Главная > Тоҷикистон / Навидҳо > Дар Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва cармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир доир мегардад

Дар Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва cармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир доир мегардад


11-02-2020, 08:23.

Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир хабар медиҳад, ки 22 апрели соли 2020 баргузории Форуми якуми тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар Лондон ба нақша гирифта шудааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Форуми мазкур бо дастгириҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Британияи Кабир ва ҳамкории КВД «TAJINVEST» ва Палатаи тиҷорат байни ду кишвар баргузор мегардад.

Дар кори он намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Британияи Кабир, доираҳои тиҷоратии ду давлат, роҳбарон ва намояндагони ширкату корхонаҳо, инчунин бунгоҳҳои хабарӣ ширкат меварзанд.

Тоҷикистон ҳамчун як бозори рушдёбанда бо иқтидори бузурги истифоданашудаи худ ба иштироккунандагон муаррифӣ гардида, дар он дар бораи имкониятҳо барои роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, бонкдорӣ, рушди сайёҳӣ, саноатикунонӣ, зерсохтор ва истихроҷи маъдани мамлакат ба таври шоиста маълумот пешниҳод хоҳад шуд.


Вернуться назад