29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ним аср дар хизмати Ватан!

870
Ним аср дар хизмати Ватан!
Аҳли заҳмати Ташкилоти ҷамъиятии меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон 50-солагии фаъолияти яке аз меъморони барҷастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Академик Зуҳурдинов Баҳовадин Абдулсаидович, Сарвари иҷроияи Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзимдароваранда ва такмилдиҳандаи кори меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳаматарафа қайд мекунад.
Хизматҳои меъмори варзида бо ҷоизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ордени Дӯстии Халқҳо, Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони фахрии “Бинокорои шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷоизаҳои байналмилаллии “Корол”-и Ҷумҳурии Белорус қадр карда шуданд.
Академик Зуҳуриддинов Баҳоваддин Абдулсаидович аъзо-корреспонденти Академияи давлатҳои шарқ, аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии байналмилаллӣ, аъзои комилҳуқуқи байналмилаллии ТДМ “Хабитат”, аъзои Шӯрои байнидавлатии кишварҳои мустақил оид ба меъморӣ ва сохтмон мебошад.
Баҳоваддин Зуҳурддинов дар фаъолияти 50-соли эҷодиаш ба ганҷинаи фарҳанги меъмории ҷумҳурии соҳибистиқлол саҳми босазо гузошт ва дар ин ҷода мақому манзалат ва ҷойгоҳи худро дар миёни халқу халқиятҳои кишвар, давлатҳои мустақил ва хориҷи он пайдо намуд.
Заҳматҳои 50-солаи эҷодии устод дар мисоли биноҳо ва иншооти такрорнашавандаи сохта ва ба истифода дода шуда ба монанди: чойхонаи “Саодат”, Маҷмааи “Модар-Ватан”, “Маҷмааи меъморӣ бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ”, “Қасри миллат”, биноҳои “Душанбе-Плаза”, “Пойтахт-80”, “Амфитеатр”, маҷмааи 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ ва садҳо дигар лоиҳаҳои сохтмонҳои нодир мебошанд, ки имрӯз шаҳрҳо, марказҳои ноҳияҳои кишварро оро дода, ба намои онҳо ҳусни тоза зам мекунад. Инчунин лоиҳаҳои ин меъмори варзида шаҳрҳои хориҷ аз ҷумҳурӣ, аз ҷумлаи Ҳиндустон, Австрия, Русияро оро дода, санъати меъмории Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро муаррифӣ менамоянд. Ҳар як лоиҳаи эҷод намудаи ин меъмори боистеъдод маънои ба худ хос дошта, шахсро ба олами меъмории қадима мебарад ва дар бораи фарҳанги қадимаи тоҷикон нақл мекунад.
Таърих гувоҳ аст, ки тамаддун ва рушди ҳар як осори илмию адабӣ, шаҳрҳою биноҳои қадимаи бо меъморию кандакории зебо ороиш додашуда муайян карда мешавад. Халқи тоҷик ин мероси бузургро дорост. Мо инро дар мисоли биноҳои қадимаи шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро, Хуҷанди бостонию Панҷакент, Кӯлобу Душанбеи ҳамешаҷавон дида метавонем.
-Бале, дар ҳама давру замон фарзандҳои бовафою сарсупурдаи халқи тоҷик ин осори гаронбаҳоро бунёд намуда, миллати моро ҳамчун ахтари дурахшон дар сайёраи зебои замин муаррифӣ намуданд, -мегӯяд академик Баҳовадин Зуҳурдинов.
Солҳои ҷавонӣ омӯзиши асарҳои меъмории қадимаи тоҷикон ба Баҳовадин хурсандии беҳамтои илмӣ ва маънавӣ мерасонданд, ӯ дар намоишҳои машҳур иштирок карда, далелҳои ношиносеро ошкор мекард, ки то он вақт чунин шоҳасарҳои меъморони тоҷикро вонахӯрда буд. Аз дидани чунин шоҳасарҳо шод мегардид. Бештари онҳо асроромез ва душвор шарҳдиҳанда буданд. Маълум намуд, ки воқифияти назарияи кушодани сирри шоҳасарҳои меъморони қадимаи тоҷик барои меъмор нокифоя аст, чунки ҳамон лоиҳа ва ҳамон композитсияро меъморони шаҳрҳои гуногуни қадима мӯътақидан бо назари худ меофариданд. Аввал лоиҳаҳо монанд, якранг ба назар мерасид. Аз ин лиҳоз Б.Зуҳурдинов дарк намуд, ки барои амиқ донистани маънои асарҳои меъмории қадимаи тоҷик фақат омӯзиши моҳияти таърихӣ басанда нест. Лаҳзаи наздикшавии шахси ҳозиразамон бо олами тааҷҷубовар ҳамон замон муясар мегардад, ки роҳи дурусти сирри санъати меъмории тоҷикони қадимаро амиқ муқаррар намояд.
Дарёфти ин роҳ душворгузар буда, фақат насиби он меъморе мегардад, ки санъати меъмориро аз ҳама волотару зеботар ҳис намояд.
Вуҷуди Баҳовадинро, ки ишқи бунёдкорию созандагӣ, офаридани лоиҳаи биноҳо ва иншооти зебои такрорнашаванда фаро гирифта буд, бо шавқи фаровон ба кор оғоз намуд.
Ў хеле хуб дарк мекард, ки ҳамкасбонаш ба коре, ки ба он хизмат мекунад, завқи шиносоӣ доранд. Вохӯрии ҳамкасбон ба ӯ хуш меомад, чунки онҳо кӯшиши хоҳиши воқиф гаштан аз сирри санъати меъмориро доштанд, аз онҳо бештар масъалаҳои ҷиддиро дар бораи мафҳуми эҷодиёташ мефаҳмид ва дарк мекард, ки шакли хуби оммафаҳм намудани асарҳои эҷод намудааш ин иштирок ва нишон додани онҳо дар озмунҳои дохилӣ ва байналмилаллӣ мебошад.
-Барои меъмори варзида шудан, асаби мустаҳкаму солим бояд дошт, техникаи лоиҳасозиро хуб омӯхт, дониши хуби қисмҳои муайяни физикиро дошт. Барои ин чашми тезбин, зеҳни бурро ва дастони пурқувват бояд дошт. Ба замми ин каме файласуф ва эҷодкор низ бояд буд,- мегӯяд устод.
Баҳовадин Зуҳурдинов бо тафаккури хирадмандона ва эҷодӣ тамоми иқтидори худро ба дарёфти решаҳои амиқи меъмории миллӣ, ки аз даврони ҷавониаш шурӯъ карда буд, равона сохт ва аз он барои эҷоди асарҳояш принсипи арзишнокро интихоб намуд.
Эҷоди асарҳои меъморӣ ва дар ин ҷода ба муваффақиятҳо ноил гардидан ин аз сиёсати сулҳу ваҳдати комил ва дурандешонаи Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар солҳои истиқлолият адолати таърихиро барқарор кард, мардуми мо, аз ҷумла манро ҳамчун меъмор барои осори гаронбаҳои илмию фарҳангӣ ва таърихию худогоҳи раҳнамои ва ҳидоят намуд. Бояд мо онро ҳифз намоем ва барои ояндагон арзиши олӣ мерос гузорем, чунки мероси таърихи барои худшиносию худогоҳӣ, пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатамон ва боло бурдани бедории маънавиамон нақши асосиро мебозад,- иброз намуд устод Зуҳурдинов Баҳовадин суханашро давом дода,- Мафҳуми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро хуб дарк кардам, чунки ин сиёсат ба иҷрои орзуҳои ҷавониам ҳидоят кард ва маро аз эҷод кардани лоиҳаҳои якрангаи бо супориши ташкилотҳои болоии онвақта дода шуда раҳо намуд.
Барои амалӣ гаштани мақсадҳои дар дил дошта Зуҳурдинов Баҳовадин Абдулсаидович сараввал Ташкилоти ҷамъиятии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил кард, чунки меъморӣ ҳамчун шакли муҳимтарини санъат аз ҳисоби фаъолияти эҷодӣ аз байн рафта истода буд ва инкор кардани лоиҳаҳо ҳамчун санъати меъморӣ ба талабот ҷавоб намедод. Биноҳо ба анбӯҳи қуттиҳои оҳанӣ мубадал гардида, ба пастшавии умумии маданияти тарбиявӣ ва маънавии аҳолӣ оварда мерасонд. Меъморон ва сохтмончиён пароканда ва консепсияи ягонаи меъморӣ-сохтмониро надоштанд.
Аз ин лиҳоз барои ташкил намудани Академия меъморон ва сохтмончиён гурӯҳи ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла Сохтмони давлатӣ (Госстрой), Вазорати сохтмон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, департаменти истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва дигар корхонаҳои сохтмонӣ дар ташкил кардани ташкилоти ҷамъиятии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳуриявӣ бо мақсади муттаҳид намудани мутахассисон ва олимони соҳаи меъморӣ ташаббус зоҳир карданд. Бо ҷидду ҷаҳди фаъолонаи раиси Сохтмони давлатии онвақта, баъдан Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зуҳурдинов Баҳовадин Абдулсаидович Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бақайдгирии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид. Баъдан интихоботи аъзо-корреспондентҳо ва мушовирони академикӣ ба амал омада, сарвари аввали иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурдинов Баҳовадин Абдулсаилович интихоб гардид.
Ташаббуси Зуҳурдинов Баҳовадин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт ва дар бораи муҳим будани ташкили Академияи меъморӣ ва сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ ва расонидани кӯмак ба фаъолияти он Фармоиши Ҳукумат таҳти №147р баромад.
Ҳамин тавр Баҳовадин Абдулсаидович меъморону шаҳрсозон, сохтмончиёну олимон, академияи илмҳо, академияи муҳандисӣ, академияи байналмилаллии илмҳои педагогӣ, ходимони хизматнишондодаи маданият, илму фарҳанг ва техникиро муттаҳид намуд.
Ташкилоти илмӣ-эҷодии ғайрибуҷавии Академия таҳти роҳбарии Академик Зуҳурдинов Баҳовадин Абдулсаидович аз солҳои аввали фаъолияташ нақшаи маҷмӯи проблемаҳои дар ҷумҳурӣ ҷойдоштаро омода намуд. Аз ҷумла: аз нав барқароркунии комплекси сохтмонӣ; суръат бахшидан ба кашфиёти иқтисодӣ; суръат бахшидани сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва маишӣ, ки ба талаботи аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ ҷавобгӯ бошанд; кашфиёти меъморӣ бо нақшаи омода намудани хусусиятҳои миллӣ; чорабиниҳои босамараи нигоҳдорӣ ва омӯзиши меъмросии таърихии ниёгон ва ғайраҳо.
Баҳри иҷрои нақшаи омодагардида мутахассисони варзидаи меъморӣ-сохтмонӣ, олимони соҳа фаъолона ба кор шурӯъ карданд.
Аз ҷумла, яке аз аввалинҳо шуда Пажӯҳишгоҳи илмӣ-истеҳсолии масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ-тадқиқотии техникии Тоҷикистон, “Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-истеҳсолии САНИИОСП”, “Шаҳрофар”, “Саноатсоз”, “Душанбешаҳрсоз”, Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.Осимӣ, “Тоҷикгидроэнергопроект”, Департаменти истеҳсолии масолеҳи бинокорӣ ва бисёр дигар вазорату корхонаҳо аъзоёни комилҳуқуқи академия гардида, дар ин ҷода саҳми босазо мегузоранд.
Дар қатори онҳо азозоёни ҳақиқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Н.Н.Неъматов, шодравон А.М.Мухторов, доктори илмҳо Гузел Майдинова, Абдуллоҷон Мирбобоев, Маннон Рӯзиев, ҷоизадорони мукофоти давлатии Тоҷикистон, ходимони хизматнишондодаи илм ва фарҳанг шодравон В.Г.Веселовский, С.Д.Исоев, О.Ғ.Оқилов сабиқ сарвазири Тоҷикистон, Б.Д.Ҷабборов, шодравон Ғ.О.Орипов, С.Шарипов, С.Шералиев, З.Б.Ҳасанов, инчунин дастаи калони олимон аз ҷумла Солия Мамадҷонова, аввалин зани тоҷик, Академики соҳаи меъморӣ дар Осиёи Миёна, Академик Рустам Муқимов аз Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва дигарон ҳамроҳ шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Академия нафақат барои додани унвони фахрӣ ташкил ёфтааст, балки барои таъмин намудани алоқаи байни ҳамдигарии тадқиқотҳои илмӣ ва мукаммал кардани соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва илмҳои сохтмонӣ, аз худ намудани дастовардҳои илму техника дар истеҳсолот, ёрии таҷрибавӣ расондан дар кори аз нав барпошавии симои меъмории шаҳрҳо ва деҳаҳои хароб гашта ва додани обу ранги хусусияти миллидошта мебошад.
Дар солҳои фаъолияташ ба Академия муяссар гардид, ки, ба тайёр ва истифода додани барномаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, ба монанди ТДМ “Ҳабитат” дар ҷойҳои аҳолинишин, барномаи ҷумҳуриявии “Манзил”, лоиҳасозӣ ва сохтмони иншооти муҳиму аввалиндараҷаи давлатӣ ба монанди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, хати гази Хоҷа-Сартез, роҳи автомобилгарди Мурғоб-Кулма-Қароқурум ва ғайра фаъолона иштирок намуда, саҳми босазои худро гузорад.
Академия ба Сарварии Зуҳурдинов Баҳовадин Абдулсаидович аз рафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва ҷамъиятии кишвар қафо намонда, дар ҷунбиши ягонагии миллӣ ва барқароршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи он фаъолона иштирок кард. Ин ҷунбиш моҳи июни соли 1997 таҳти роҳбарии Пешвои Миллат Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида буд.
Олимони Академия дар канор наистода, ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва тарғиби барқароркунии меъроси меъмории Тоҷикистон машғул шуданд. Дар ин самт муддати ду сол Баҳовадин Зуҳурдинов экспедитсияи махсус ташкил намуда, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо иштироки таърихшиносон, меъморон, аспирантҳо ва донишҷӯёни соҳаи меъморию сохтмониро равона сохт. Дар натиҷаи ин таҳқиқоти илмӣ як қатор рисолаҳо аз қабили “Масҷиди Тоҷикистон”, “Мазорҳои Тоҷикистон”, “Мадрасаҳои Мовароҳунаҳр ва Хуросон” ба чоп расонида шуданд.
Дар Академия мунтазам корҳои илмӣ дар соҳаи меъмории ҳозиразамони Тоҷикистон баргузор мегарданд. Олимони академия бо якҷоягии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон “Маҷмӯи даврии корҳои илми”-ро таъсис доданд, ки он дар бораи услуби кори эҷодии меъмор-лоиҳасози ҳозиразамон, ки аз таҷрибаи охирини масъалаҳои меъмории ҳозиразамони Тоҷикистон ва пешбинии роҳҳои ба он бахшидани хусусиятҳои ба худ хоси милли дошта нақл мекунад. Китоб бо номи “Меъмор Баҳовадин” дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван бо дастгирии Вазорати шаҳрсозӣ ва Пажӯҳишгоҳи меъмории Ҷумҳурии Арманистон нашр гардид.
Баҳовадин Зуҳурдинов дар конфронсҳо, симпозиумҳо, семинар-машваратҳо, озмунҳои гуногунсатҳ фаъолона иштирок мекунад. Ин имконият дод, ки соҳаи меъморӣ-сохтмонии кишвар дар ҳамаи барномаҳои гуногуни минтақавию байналмиллалӣ дохил гардад ва якбора доираи ҳамкории Академияро бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи лоиҳасозии муштараки иншоот ва иморатҳои бузурги пойтахтҳои Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Австрия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Русия, Арманистон ва дигар давлатҳоро муайян намояд.
Академия ба туфайли истеъдоди баланди ташкилотчигии сарвари худ, натанҳо дар байни ташкилотҳои илмии Тоҷикистон эътирофи ҷамъиятиро ба даст овард, балки дар сатҳи байналхалқӣ низ сазовори эътибор гардид.
Ба Академик Зуҳурддинов Баҳоваддин Абдулсаидович дар фаъолияти эҷодиаш бурдбориҳо таманно намуда, барои боз ҳам эҷод намудани лоиҳаҳои иншооти нодир, тарбия намудани меъморони варзидаи соҳа тани сиҳат, умри дарози бобаракат ва хӯшиҳои зиндагиро таманно мекунем.

Азимҷон Юсупов,
Директори мудирияти илмӣ-эҷодии
Ташкилоти Ҷамъиятии Академияи меъморӣ
ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво