28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар «FITUR»-и Испания ба намоиш гузошта шуданд

351
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, назири «Ориент Адвентур», «Куҳандиз» ва «Саёҳати Саразм» дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии тиҷоратии «FITUR»-и Испания, ки аз 22 то 26 январ дар Мадрид зери шиори «Роҳи Абрешим дар Осиёи Мазказӣ» доир гардид, иштирок намуда, захираю имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки намоишгоҳи Мадрид яке аз намоишгоҳҳои калонтарин барои воридшавӣ ба бозори Амрикои Лотинӣ маҳсуб мешавад. Намоишгоҳи мазкур беш аз 30 сол аст, ки ҳамчун як платформаи коммуникатсионии глобалӣ барои таҳияи стратегияҳои оянда бо назардошти тағйирёбии талаботи истеъмолкунандагон ва чун қоида барои пешбурди тиҷорати туристӣ хизмат мерасонад. Дар намоишгоҳи мазкур агентиҳои сайёҳӣ, ассотсиатсияҳои сайёҳӣ, ширкатҳои намоишӣ, меҳмонон ва табақаҳои оммавӣ ширкат намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дарназардошти захираҳои бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистонро ба барномаи «Тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим» шомил намудаанд. Иштирок дар ин барнома имкон медиҳад, ки иншооти таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеъҳои сайёҳӣ муаррифӣ шаванд.

Ҳамчунин самаранок истифода намудани чор пайроҳаи таърихии Шоҳроҳи Абрешим, ки аз Тоҷикистон мегузаранд, ҳамчун бренди сайёҳии мамлакат баҳри ташрифи бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар қалби Осиё ҷойгир аст, ҷумҳурии мо метавонад ҳамчун давлати транзитӣ барои сайёҳони кишварҳои Аврупо, Осиёи Ҷанубӣ ва минтақаҳои Уқёнуси Ором истифода шавад. Аз ин сабаб, сиёсати «Осмони кушод» дар Тоҷикистон манфиати бештар меорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво