Главная > Истиқлолият / Навидҳо > Дар Душанбе калонтарин масҷид, ки дар Осиёи Миёна беназир аст, ба истифода дода мешавад

Дар Душанбе калонтарин масҷид, ки дар Осиёи Миёна беназир аст, ба истифода дода мешавад


8-02-2020, 11:08.
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, ки яке аз масҷидҳои калонтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат аст. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 — солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд.
Вернуться назад