Главная > Фарзонафарзандон > КУРУШИ КАБИР

КУРУШИ КАБИР


18-07-2022, 16:29.
Нур Табаров,
нависанда


Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре.
Саъдӣ.


КУРУШИ КАБИР
КУРУШИ КАБИР
(солҳои 500-ум то давраи мо)


Нимаи дувуми асри – VI пеш аз мелод дар таърихи Машриқзамин сафҳаи тоза ва ёдмоне боз кард, ки он ба пайдоиши давлати ҷаҳонии Ҳахоманишҳо алоқаманд аст ва бунёдгузори ин империяи нахустин Куруши-2 мебошад, ки баъдтар унвони Кабир гирифт. Нахустин ҷанги довталабонаи императори оянда ин задухӯрд бо шоҳи Мидӣ Астиаг, ки ба Куруши ҷавон бобо, падари модараш – Мандана буд. Шоҳи ҷавон ҳарифи пирро лутф карду ба Гирканиё фиристод ва худро шоҳи Форс ва Мидӣ эълон кард ва завқи кишваркушоияш рӯз ба рӯз боло мегирифт ва то солҳои 547 (546) давлати юнонӣ – Лидияро низ ба хиттаи хеш даровард.
Чунон, ки таърихшиноси Юнони қадим Геродот таъкид менамояд: «…Дар сари роҳи Куруш кишвари Бобул, мардуми Бохтарӣ, Сакоӣ ва Мисриён қарор гирифта буданд, ки дар набардҳои зидди онҳо ӯ мехост шахсан сардорӣ кунад, аз ин рӯ, ба ҷанги зидди эрониҳо сарлашкари дигарро фиристод». Чунон ки маълум мешавад, ин Шоҳ ва лашкаркаши ҷасур ба кишварҳои Осиёи Миёна ҳусни таваҷҷӯҳи хоса дошт ва барои тасарруфи ин гӯшаҳои афсонавӣ чораҳои зарурӣ меандешид. Ҳамон Геродот хабар медиҳад: «Қисми зиёди аҳолии поёнҳоро Гарпаг ва Осиёи болоро худи Куруш паси ҳам, бе ҳеҷ раҳм ба асорат дучор мекарданд, аз дами теғ гузарониданд».
Ин ҳамон Гарпаг аст, ки дар вақташ лашкаркаши дарбори шоҳ Астиаг буд ва пас аз муноқишаи шадиди миёни ӯ ва шоҳ вобаста ба тақдири Куруши наврас, ҳар ду душман гаштанд ва Гарпаг хидмати қотили фарзанди хешро тарк карда, ба сафи хидматгорони Куруши ҷасур – Шоҳи Форс ворид гашт. Азбаски Куруш сабабгори дар тифлӣ зинда монданашро медонист, яъне раҳмдилии Гарпагро, ки фармони шоҳ Астиагро дар бораи нест кардани Куруши оянда ба ҷо наоварда буд, дар ёд дошту қадр мекард, Гарпагро ба хушнудӣ пазируфт ва ҳарду ба кишваркушоӣ пардохтанд.
Дақиқтарин маълумот дар бораи империяи аз худ ба мерос мондаи Куруш ин навиштаҷоти Бесутун аст. Шоҳ Дорои-1 дар девораи сангин сабт карда буд:
– Ин аст он кишварҳое, ки бо меҳрубонии Аҳуро Маздо насиби ман гардидаанд. (Агар гӯем, ки пас аз Маздои Аҳур ӯ номи Курушро менавишт, аз рӯи инсоф мебуд – Н.Т.)
Баъд Порт, Ориё, Хоразм, Бохтар, Суғд ва Қандаҳор, Сатагидия ва Арахосия ва «Сака»-ро номнавис кардааст.
Аммо таърих то ҳол шахсиятеро ном набурда, ки тамоми нақшаҳои кашидаи ӯ бо зафар анҷом ёфта бошад ва аз талхии нокомиҳо огоҳӣ надошта бошад. Ҳаст дар зери ин гунбади даввор қонуни бузурге, ки футӯҳоти бузургро боз шикасти бузург аз пай меояд. Чаро чунин аст? Шояд барои барқарории мувозинат, адолат, раҳму шафқат ё дарси ибрат барои пасояндагон? Шояд… Шояд…
Ба ҳар ҳол, расид он соате, ки Куруши оламгир ҳам ба ин ҳақиқати талх сар фарорад, вай баринҳо ҳам, қатъи назар аз ҷаҳонгир буданашон, иззату икром, ҷоҳу ҷалол, шафқату ҳайбат, шаъну шӯҳраташон, маҷбур мешаванд, пеши тақдир сари зону нишинанд…
Ҷангҳои чандинсола бо Куруш барин ҳарифи қавӣ, сабақҳои ҳарбу зарб барои халқу қабилаҳои бумӣ бенатиҷа намонданд. Хусусан, пас аз он, ки Осиёи Миёна фатҳ гардиду Куруш аз паи ба даст овардани Бобул ва пасон Миср афтода буд. Маҳз ҳамин давра барои тохтутозҳои ҷавобии дастаҳои зарбазани мулкҳои тасхирёфта ба лашкаргоҳ ва амлоки форсҳо басо қулай уфтода буд ва Куруш ба хашм омада, тасхири Шимоли Африқоро ба баъд вогузошту барои додани адаб ба ёғиҳои Осиёи Миёна лаҷоми аспашро ба сӯи Ҷануб гардонд.
Бояд гуфт, ки задухӯрди оянда бо массагетҳо дар соҳилҳои рӯдхонаи Аракс аввалин набуд. Аз ин пеш шоҳи онҳо-шавҳари малика Томирис аз дасти Куруш ба ҳалокат расида буд ва акнун Куруш мебоист ба ин модашер ва фарзанди ӯ Спаргапис, ки ба дифои меҳан ва ситонидани интиқоми марги шавҳару падар омода буданд, рӯ ба рӯ шавад.
Таърихнигори маъруф Трог – Юстин ин лаҳзаҳои рӯзгорони мозиро чунин менигорад: (мазмунан) – Куруш Осиёро тасхир ва тамоми Шарқро ба ҳокимияти худ мутеъ намуда, ба ҷанги зидди скифҳои Томирис омода буд. Бо вуҷуди зан буданаш Томирис, бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид. Томирис метавонист пеши роҳи убури қушӯни душманро аз дарёи Аракс бигирад, аммо вай ин тавр накард, ба гузаштани душман имкон дод. Зеро малика ба чунин мулоҳизае расида буд, ки дар ҳудуди давлати худ бо душман ҷанг кардан барояш осонтар аст, вале барои душман, ки дарё пеши роҳашро бастааст, гурехта ҷон ба саломат бурдан, амри маҳол хоҳад шуд. Куруш қушуни худро аз дарё гузаронид ва чанд фарсах ба дарунтари мамлакати скифҳо даромада, дар ҷое таваққуф намуд. Рӯзи дигар, мисли он ки аз тарс фирор мекарда бошад, дафъатан ӯрдугоҳро тарк кард ва гӯё аз саросемагӣ ба қадри фаровон май ва тамоми асбоби зиёфатро партофта рафт. Вақте ки инро ба малика гуфтанд, вай писари ҳанӯз ҷавони худро бо се як ҳиссаи лашкари скифҳо барои таъқиби душман фиристод. Ҷавони кори ҳарбиро ноозмуда, ҳамин ки қадам ба ӯрдугоҳи душман ниҳод, худро на дар майдони разм, балки дар саҳнаи базм дарёфт, душманро фаромӯш кард ва гузошт, ки сарбозони барбарии шаробнодида аз майхӯрӣ масти лояқил шаванд. Ва май онҳоро пештар аз силоҳи аду ба мағлубият дучор гардонид. Чун Куруш аз ин ҳол воқиф шуд, шабонгаҳ пас гашт ва ин сарбозони маст афтода, оҷизу нотавонро ҳамроҳи писари малика сар аз тан ҷудо кард. Томирис ин қадар қӯшунро ва аз ҳама аламноктар – ягона фарзанди дилбанди худро аз даст дода, тасаллои дили пурдарди худро на дар ашкҳои сӯзон, балки дар интиқоми ҷонситон дид ва мисли ҳамон тадбири душмани маккор, ки ҳоло дар нишоти барори дирӯза кайфу сафо дошт, тадбир андешид. Вай чунон вонамуд кард, ки гӯё пас аз ин зарбаи сахт ба қувваи худ бовар надораду роҳи гурезро пеш гирифта. Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид. Ў пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 ҳазор нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳаш маҳв намуд. Ҳатто ягон пайке ё ҷондоре, ки форсҳоро аз ин шикасти даҳшатангез огоҳ мекарда бошад, боқӣ намонд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одам пур кардашуда андозанд ва худ ба чунин суханон бераҳмии ӯро маҳкум намуд: «Инак, сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеҷ гоҳ сер намешудӣ».
Як мушоҳидаи ҳайратовари Геродотро низ ҷоиз аст ба ёд орем. Гӯё Куруш аввал хостгор фиристода то, ки малика Томириси бевамонда зани ӯ шавад. Аммо маликаи бофоросат чунин ҷавоб мегардонад: «Бароям чунин пешниҳод таҳқиромез аст, зеро медонам, ки Куруш на хостгори малика, балки хостгори тамоми кишвари массагетҳост…»
Манзараи он ҷанг ҳам фавқулода шадид буд:
«-… аввал ҳарду лашкар сӯи ҳам тирфишонӣ карданд, пас аз тамом шудани тири камон дар ҷанги тан ба тан массагетҳо зафар ёфтанд, бештари форсиён дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шуд…»
Бояд гуфт, ки ин фоҷиа ибтидои моҳи августи соли 530 пеш аз мелод рух дода буд. Аммо марги чунин абармарди сиёсиву давлатие чун Куруш корҳои назарраси ӯро рӯшантар мегардонаду хира не.
Куруши Кабир ҳанӯз дар айёми зинда буданаш, эътибори калон пайдо карда буд. Форсҳо ӯро «Ҷадди Кабир, Бобулиҳо Расули Худои Мадрук», юнониҳо «расули бузурги давлатӣ ва яҳудиён «наҷотбахши Худо Яҳве» номидаанд. Маҳз дар замони Ҳахоманишиҳо пешрафти назарраси илму фарҳанг, иқтисод, савдо ва равобити байни давлатҳову халқҳо таъмин мегардад, мардумони Ғарбу Шарқ ба ҳам наздиктар мешаванд. Ниҳоят, вуруди мулкҳои Осиёи Миёна ба империяи бузург боиси пешрафти ҳамаҷонибаи онҳо низ гардид.
Чунонки мегӯянд, ҳеҷ неш бе нӯш нест ва баръакс. Метавон дар бораи таъсири мутақобилан ду ҷониб ҳарф зад.
Дар империяи Ҳахоманишинҳо низоми ягонаи давлатӣ, пул ва тартиби пардохти молиёт, ба назрдошти имкониятҳои иқтисодии кишварҳои вориди ин давлатдорӣ ҷорӣ гардид. Барои беҳтар шудани сохти идорӣ вилоятҳо ё сатрапҳо таъсис ёфтанд ва ҳудуди онҳо муайян карда шуданд. Коргузорӣ бо як расмулхатти давлатӣ, ки ба алифбои оромӣ такия мекард, ҷорӣ гардид. Муҳимтарин коре, ки дар ин давра анҷом ёфт, таъсиси мухобироти (почта) давлатӣ буд.
Бояд гуфт, ки қонунҳои пешинаи қавмҳои ба силки ин давлати абарқудрат ворид шуда низ амал мекарданд.
Муҳимтарин ҷиҳати фаъолият дар ҷабҳаи байналмиллал ин шакли оқилона ва башардӯстонаи муносибати халқҳо, гурӯҳҳои этникӣ, пайравони дину оини гуногун, уламову удабои он давра бо якдигар буд.
Соли 539 то мелод, вақте ки Куруш Бобулро гирифт, онро хароб накард, балки эъломияе паҳн намуд, ки он чун «Устувонаи Куруш» машҳур аст ва нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърих аст. Ин аввалин ҳуҷҷатест, ки дар он эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандон ҳимоят мегардад.
Бо кӯшиш олими шинохтаи тоҷик Парвонаи Ҷамшед мо имрӯз имкон дорем ба тарҷумаи форсӣ – тоҷикии ин ҳуҷҷат шинос шавем. Дар он мехонем:
« – Манам Куруш- – шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер, шоҳи Акад, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Камбузиё – шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати абадӣ, ки салтанаташ мавриди таваҷҷӯҳи Худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст.
Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул бо сафири салтанат нишастам. Мардук –Худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ӯро ман мӯҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум ба парастиши Худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба Писарам Камбузиё ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳе, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз Дарёи боло ба Дарёи поён ва подшоҳони Ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул ба пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то ба Ошӯр ва аз Шум ва Акад… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидро ба ҷойҳои худ баргардонанд, то ҳамеша дар он ҷой муқим бошанд.
Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва Худоёни Сумеру Акадро гардонидам, сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам».
Таҳкурсии он ҷомеае, ки имрӯз дар Ғарбу Шарқ аз паи эъмори онанд ва онро ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстона меноманд, ана ҳамин Эъломияи Куруши Кабир буд.
Вернуться назад