Главная > Фарзонафарзандон > “МАРШИ ҲУРРИЯТ” ҲУСНИ МАТЛАЪИ ШЕЪРИ НАВИ ТОҶИК

“МАРШИ ҲУРРИЯТ” ҲУСНИ МАТЛАЪИ ШЕЪРИ НАВИ ТОҶИК


15-04-2020, 12:30.

Устод Садриддин Айнӣ ба фазли таҷрибаҳои амалии зиндагӣ ва кору пайкор ҳамчунин истеъдоду дониши доҳиёнаи адабии худ дар адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик амалан намунаҳоеро ба вуҷуд овард, ки хеле баъдтар аз замони эҷодашон ин навовариҳо ба сурати илмию назарӣ собит гардиданд. Албатта, дар тасбити илмию назарии ин намунаҳо низ устод Айнӣ ба воситаи шарҳу тавзеҳи корҳои зарифи адабии худ ва адибони бузурги дигар, ҳамчунин адабиёти халқӣ саҳми бештаринро дорад. Шакке нест, ки барои як адиби парваришёфта дар матни адабиёти суннатии тоҷику форс эҷоди асарҳои насрие аз ҷиҳати забону сабки баён, сохтору банду баст ва ҳама ҷузъиёти шаклу муҳтаво комилан мутобиқ бо навтарин ва муосиртарин жанрҳои мансури адабиёти ҷаҳон, аз қабили ҳикоя, қисса, роман ва жанрҳои гуногуни публитсистика корест, ки онро танҳо метавон эъҷоз ва даҳои адабӣ унвон кард. Ин осори мансур дар замони худ умуман дар Мовароуннаҳр (дар ҳама забонҳои мавҷуд) ва умуман дар адабиёти тоҷику форс беназиранд.
Аҳаммияти вижаи ин навовариҳо иборат аз он аст, ки ба суннатҳо ва анъанаҳои дерини адабиёти тоҷику форс пайванди ногусастанӣ доранд, ва ба ин восита киштии ҳомили арзишҳои ҳунарию маънавии ин адабиёти пурбор аз миёни туфони шиканандаи ҳодисаҳои инқилоб ба соҳили наҷот расонда мешавад.
Дар назми навин низ хидматҳои устод Садриддин Айнӣ, ки аз ибтидо то охир талоядори назми навини тоҷик низ буд, камтар аз наср нест. Нахустин шеъри барҷастаи инқилобии адабиёти тоҷик, ки ҳусни матлаъи шеър ва адабиёти навини тоҷикро ташкил медиҳад – “Марши ҳуррият” (“Шуълаи инқилоб”, №23, 1919.) намунаи ҳамин навъ эъҷозҳо ва даҳои ҳунарии устод Садриддин Айнӣ аст, ки дар баробари рӯҳиёт ва мазмуни комилан нави инқилобӣ поэтикаи тозаи шеъри навро, ки солҳо баъд мавриди баҳсу баррасиҳои тунди назарию илмии адабиётшиносӣ қарор мегирад ва боз чандин сол сипарӣ мешавад, то онро чун як ҷараёни қонунӣ ва қобили пазириш бишуморанд, амалан ва бевосита чун як падидаи воқеӣ ва ғайри қобили инкор дар ҷойгоҳи устувори худ қарор медиҳад.
То ин ки яке аз камтарин ҷанбаҳои аҳаммияти ин шоҳкори устод Айнӣ бароямон равшан гардад, месазад ситезҳои ултраинқилобиёни солҳои сиюм, аз ҷумла Ғулом Ализодаро ба ёд биёрем, ки мегуфтанд “барои офаридани шеъри воқеан инқилобӣ бояд якбора теша бар решаи арӯз бизанем, ки моро маҷбуран дар тангнои мазмунҳои шахшудаи кӯҳна нигоҳ медорад ва даст ба вазни ҳиҷошуморӣ бизанем. (Мазмунан) ” Ин гурӯҳ дар даъвои худ то ҷойе пеш рафтанд, ки мегуфтанд “умуман забони тоҷикӣ (форсӣ) забони кӯҳна ва архаистӣ буда, барои баёни афкори инқилобӣ муносиб намебошад. (Мазмунан)”.
Албатта, посухи чунин даъвоҳои пӯчу беасос ҳамзамон ва амалан аз тарафи устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ (нақизаи “Ба Ғулом Ализода”. Эй шоири шеърҳои махсус, То кай бофӣ ҳавои махсус...)” дода шуданд. Аммо посухи ин гуна даъвоҳои барои адабиёт ва фарҳанги тоҷик хатарбор ба таври амалитар, бурротар ва бебаҳстар аз ҳамон соли 1919 ба воситаи “Марши ҳуррият”, инқилобитарин ва навтарин шеъри замон, ки дар айни ҳол ба тамому камол дар заминаи арӯз эҷод гардида ва дар ин солҳо дигар арзиши як санади қотеъ ва аз имтиҳони замон гузаштаро дошт, дода шуда буд.
Хеле баъдтар устод Айнӣ дар номае ба Мирзо Турсунзода вижагиҳо ва имконоти арӯзи тоҷикиро шарҳ дода, зимнан аз таърихи эҷоди “Марши ҳуррият” ёдоварӣ менамояд:
“...Вақте ки ман «Марши ҳуррият» (Марселйеза)-ро навиштан хостам, ба бисёр душвориҳо вохӯрдам. Охир вазни ин сурудро мувофиқи он шеъре, ки дар русӣ ба ҳамин вазн гуфта шудааст, бо хусусияти вазни шеъри тоҷикӣ тақтеъ карда, дар охир ҳамин вазнро баровардам: «фоилан, фоилан, фоилотун-фоилан, фоилан, фоилан» (чор бор). Дар нақароти ин суруд бошад, «фоилан, фоилан, фоилотун» (се бор) ва «фоилан, фоилан, фоилан» (як бор). Баъд аз он мувофиқи ин вазн «Эй ситамдидагон, эй асирон, Вақти озодии мо расид…»-ро то охир гуфтам”. (Садриддин Айнӣ. Мактубҳо ба адибони тоҷик//Садои Шарқ, 2017, №3, с.110.).
Аслан оҳанги “Марселйеза” аз “Суруди коргарони озод”-и Фаронса ба шеъри русӣ омадааст ва дар торҳои шеъри арӯзи эҷоди устод Айнӣ тоҷикӣ шудааст. Ба ин восита устод Айнӣ амалан исбот намудааст, ки арӯзи тоҷикӣ метавонад ҳар навъ оҳанге ва назмеро, ки дар ҳар ҷойе аз ҷаҳони башарӣ вуҷуд дорад, дар матни забони тоҷикӣ фаро бигирад. Ин таҷриба минбаъд дар тамоми назми форсизабон доманаи фарохе пайдо мекунад ва дар сурудаҳои гуногуни тоҷикӣ ва форсӣ ба оҳангҳои урупоӣ ва халқҳои дигари дунё амалӣ мегардад.
Панҷ сол баъд аз “Марши ҳуррият”-и устод Айнӣ дар Эрон Нимо Юшиҷ манзумаи бадеъи “Афсона”-ро эҷод намуда, онро “Манифест”-и худ дар кори нав кардани шеър меномад, ки вазни он ҳамин вазни “Марши ҳуррият аст”. Гузашта аз ин қаробати бештари “Марши ҳуррият” ба поэтикаи вазни шеъри нав нисбат ба “Афсона” дар он аст, ки дар “Марши ҳуррият” таркиби вазн гуногун аст ва ҳар мисраи тоқ аз мисроъи ҷуфт як рукн камтар дорад ва дар банди тарҷеъ (нақарот) як мисраъи охир аз се мисраъи аввал як рукн камтар аст (ба номаи устод Айнӣ муроҷиат шавад), ки ин равиш минбаъд яке аз хусусиятҳои аслию асосии шеъри нав қарор гирифта, воҳиди аслии шеъри нав минбаъд ба ҷойи байт, мисраъ мешавад. Албатта, ошноии ғайри қобили инкори Нимо Юшиҷ бо “Марши ҳуррият” дар ин амр бе дахл нест.
Минбаъд устод Айнӣ бо мақолаву номаҳо ва Нимо Юшиҷ бо тавсияҳо, ёддоштҳо ва тавзеҳоти назарии худ ҳамроҳ, бо ашъори навоваронаашон, аввалӣ дар Мовароуннаҳр ва дуввумӣ дар Эрон бунёдгузори шеъри нав шинохта мешаванд. Зимнан, боиси хушнудист, ки ин воқеият бо истинод ба мусоҳибаи даҳ сол пеш анҷомдодаи инҷониб дар мавзӯъи мавриди назар дар сомонаи форсии “Ҷадид онлайн” дар “Донишномаи озоди форсӣ. Википедиа”, ҳам дар фасли “Садриддин Айнӣ” ва ҳам “Нимо Юшиҷ” дарҷ гардидааст.
Тафовутҳое, ки дар муҳтавиёти ин ду асар ҳаст, шабоҳати поэтикии онҳоро беэътибор наменамояд, зеро баҳси шеъри нав аз замони тасарруф дар вазн ва қолаби шеър (ҳамроҳ бо муҳтаво) амалан ва ҷиддан ба миён омад, аммо тасарруф дар сабк, муҳтавиёт, сувари хаёл, диди шоирона, бофти калом ва ғ. ҳамеша дар марҳалаҳои таърихи адабиёт вуҷуд дошт ва ҳеч як шоири бузурге бидун ин бизоат ва ин иддаъоҳо ба майдони шеър қадам наниҳодааст. Хусусан дар сабки ҳиндӣ ин навовариҳо ба авҷи эътило мерасад.
Шоир ва муҳаққиқи шинохтаи Эрон Шамси Лангрӯди нахустин сарояндаи шеъри нав дар Эрон Абулқосим Лоҳутиро (оғоз соли 1900) муаррифӣ менамояд, вале мегӯяд ӯ марде буд низомӣ ва фурсати корҳои назарии муфассал дар ин заминаро надошт. Минбаъд истеъдоди фавқулодаи навоваронаи Лоҳутӣ дар шеър дар Маскав ва Тоҷикистон таҷалло мекунадва дар баробари корҳои устод Айнӣ ба назми навини тоҷик таъсири пурфайз мерасонад.
Устод Айнӣ қабл аз “Марши ҳуррият” низ намунаҳои назме суруда, ки комилан дар қолаби “шеъри нав” мебошанд:
Субҳоналлоҳ!
Имрӯз ба мо ҳодисаи саъб расид,
Гаштем хароб,
Аз гардиши чархи фалаки дӯлобӣ...
(1907)
Ва:
Эй Ватан,
Ғайр аз харобии ту дигар нест корашон,
Онҳо, ки иддаои валои ту мекунанд...
(1909)
(Зимнан, дар ҳамин ду қитъа шеър дар нашри “Куллиёт”, ҷ.8, 1981 се хато роҳ ёфта, ба ҷои калимаҳои “гардиш” – “хоҳиш”; “Ғайр” – “Гар”; “валои (яъне, муҳаббати)” – “волои” омадааст, ки лозим аст дар нашрҳои нав ислоҳ шавад).
Ба воситаи “Марши ҳуррият” ҳамчунин қолаби ба истилоҳ “чаҳорпора” бо қофиябандии “а-б-а-б” дар назми тоҷик намуна пайдо менамояд, ки ин қолаб минбаъд бо сохтори гуногуни қофиябандӣ аз маъмултарин анвои назми муосири тоҷик мегардад, ки хусусан аз солҳои 50 ба баъд бештарин теъдоди шеъри ғиноии тоҷик бо он сурат мегирад ва ба воситаи достони “Ҳасани аробакаш”-и устод Мирзо Турсунзода ба достони муфассали ҳамосӣ низ роҳ меёбад.
Устод Садриддин Айнӣ такмили арӯзи тоҷикӣ ва поэтикаи шеъри тоҷикро чун як кори асосии худ то поёни умр идома медиҳад ва дар ҳамон номаи худ ба Мирзо Турсунзода “то навиштани як рисола дар боби арӯзи тоҷикӣ зинда мондани худро лозим” медонад. Сад афсӯсу дареғ, ки умр вафо намекунад, дар акси ҳол ин рисола як асари беназир дар назария ва амалияи арӯз ва анвои шеъри нави тоҷикӣ мебуд.
Агарчи таълифи рисолаи илмию назарӣ муяссар намегардад, вале дар амалияи кори эҷодӣ устод бо илҳом аз таҷрибаи “Марши ҳуррият” ба ҷустуҷӯҳо ва навовариҳо дар вазну қолаби шеър идома медиҳад. Хусусан, дар навиштани марш ва суруду бадеҳа. Яке аз сарчашмаҳои таҷрибаи эҷодии устод Айнӣ дар ин навъ ашъор офаридаҳои табъи мардум, яъне фолклори тоҷик мебошад. Дар номаи мазкур устод Айнӣ ба таъкид менависад: “...вазни арӯзи тоҷикӣ ба тарзи тартиби ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ ба вуҷуд меояд ва дар ҳар гуна тартиб шакли дигар ва оҳанги дигар пайдо мешавад… Мо метавонем, ки ба асоси ин қоида, ки қоидаи асосии вазни шеъри тоҷикист, вазнҳои шеърҳои халқиро кор карда баромадаву аз вазни шеърҳои классикӣ низ истифода бурда, вазнҳои нави дилчаспи пуроҳанг ёфта барорем…. Баъзе ҷавонон, ки дар шеъри тоҷикӣ шакл ва вазнҳои навро талаб мекунанд, то ҳол чи будан ва чи навъ ба даст даровардани матлаби худро муайян накардаанд”.
Ин таҷрибаро ба таври амалӣ устод дар чандин шеъри худ нишон медиҳад, ки яке аз онҳо бадеҳае бо матлаъи “- Ой духтари Мулло Чорторӣ” дар романи “Дохунда” мебошад:
– Ой духтари Мулло Чорторӣ,
Ёри мо мешӣ?
– Намшам!
– Ҷони мо мешӣ?
– Намшам!
– Они мо мешӣ?
– Намшам!
Ҳамчунин устод Айнӣ дар солҳои баъдӣ низ ашъоре бо унвони “марш” суруда, ки ҳар яке аз онҳо аз лиҳози таркиби вазн ва банду баст нав ҳастанд. Аз ҷумла дар шеъри “Мо зи Гитлер ниқори башарийят гирем” гунае дигар аз авзон ва таркиби шеъри халқӣ ба кор рафтааст, ки ба асоси вазни мусалсали рамали махбун (фоилотун, фаилотун) мебошад ва дар назми классикӣ назир надорад:
Хест бар дафъи тааддии фашизм аскари мо,
Аскари сафдари мо,
Аскари сурхи шарарпайкари мо,
Аскари сурхи шарарпайкари ҷанговари мо!
Ҳамин вазнро бо илҳом аз сурудаҳои мардумӣ дар шеъри машҳури Аҳмади Шомлу “Париё” (париҳо) мушоҳида менамоем, ки ин амр намудори идомаи ҳамсӯии навовариҳо дар адабиёти тоҷику форс мебошад.
Зоҳиран устод Айнӣ хостааст, то вазни навбунёди “Марши ҳуррият” бо ҳамин як шеър маҳдуд намонад ва аз он дар чанд шеъри дигар, аз ҷумла “Марши интиқом” ва “Суруди зафар” истифода кардааст:
Меравад пеш пеш-пеш,
Аскари Сурхи мо дар раҳи хеш.
Ин вазнро ба ғайр аз сурудаҳои маршӣ дар романи “Ғуломон” дар баёни ҳолоти маҳрамонаи қаҳрамон муносиб дидааст, ки аз эътиқод ва огоҳии устод ба табиати гуногуни як вазни шеърӣ гувоҳӣ медиҳад:
Аз ҳаво мевазад накҳате форам,
Ин магар омад аз Қаршӣ, аз ёрам,
Аз чаман бар чаман чун сабо гардам,
То ба ӯ вохурам, кам шавад дардам...
Хулоса, “Марши ҳуррият”, ки зодаи ранҷҳо ва ормонҳои устод Садриддин Айнӣ буд, сарфи назар аз ҳаҷми он, асари адабии бузург ва дурахшонест, ки шоҳиди содиқи зарфиятҳо ва тавони беинтиҳо ва номаҳдуди забони тоҷикӣ, вазну қолаби шеъри тоҷикӣ, заминаи ба уфуқҳои абадият густурдаи имконоти навоварӣ дар суннатҳои ва арзишҳои асили адабиёти тоҷик мебошад.
Рустам Ваххоб
19 апреля 2019 г.


Вернуться назад