21 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«World Travel Market». Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳӣ дар Лондон муаррифӣ гардид

615
«World Travel Market». Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳӣ дар Лондон муаррифӣ гардидИмконияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии «World Travel Market» (Бозори ҷаҳонии сайёҳӣ), ки аз 6 то 8 ноябр дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор гардид, муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Давоми се рӯз дар намоишгоҳ намояндагони ниҳодҳои сайёҳии давлатҳои ҷаҳон, ширкатҳои бонуфуз, фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Иштирокчиён табодули таҷриба ва вохӯриҳо анҷом дода, шартномаҳо ба имзо расониданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори дуюм дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок менамояд, бо дастури Ҳукумати мамлакат ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ иқтидори сайёҳии давлатро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуд.

Бори нахуст намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андозаи бузург дар чунин чорабиниҳо ташкил шуда, зарфияти мамлакат дар самти сайёҳӣ бо ҷалби доираи васеи мутахассисони соҳа, ширкатҳо, соҳибкорон, роҳбаладон ва рӯзноманигорон муаррифӣ гардид.

Дар доираи намоишгоҳ ҳамчунин ролики таблиғотии омоданамудаи ширкати телевизионии «BBC World News» доир ба имконияти сайёҳии Тоҷикистон пахш гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо роҳбарони ҳайатҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносон, масъулони рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавии дигар давлатҳо баргузор гардиданд.
«World Travel Market». Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳӣ дар Лондон муаррифӣ гардид«World Travel Market». Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳӣ дар Лондон муаррифӣ гардид«World Travel Market». Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳӣ дар Лондон муаррифӣ гардид
Ҳамзамон намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони мамлакат бо пешниҳоди лавҳаҳои таблиғотӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ, меваҳои шаҳдбор ва олами нодири набототу ҳайвонот ҷиҳати ҷалби сайёҳон ҳисса гузоштанд.

Инчунин вохӯрии масъулони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати ба омӯзиш фаро гирифтани донишҷӯёни мамлакат ба муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва ҷалби устодони варзида ба ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Тавре дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, баргузории намоишгоҳи навбатии сайёҳии «World Travel Market» ва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар он ба рушди ин самти муҳим мусоидат намуда, ба ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат замина мегузорад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво