Главная > Истиқлолият > Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикобод 18 иншооти хурду бузурги аҳамияти ҷамъиятидошта бунёд гардид

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикобод 18 иншооти хурду бузурги аҳамияти ҷамъиятидошта бунёд гардид


9-02-2020, 20:58.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 69 иншооти хурду бузурги аҳамияти ҷамъиятидошта ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2019 сохтмони 18 иншооти муҳими хоҷагии халқ ба анҷом расонида шуд. Ин нукта зимни маҷлиси ҷамъбастии ноҳияи Тоҷикобод баён гардид.

Зикр шуд, ки дар ин давра бинои дуошёнаи шабакаи барқ, бинои маъмурии суди ноҳия, бинои нави дуошёнаи кӯдакистон, майдони Нишон ва Парчами миллӣ, мумфарш ва чароғонкунии роҳҳои маркази ноҳия, маркази бонувон, таъмири роҳҳои байни деҳот, кашидани хати оби нӯшокӣ, таъмиру барқарорсозии каналҳо, бунёди 6 майдончаи варзишӣ ва марказҳои тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар якчанд иншооти ҷашнӣ, аз қабили бинои шуъбаи фарҳанг, бинои замонавии кумаки аввалияи тиббӣ, сохтмони боғи фарҳангӣ фароғатии маркази ноҳия, инчунин дар якчанд синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ изҳори нигаронӣ шуд, ки бо вуҷуди кам мондани муҳлат то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе иншооте, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳанӯз корҳои сохтмонӣ оғоз нагардидааст. Дар ин радиф метавон якчанд иншоотро ном бурд, аз ҷумла бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №1, сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои нави беморхонаи марказии ноҳия бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди коргоҳи истеҳсоли макарон дар шаҳраки Тоҷикобод аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани сокинони маркази ноҳия бо оби тозаи нӯшиданӣ аз ҳисоби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Вазорати молия ва ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод, ки аз иншооти ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, сохтмони онҳо ҳанӯз ҳам оғоз нагардидааст.

Дар ин маҷлис зикр гардид, ки яке аз дастовардҳои соҳаи маориф дар соли 2019 ин зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо шудани 76 квотаи президентӣ барои дохил шудани духтарони ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.
Вернуться назад