро дар чунин озмуни байналмилалӣ боиси ифтихор номиданд.

Хотиррасон менамоем, ки Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева дар озмуни «Кӯдакони нобиға», ки рӯзи 3-юми ноябр дар Москва оғоз ёфт, дар байни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввалро соҳиб шуданд. Ин ду духтари навраси тоҷик баъди намоиши истеъдодашон дар телевизиони давлатии Русия ба чеҳраҳои маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтанд.
Ёсуман ва Манижа дар озмун истеъдоди фавқуллодаи худро нишон дода, ғалаба ба даст оварданд. Бар иловаи ҷоизаҳои моддие, ки ғолибони озмун мегиранд, Манижа барои ширкат дар марҳилаи баъдии озмуни “Арифметикаи зеҳнӣ” роҳхат гирифт, ки қарор аст, моҳи декабри имсол дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шавад.
Ёсуман ва Манижа охири моҳи октябр дар ду барномаи “Одамони ғайиоддӣ” дар шабакаи телевизионии Россия-1 ширкат карданд ва бо истеъдоди худ мухлисони барномаро дар ҳайрат гузоштанд.

Манижа Тошболтаева дар ин барнома суръати мошини дар ҳоли ҳаракатро мушаххас гуфт ва бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқуллода доварони барномаро шигифтазада кард: дар муддати ду дақиқа камтар 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард ва ҷавоби дуруст дод.

Ёсуман Исмонзода хонандаи синфи 9 -и Литсейи равияи табиии риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Бо бародараш Абубакр Исмонзода дар чандин олимпиада ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳо гардидааст. Ҳарду дар Маркази таълимии Академияи арифметикаи зеҳнӣ ҳам таҳсил мекунанд.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво