14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ бо ширкатҳои Қатар ва Арабистони Саудӣ тақвият меёбад

461
Ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ бо ширкатҳои Қатар ва Арабистони Саудӣ тақвият меёбадТавре қаблан хабар додем, 20 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «QTM-2023» оғоз шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд. Намоишгоҳ 22 ноябр ба анҷом расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита хабар медиҳад.

Дар доираи намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Давҳа мулоқоти муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо намояндагони ширкати «Katara Hospitality»-ии давлати Қатар ва ширкати «Qasswa» -и Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бобати тақвият додани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба рушди сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони давлати Қатар ва Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ гуфтушунид намуданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ дорои имконияти фарох буда, дили садҳо дӯстдорони ин намуди сайру саёҳатро тасхир намудааст.

Ҷониби ширкатҳои «Katara Hospitality» ва «Qasswa» омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар равандҳои мухталиф барои рушди сайёҳӣ ва манфиатҳои муштарак иброз намуданд.

Ҳамзамон дар ҳошияи намоишгоҳ дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар тариқи рунамо имконияти сайёҳии мамлакат ба маърази тамошои меҳмонон гузошта шуд.

Дар рунамо маълумоти муфассал оид ба имконот, вазъият, рушди соҳаи сайёҳӣ ва заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди меҳмонон гардид.

Аз ҷониби ҳозирин вобаста ба муҳтавои рунамо ва соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор доир шуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво