20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ваҳдат ширкатҳои сайёҳии «Карон-Тур» ва «Канаск-Тур» таъсис гардиданд

344
Соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат дар ҳоли рушд қарор дошта, соли 2019 ба шаҳр зиёда аз 137 ҳазор сайёҳон ташриф оварданд. Аз ин шумора 1500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ширкатҳои сайёҳии «Карон-Тур» ва «Канаск-Тур» таъсис гардиданд, ки барои рушди соҳаи мазкур шароити мусоид фароҳам меоваранд. Ин матлабро раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Зикр шуд, ки дар доираи саноатикунонии мамлакат соли 2019 дар шаҳри Ваҳдат 5 коргоҳи дӯзандагӣ, як дӯкони истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, як корхонаи коркарди маҳсулоти чармӣ ва ранг кардани он, корхонаҳои коркарди металлҳои ранга, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, 5 корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ ва забҳи паранда ба фаъолият оғоз бахшиданд.

Натиҷаи фаъолияти 83 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ буд, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 фоиз зиёд гардид.

Айни замон дар шаҳри Ваҳдат 12 ҳазору 589 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба соҳибкорӣ машғул мебошанд, ки аз онҳо 64 фоизашон ба истеҳсолоти кишоварзӣ ва 36 фоизашон ба корҳои хизматрасонию савдо машғуланд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво