13 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «QTM-2023»-и шаҳри Давҳа иштирок дорад

457
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «QTM-2023»-и шаҳри Давҳа иштирок дорад20 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ифтитоҳи расмии «QTM-2023» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Дар ғурфаи Тоҷикистон маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маводи таблиғотии марбут ба мавзеъҳои саёҳатӣ, таърихию фарҳангӣ, инчунин дастовардҳо ва пешниҳодҳои ҷолиби бахшҳои асосии соҳаи гардишгарӣ дар мамлакат ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ роликҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба намудҳои сайёҳии мухталиф, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву фарҳангӣ ва экологӣ ба маърази тамошои меҳмонони намоишгоҳ гузошта шудаанд.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «QTM-2023» то 22 ноябр идома меёбад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво