19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҳисор ширкати сайёҳии «Hisor Travel» ба фаъолият оғоз намуд

424
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ҳисор ширкати сайёҳии «Hisor Travel» ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА. Ин дар ҳолест, ки соли сипаригардида аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин шаҳри бостонӣ 82 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан намуда, бо ёдгориҳои таърихию меъмории он аз наздик шинос гардиданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма 11 феврал изҳор намуд, ки танҳо соли 2019 аз Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, ки бо номи «Қалъаи Ҳисор» машҳур аст, зиёда аз 40 ҳазор нафар меҳмонон боздид намуданд, ки аз ин 8 ҳазор нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Раиси шаҳри Ҳисор зикр кард, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати рушди сайёҳии экологӣ дар шаҳри Ҳисор хатсайри нави сайёҳии табиии экологӣ-таърихию фарҳангӣ дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо таъсис дода шуд. Инчунин солҳои охир боздиди сайёҳони хориҷӣ аз мавзеъҳои зебоманзари шаҳр меафзояд. Танҳо соли гузашта аз дараи Алмосӣ ва Хонақоҳи Кӯҳӣ бештар аз 50 нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намудаанд.

Дар нишасти хабарӣ Раиси шаҳри Ҳисор гуфт, ки бо дарназардошти муаррифии таъриху тамаддуни Ҳисор ба ҷаҳонгардон ва меҳмонон бори нахуст дар миқёси ҷумҳурӣ дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» бозори минтақавии ҳунармандӣ таҳти унвони «Бозори ҳунармандон» бо ҷалби ҳунармандони шаҳру навоҳии тобеи марказ ташкил гардид. Бозори намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби ҳунармандон рӯзҳои якшанбе ташкил ва гузаронида шуда, ҳунармандон дастранҷи худро, аз қабили борхалтаҳои занона бо рамзҳои миллӣ, ҷузвдон барои наварӯсон, тоқиҳои занона ва мардона, либосҳои пашмини табиӣ, асбобҳои рӯзгор, аз қабили табақҳои чӯбӣ, кӯрпаву болиштҳоро ба фурӯш мебароранд.

Бо дахли рушди инфрасохтори бахши сайёҳӣ дар шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода афзуд, ки алҳол дар шаҳри Ҳисор се меҳмонхона, 16 бӯстонсаро ва шаш осоишгоҳ, аз қабили «Шоҳамбарӣ», «Сатурн», «Сангчашма» фаъолият намуда, ба сайёҳону меҳмонон дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд. Зикр шуд, ки алҳол дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» корҳои таъмиру таҷдид идома дошта дар назар аст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон осоишгоҳи мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Алҳол дар ҳудуди шаҳри Ҳисор қариб 90 ёдгории таърихӣ, аз ҷумла ҳашт ёдгории монументалӣ, 12 адад меъморӣ ва 67 адад археологӣ мавҷуд мебошанд. Бо мақсади муаррифии ёдгории таърихие, ки намунаи зиндаи таърихи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён шинос менамояд- «Қалъаи Ҳисор», ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст, соли гузашта ба ин шаҳри бостонӣ барои шабакаҳои телевизионҳои дохилӣ ва хориҷӣ, назири Шабакаи якуми телевизиони Россия, ТВ «Поехали» бо барномаи «Звуки всюду», НТВ-и Россия бо барномаи «Поедем Поедим», Мир 24, «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар, шабакаи телевизиони Қазоқистон «Казах – ТВ», «Нейшнл Ҷеографик», ҳайати эҷодии рӯзномаи байналмилалии «Файнаншл Таймз» пресс-турҳо ташкил гардида, аз ҷониби ин шабакаҳо маводи ҷолиб оид ба захираҳои сайёҳии ин минтақа сабт ва намоиш дода шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво