25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Коршинос аз Германия ба ислоҳот ва имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

701
Коршиноси соҳаи сайёҳӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Германия Курт Ҳайнт Рейтс дирӯз зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба ислоҳот ва имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, дар татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳамкорӣ намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Ширин Амонзода меҳмонро бо сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сайёҳӣ ҳамчун самти ояндадори иқтисоди миллӣ маълумот дод. Зикр намуд, ки Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, нақшаҳои амали он фарогири масоили рушди сайёҳӣ мебошанд.

Курт Ҳайнт Рейтс таҷрибаи бисёрҷанбаи соҳавии рушди муваффақонаи сайёҳӣ дар кишварҳои Мексика (эко-туризм), Булғористон (омодасозии мутахассисон), Ӯзбекистон (коркарди маҳсулоти сайёҳӣ), Лаос (беҳтаргардонии сайёҳӣ ва маркетинг), Қирғизистон ва Гурҷистон дорад.

Айни замон коршиноси немис бо даъвати ширкати сайёҳии ватанӣ “Go Travel Tajikistan” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Интизор меравад, ки дар доираи сафари кории коршиноси немис бо иштироки донишҷӯёни бахшҳои сайёҳии мактабҳои олии мамлакат, туроператорон ва доираҳои соҳибкорӣ силсиламулоқот анҷом дода шаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво