19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АЛИЗОДА-ФАРЗАНДИ ФАРЗОНА ВА ҲАҚТАЛОШИ МИЛЛАТ

511
Бахшида ба 125-умин солгарди зодрӯзи Сайидризо Ализода як тан аз фарзандони фарзона ва фидойии миллат дар толори АУ Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор гардид, ки онро ноиби Президенти АУ Тоҷикистон, узви вобастаи АУ Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Ў хидмати С. Ализодаро дар ташаккул ва инкишофи матбуот, мактабу маориф ва илму фарҳанги тоҷик ёдовар шуда, таъкид дошт, ки вай бунёдгузор ва муҳаррири нахустнашрияи даврони шӯравии тоҷик «Шӯълаи инқилоб» мебошад. Бо сайъу талоши зиёде дар муқобили роҳбарони вақти пантуркисти Туркистони шӯравӣ тавонист 91 шумораи ҳафтаномаро ба табъ расонад ва мардуми тоҷикро бо ҳадафу мақсади давлати навтаъсиси шӯрвӣ ошно намояд.
Дар маърӯзаи докторҳои улуми филология Ф. Зикриёев, М. Муродов, номзадҳои илм Н. Ғаффоров, П. Гулмуродзода, суханронии академик М. Диноршоев, профессор А. Маҳмадаминов ва номзади илмҳои филология Ҷ. Азизқулов аз хусуси фаъолияти омӯзгорӣ, рӯзноманигорӣ, ноширӣ ва мутарҷимии фарзонафарзанди миллати тоҷик дар оғози садаи ХХ сухан рафт, ки риштаи умраш чун ҳазорон тани бегуноҳ дар даврони шахспарастии сталинӣ канда шуд.
Ҳоло ба хотири ошнойии бештари хонандагони рӯзнома ба зиндагиномаи ин марди ҳақталошу ҳақпараст мақолаи устоди ДМТ Пайванди Гулмуродро пешкаш мекунем, ки рӯзгор ва осори С. Ализода бозгӯ менамояд.

Пайванди Гулмурод

АЛИЗОДА-ФАРЗАНДИ ФАРЗОНА ВА ҲАҚТАЛОШИ МИЛЛАТ

«Шириншо Шотемур бо чунин фарзандони огоҳу бедордили миллат, мисли Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Сайидризо Ализода, Аббос Алиев, инчунин сарварони сиёсии равшанфикру ватандӯст – Нусратулло Махсум, Абдурраҳим Ҳоҷибоев, Абдулқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Нисор Муҳаммад ва дигарон дар чунин даврони печидаву сангин ба пуштибонии миллат ва ҳифзи манфиатҳои он бархоста, пойдевори Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузошт».
Эмомалӣ Раҳмон

Таҷаддудхоҳиву равшангаройии Осиёи Миёна марбут аст ба кору пайкори Аҳмади Дониш, ки тавонист дар давраи тору зулмот ва қафомонии кишвараш аз пешравию дигаргунӣ, раҳову озодӣ, илму маориф сухан ба миён оварад. Бо ҷуръату ҷасорати беҳамтояш номаш вирди забонҳо шуд. Гурӯҳе-онҳое, ки дар сари қудрат ва ҷонибдорони онҳо буданд, бо нафрату ғазаб ном мегирифтанд, гурӯҳи дигар, ки роҳи ислоҳи ҷомеаву пешравии миллату меҳанро мехостанд, бо ифтихору самимият.
Аҳмади Дониш ва пайравонаш дар охири садаи Х1Х ба назарии маорифпарварӣ бо нигоштаҳояшон пояи қавие гузоштанд ва маорифпарварону таҷаддудхоҳони оғози садаи ХХ, ки дар таърих бо номи ҷадидон ёдоварӣ мешаванд, ба фаъолияти амалӣ пардохтанд. Бо аввалин мактабҳои усули нави форсии тоҷикӣ дар оғози садаи ХХ дар Самарқанду Бухоро Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Абдулқодири Шакурӣ, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Садриддини Айнӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ толибилмонро аз торикӣ ба равшанӣ ҳидоят карданд. Китобҳои дарсии Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Ҳоҷӣ Муин, Исматуллоҳ Раҳматуллоҳзода, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Абдулқодири Шакурӣ, «Раҳбари хат»-и Мунзим, «Таҳзибуссибён», «Тартилулқуръон», «Заруриёти диния»-и Устод Айнӣ, «Роҳбари форсӣ»-и Муҳаммадрасул Расулӣ, «Мухтасари таърихи ислом»-и Фитрат ва бисёр дигар китобу васоити таълимӣ барои толибилмони ин мактабҳо на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дигар кишварҳои форсизабон маъруфу машҳур гардиданд.
Сайидризо Ализода яке аз он равшанфикрону таҷаддудхоҳони тоҷик дар оғози садаи ХХ буд, ки дар соли 1887 дар ноҳияи Боғишамоли Самарқанд дар хонаводаи ҳунарманди шоҳибоф, марди босавод ва илмдӯст Мирмӯҳсин ба дунё омадааст. Бино ба таъкиди ӯ, мардуми Боғишамоли Самарқанд “ҳама эрониёнанд, ки дар соли 1200 ҳиҷрӣ (1786 мелодӣ) дар ҷанги амири Бухоро Мирмаъсум ва хони Марв Байрамалихон, ки ба воситаи хиёнати ваҳшиёнаи амири Бухоро Марв суқут кард ва Байрамалихон мақтул гардид, асирон аз Марв ба Бухоро омадаанд ва қисме дар Бухоро монда, боқӣ ҳамагӣ бa шаҳрҳои гуногуни Туркистон пароканда шудаанд. Аз ҷумла, як қисми онҳо дар Самар¬қанд ҳастанд, ғолиби онҳо дар маҳали Боғишамол сукунат доранд”.
Сайидризо Ализода аз анъанаҳои беҳтарини илму фарҳанги ин маркази форсизабонон-Самарқанди бостон баҳраманд гардида, дар ҳамин ҷо касби илм кард ва забонҳои гуногунро омӯхт. Аз рӯйи мушоҳидаи яке аз олимони маъруфу тарҷумонҳои машҳури тоҷик Раҳим Ҳошим вай “ба хондани газета ва китобҳое, ки дар Озарбойҷон, Эрон ва Ҳиндустон чоп шуда, дар даҳаи аввали асри мо (садаи ХХ-П. Г.) дар Самарқанд низ дастраси талабон мегардиданд, майлу рағбат пайдо кард ва ин яке аз воситаҳои муҳими ҷустуҷӯйҳои илмӣ ва адабии ояндаи вай гардид. Шиносоии ӯ бо Шайх Абулқосим ном марди олим ва рӯҳонии тараққипарвари озарбойҷонӣ, ки дар он солҳо дар Самарқанд дар бадарға ҳаёт ба cap мебурд, дар муайян намудани роҳи ҳаётии ояндаи ӯ мавқеи муҳиме доштааст. Ализода дар мактаби усули наве, ки Шайх Абулқосим дар райони Боғишамол таъсис карда буд, ба муаллимӣ cap карда ва солҳои зиёд тавъам бо фаъолият дар соҳаи матбуот ба кори муаллимӣ низ иштиғол дошт”.
Аз тарафи дигар, таъсиси рӯзномаҳои форсизабон дар садаи Х1Х дар сарзаминҳои мухталиф-Ҳиндустону Эрон, Туркияву Афғонистон, Мисру Инглистон, аз як сӯ, баёнгари нақш ва аҳамияти забони форсӣ ва нишондиҳандаи ҷуғрофиёи васеи ин забон бошад, аз сӯйи дигар, ба рағми ҳамаи монеаҳо онҳо дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Осиёи Миёна паҳн мешуданд. Ба вижа, дар давраи инқилоби якуми рус дар солҳои 1905-1907, ки дар қаламрави Русияи подшоҳӣ низоми назорат суст гардида буд, нашрияҳои «Ҳаблулматин», «Парвариш», «Чеҳранамо», ҷаридаву маҷаллаҳои туркиву тоторӣ ва озарбойҷонии «Тарҷумон», «Мулло Насриддин», «Сирот-ул-мустақим» ба дасти мунавварфикрон ва ислоҳталабони Осиёи Миёна бештар мерасид ва онҳо дар амри бедорӣ ва ташаккули таҷаддудхоҳон, пайванди ҷунбиши ислоҳталабонаи ҷадиди Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои тоҷикнишин бо амвоҷи наҳзати машрута ва озодихоҳони кишварҳои дигар нақши муҳиме бозиданд.
Дар хусуси маъруфият ва маҳбубияти маҷаллаи мусаввари ҳаҷвии озарбойҷонии «Мулло Насриддин» ва бунёдгузори он адиби демократ Мирзоҷалил Маҳмадқулизода дар байни равшанфикрону маорифпарварони тоҷик дар оғози садаи ХХ Раҳим Ҳошим навишта буд: «Навиштаҳои Мирзоҷалил дар «Мулло Насриддин», метавон гуфт, ки аз рӯзи авали нашри ин маҷалла на танҳо дар миқёси худи Озарбойҷон ва Эрон, балки дар тамоми Осиёи Миёна низ хонандагони зиёде дошт. Ин журнал дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, ки пеш аз инқилоб марказҳои асосии илмӣ ва мадании тоҷикон буданд, хонандагони зиёд дошт. Як қисми ин хонандагон бо Мирзоҷалил шахсан шиносоӣ ва мукотиба доштанд».
Сайидризо Ализода на танҳо бо ин нашрияҳо ва матбуоти маҳаллӣ, ки бо забонҳои русиву туркӣ чоп мешуданд, ошноии комил дошт, балки дар матбааи Демурови Самарқанд чун ҳуруфчин ва баъдтар дар рӯзномаи русии “Самарқанд” ба ҳайси мусаҳҳеҳ фаъолият кардааст. Ифои вазифа дар нашрияи сотсиал-демократҳои Осиёи Миёна “Самарқанд”, ки бунёдгузораш роҳбари сотсиал-демократҳои Туркистон Морозов буд ва дар мақолаҳояш сиёсати ғосибонаи ҳукумати подшоҳии русро нисбати мардумони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикони кӯҳистони Зарафшон мавриди интиқоди шадид интишор медод, дар бедорӣ ва худшиносии ӯ нақши муҳиме бозид.
Бад-ин васила, ба кори матбааву матбуот ошноӣ пайдо кард. Забони русиро хуб омӯхта, бо адабиёти рус ошно гардид, ки дар фаъолияти минбаъдаи ӯ - омӯзгорӣ, таълифи китобҳои дарсиву луғат, матбуот ва тарҷумонӣ нақши муҳим бозид.
Ў аз рӯзҳои нахустини таъсиси нашрияҳои маорифпарвари машҳури тоҷик, яке аз шахсиятҳои маъруфи сиёсии Осиёи Миёна Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ–рӯзномаи сезабона-тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русии “Самарқанд” ва маҷаллаи дузабонаи тоҷикӣ ва ӯзбекии “Ойина” ҳамчун масъули бахши тоҷикӣ дарду алами форсизабонони Осиёи Миёнаро ба рӯйи сафҳа меовард. Таваҷҷӯҳи маорифпарвар ва адиби оташинсуханро бештар масоили мактаби мардуми форсизабони шаҳри Самарқанд ба худ кашида буд, ки тарзи таълим дар мактабу мадрасаҳои кӯҳна равшанфикрону мунавварфикронро қаноат намесохт ва онҳо бо ҳар роҳу васила аз пайи ислоҳи мактабу маориф буданд. Дар силсиламақолаҳояш дар рӯзномаи “Самарқанд” ва маҷаллаи “Ойина” муаммову мушкилоти ин мактабҳоро мавриди баррасӣ қарор медод.
Дар хабари “Мактаби мардуми Боғишамол” дар шумораи ҳафтуми рӯзномаи “Самарқанд” навишта буд, ки “мактаби исломия, ки ба тариқи усули ҷадид дар Боғишамол аз муддати 5-сол то кунун кушода ва дар он аз 60 то 80 нафар шогирд ба луғати туркиву форсӣ ва русӣ ба хондан машғул буданд, ба наздикӣ бинобар бепулӣ ва қадри мактаб надонистан баста шуда, шогирдонаш боз ба бекорӣ ва говчаронӣ рӯ ниҳоданд. Қариб ба 10 ҳазор эрониёни Боғишамол як мактабро зинда нигаҳ надоштанд, ки хеле ҷойи таассуф аст. Аз ин зиёдии нуфуси боло чӣ фойида?”
Дар шумораи 11-и рӯзнома дар “Мактуб ба идора” дар ҷавоб ба хабари боло кинояомез навишта: “Чи гуна давлатмандони моро беҳиммат гуфта, ки дар тӯйи хатна ва арӯсӣ ақаллан 10 ҳазор, дар азо ва мурда бештар аз 5 ҳазор ва дар зиёфат ва меҳмонӣ… ҳазор танга харҷ мекунанд, аммо дар роҳи мадорис ва макотиб, ки тарвиҷи дин ва тараққии миллати ислом ба воситаи онҳост, ду пули сурх ҳам сарф намекунанд?!!!”
Ин гуна саволҳои беҷавоб ва таъкиди сахт дар нигоштаҳои он замони С. Ализода хеле зиёд буданд, ки ҳадафаш ҳифзи забони модарӣ, таҳрики афкори мардум ва ҳидоят ба сӯйи худшиносиву худогоҳӣ буд.
Аз сӯйи дигар, дар рӯзномаи “Самарқанд” ва маҷаллаи “Ойина” аз рӯзномаи “Сироҷулахбор”-и Маҳмуди Тарзӣ мақолаҳо ойид ба мушкилиҳои макотиби нав дар Афғонистон нашр мешуд ва таъкид мегардид, ки чунин камбуду норасоиҳо дар мактабҳои Самарқанд низ ба назар мерасанд.
Аз тарафи дигар, «Сироҷулахбор»-и Маҳмуди Тарзӣ низ матолиби нашрияҳои М. Беҳбудиро ба табъ мерасонд, ки аз ҳамкории хуби тарафайн шаҳодат медиҳад.
Маҷаллаи «Ойина хабар дода буд, ки «мақолаҳои ба форсӣ таълиф кардаи муҳассили бухороӣ аз Истамбул Абдуррауфи Фитрат- афандиро бо номи «Тараққӣ ва тамаддун», ки дар шумораи 44 собиқ ҷаридаи «Самарқанд» табъ шуда буд, маҷаллоти мӯътабари «Сироҷулахбор» барои худ тамоман рӯйнавис кардааст».
Масъалаи мактабу маориф, матбааву матбуот дар солҳои аввали таъсиси давлати Шӯроӣ, ки дар қаламраваш баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳову халқиятҳоро эълом дошт, таваҷҷӯҳи Сайидризо Ализодаро бештар ба худ кашид. Ў бо азму талоши беандоза 10 апрели соли 1919 дар шаҳри Самарқанд ба нашри нахустин ҳафтаномаи тоҷикии “Шӯълаи инқилоб” муваффақ шуд.
Ў ҳамзабонони худро ба ҳадафу мақсади ҳукумат ошно карда, вобаста ба талаботи замони нав мардумро ба истифодаи мукаммали шароити мувофиқ ва имконияти мавҷуда даъват менамуд. Чун маорифпарвар ба анъанаҳои он ҷараён содиқ монда, мардумро ба илмомӯзӣ ва ширкати фаъолона дар ислоҳу ба низом овардани идораи давлат тарғибу ташвиқ мекард, ки дар он айём аз ҳар намояндаи бедордили ин қавму миллат ҳушёриву ҷонбозиро талаб дошт. Вале мутаассифона, чун солҳои пеш миллат дар хоби ғафлату ҳоли парешон вақти муносибро аз даст дода, имконияти мавҷударо ба таври зарурӣ истифода намекард ва ба таъкиди паёпайи фарзанди ҷонсӯзу дилбандаш таваҷҷӯҳ намедод. Зиёда аз ин, ба нашрияи ягонаи хеш дар ҳудуди Осиёи Миёна бепарвоӣ зоҳир намуда, на ёрии моддӣ медод, на аз нигоҳи маънавӣ дастгирӣ мекард. Аз сӯйи дигар, душманону мухолифини форсизабонон бо ҳар роҳ мехостанд нашри ҳафтаномаро боздоранд, ки Сайидризо Ализода чун шахси сиёсатмадор ба ҳар рафтору кирдори онҳо ҷавоби мувофиқ медод ва намегузошт, ки шӯълаи умеди ҳамзабононаш хомӯш гардад. Дар шумораи дуюми ҳафтанома мақолаи “Як сӯйиқасди ғаразкорона ба маҷаллаи мо”-ро ба табъ расонида, аз кӯшиши нахустини ин гурӯҳ хонандагонро огоҳ карда буд: “Ҳанӯз шумораи аввали маҷаллаи мо қадам ба майдони матбуот нагузошта, ҳанӯз “Шӯълаи инқилоб” шӯълаи дурахшони худро ба ҷое наафшонда буд, ки дастаи шабпаракон аз тарси ин ки чашмони ғаразбинашонро хираву торик кунад, ба даври ҳам гирд омада, аз пайи хомӯш кардани ин шӯъла камар бастанд ва барои қатли ин бачаи зоиданашуда омода гардиданд. Инҳо барои буридани забони як ҷамоаи Туркистон, ки тақрибан ду миллиюн нуфус дорад, шамшерҳои худро тез карданд.
Ин ҷанобон ба баҳонаи ин ки забони расмии Туркистон туркист, розӣ нашуданд, ки дар ҳамаи Туркистон ақаллан як ҷаридаи форсӣ вуҷуд дошта бошад. Дар сурате, ки дар ин мамлакат як ҷамоаи форсизабоне ҳам ҳаст, ки ҳама ба матбуоти форсӣ ташна мебошанд ва аз матбуоти туркӣ истифода кардан наметавонанд. Дар сурате, ки ба ҷузъ матбуоти мутаъаддидаи туркӣ ва русӣ барои як мушт австриёгиҳо, маҷорҳо, полякҳо ва украинҳо ба забони миллии худашон рӯзномаҳои ҷудогона интишор меёбад ва ба яҳуду арманиҳо ихтиёри нашри ҷаридаи миллӣ дода шуда…”
Ҳарчанд ғарази аслии онҳо-боздоштани нашри ягона нашрияи форсизабононро хуб медонист, ба ин кирдори онҳо аз нигоҳи сиёсӣ баҳо дода, ки дигар барои нашри ҳафтанома монеа эҷод накунанд: “…шумо душмани забони форсӣ нестед, шумо хуб медонед, ки аз ин забон шуморо зараре намерасад. Матлаби шумо ҷойи дигар аст: чун маҷалла нашри афкори фирқаи иштирокиюн аст ва маслаки ин фирқаро тарвиҷ мекунад, лиҳозо шумо ба ин гуна баҳонаҳо мехоҳед ин маҷалларо нобуд кунед. Пас, шумо дар ҳақиқат, дар зидди фирқаи иштирокиюн ҳастед”.
Ҳадафу мақсади рӯзноманигори воқеанигор, ҳақиқатҷӯ ва адолатпарвар роҳнамунии ҳаммиллатон ба омӯхтани илму маорифи замонавӣ ва ислоҳи ҳар чӣ зудтари камбуду норасоҳои ҳаёти иҷтимоӣ буд, ки дар гузаштаи начандон дур амалӣ кардани он басе мушкил ва ҳамеша ба муқовимату зиддияти гурӯҳи иртиҷоъӣ рӯ ба рӯ мегардид. Замони нав чунин имкониятро ба вуҷуд овардан мехост ва аз аҳли ҷомеа фаъол буданро тақозо медошт, ки барои соҳибӣ ба ҳаққу ҳуқуқи хеш ҷидду ҷаҳд намуда, талош варзанд. Вале тоҷикон сайъу кӯшиш намекарданд, ба ҳар рӯйдоду воқеа ба чашми ибрат дида намедӯхтанд, ки С. Ализода барин ҷонфидоёни миллатро ба риққат оварда буд ва гилаомез таъкид дошт: “Ҳарчанд зулму ситами дигаронро кашидем ва ҳар қадар ки ҷабру озори бегонагонро дидем, лекин дареғо, ки ҳеч бедору ҳушёр нашудем. Афсӯс, ки ҳеч дарси ибрат нагирифтем. Мо гӯё ки ба зулму ситам кашидан хӯ гирифтаем, дар бандагию асорат зистан оддӣ шудаем. Мо гӯё ки фақат барои кашидани бори дигарон офарида шудаем. Мо бояд ки аз ин зиндагонии хорию расвоӣ ҷудо нашавем!..
Мо аз ҳодисаҳои даҳшатангези даҳр, аз воқеаҳои ибратомези замон панд намегирем, панд гирифта, айбҳои худро ислоҳ намекунем, хатоҳои хешро дуруст наменамоем. Гӯё ки ба маданияти пешинаамон, бо шарафу номуси собиқамон қобилият ва истеъдоди мо низ як ҷо рафтааст ва маҳв шудааст. Ҳар гоҳ ин аҳволоти худро ба назари диққат гирифта, фикри гавде (амиқ) намоем, яқин хоҳем кард, ки аз рӯзи сиёҳи оянда, аз яъсу навмедиҳои рӯоваранда ба ҳеч ваҷҳ халосӣ ёфтан барои мо мумкин нест”.
Сайидризо Ализода дар ҳар мавриди муносиб ва новобаста аз он ки дар хусуси кадом мавзӯъ ибрози андеша мекунад, ҳаммиллату ҳамзабононашро ба ғайрату ҳиммат, кӯшиш, ҷидду ҷаҳд, сайъу талош дар омӯзиши илму маориф, дурӣ аз танбалӣ, танпарварӣ, ҷаҳолату нодонӣ даъват мекард. Вақте ки дар бораи “Аҳволи сиёсӣ” нигорише пешниҳод мекард, аввал дар ин хусус сухан мекушод ва вазъи миллатҳоро ба ҳам муқоиса мекард: “Дар ин авохир аз симҳои телеғроф ва сутунҳои ҷароид хабари муҳиме дар даст кардаем, ки қисме аз онҳо шодиовару ҳазин ва қисме дигар ғамовару андӯҳгин аст. Зотан, хамираи бани одам аз ғаму шодӣ сиришта шуда, ӯ бо ғаму шодӣ зоида шуда ва бо ин хоҳад мурд. Вале фарқи масъала дар ин ҷост, ки як миллат дар сояи иҷтиҳод ва ғайрати миллӣ ва дар давлати илму маориф замоне васоили ғаму андӯҳро рӯз то рӯз кам мекунад ва миллати дигар ба ҷиҳати танбалӣ ва аз шумии ҷаҳолату нодонӣ ва бехабар будан аз иқтизои замона ғаму мусибати худро соат ба соат меафзояд”.
Изҳори умедворӣ мекард, ки “аз он ҷое ки мо бедор шуда, мехоҳем ба зумраи миллати улё дохил гардем, умедворем, ки шодӣ ва хурсандии мо ба ғаму андӯҳамон ғалаба карда, оқибатамон ба хайр анҷомад”.
Дар як қатор нигоштаҳояш С. Ализода масъалаи забонро ба миён гузошта, аз таваҷҷӯҳи ҳукумати нав ба забонҳои миллӣ ва вазифаҳои оянда хонандагони ҳафтаномаро огоҳ кардааст. Ў аз як тараф, чун маорифпарвар ва равшанфикри миллат ба ин масъала мутаваҷҷеҳ гардад, аз тарафи дигар дар замони муборизаи шадиди пантуркистҳо ва маҳдудияти ҳаққу ҳуқуқи форсизабонҳо ба ҳар васила, монеӣ ба нашри ягона нашрияи форсизабонон ва таъсиси макотиби нав ба забони модариашон наметавонист ба ин масъала таваҷҷӯҳ накунад. Дар мухбирномаи “Шӯъбаи форс дар ҳузури идораи корҳои миллӣ” ойид ба вазифаи ин шӯъба иттило ва дар айни замон ба хонандагон ҳушдор медиҳад: “Забон рукни азими миллат аст, ки ба маҳзи гум шудани забон ҳамон миллат, ки мутакаллим ба он забон аст, гум ва нопадид хоҳад шуд. Ҳеч миллате дар дунё наметавонад ҳастӣ ва мавҷудияти худро таъмин кунад магар бо нигаҳдорӣ ва муҳофизати забони модарии худ. Аз ин рӯ, ҳар миллат ҳақ дорад забони модарии худро гиромӣ дорад, азиз шуморад, муҳофизат кунад, то ки аз вартаи инқироз ва нобудӣ худро халос намояд”…
Бино ба таъкиди яке аз шоҳидони воқеа Раҳим Ҳошим “Ализода кӯча ба кӯча ва дӯкон ба дӯкон гашта, саводноконро ба хондан ва обуна шудан ба маҷалла ташвиқ мекард ва баъзан худаш маҷалларо ба муштариён меовард”.
Вале чун ин ҳама сайъу талоши С. Ализода натиҷае надода, аз ҳаммиллатони худ на ёрии моддӣ ва на дастгирии маънавӣ дид, баъди нашри 22 шумораи ҳафтаномаи «Шӯълаи инқилоб» бо “Хонандагон, Худо ҳофиз!” гуфт ва хабар дод, ки “ҳангоме ки мо ба майдони матбуот даромада, қалами шикастаи худро ба даст гирифтем, яқин доштем, ки миллати мо–форсҳо ба матбуот ташна ҳастанд. Қадри матбуоти форсиро дониста, аз ҳар ҷиҳат барои пойдории маҷалла ёрӣ ва ҳамроҳӣ хоҳанд намуд. Чунон ки дар ин бора аз чандин нафар маорифпарварони форс ваъдаҳои равғанӣ ҳам гирифта будем. Вале афсӯс, ки дар муддати ин шаш моҳ ҳар чи фарёд задем, касе ба фарёди мо нарасид, на аз ҷиҳати моддӣ ва на маънавӣ касе моро ёрӣ накард, ки то дили мо гарм шуда, ба такмилу давоми маҷалла бикӯшем.”
Дар ҳамин гуна замони мушкил ва дар воқеъ, тақдирсоз хомӯшии ягона нашрияи форсӣ дар қаламрави ин кишвар рафиқ ва ҳамқалами Ализода дар нашрияҳои Беҳбудӣ-Ҳоҷӣ Муъинро бо чанд нафар ҳаммаслакон ба ҳаракат оварда, ба ибораи муҳаррир “пас аз мурдан зинда сохтанд”.
С. Ализода бо қаноатмандӣ дар шумораи 23 навишта буд: “Вале чанд нафар аз ҳаммаслакони мӯҳтарам ва хусусан, рафиқ ва ҳамқалами мо Ҳоҷӣ Муъин розӣ нашуданд, ки маҷаллаи ночизи “Шӯълаи инқилоб”, ки муддати шаш моҳ бо ҳиммати онҳо муштаил буд, якбора хомӯш шавад…
Ин ҳаммаслакони гиромӣ маҷаллаи “Шӯълаи инқилоб”-ро на танҳо аз ҷиҳати моддӣ таъмин намуданд, балки аз ҷиҳати маънавӣ низ ба таъмини он кӯшиданд. Чунончи, рафиқонамон Айнӣ, Мухторӣ ва Маҳмудӣ ваъда доданд, ки саҳифаҳои маҷалларо бо мақолаҳои судманди хеш ороиш бидиҳанд.”
Бо азму талоши С. Ализода ва ҳиммати ҳаммаслаконаш ҳафтанома то 8 декабри соли 1921 91 шумора нашр гардида, хонандагонашро аз воқеаву рӯйдод, таҳаввулоту тағйироти олам, дигаргуниҳои шаҳру вилояти Самарқанд, кишвари Туркистон, аморати Бухоро, суқути аморат ва таъсиси Ҷумҳурии халқии Бухоро ошно карда, дарду алами тоҷикону форсизабонони Варорудро ба риштаи таҳқиқ кашид.
Баъди анқариб се соли хомӯшӣ дар арафаи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна- 25 августи соли 1924 дар Самарқанд рӯзномаи нахустини даврони нав-«Овози тоҷик»-ро ба нашр расонданд, ки дар сармақолаи С. Ализода “Дебоча ва маром” ва мақолаҳои устод С. Айнӣ “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, М. Раҳимӣ “Ҷарида чист?”, А. Қурбӣ “Аҳолии кӯҳистон ва маориф” дар шумораи аввалин ҳадаф, мақсаду маром ва самти минбаъдаи фаъолияти рӯзнома хеле хуб ифода ёфта буд.
«Рӯзномаи ҳар қавм забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон забон надорад. Яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст»,-таъкид дошт дар мақолаи «Қавми тоҷик ва рӯзнома» дар шумораи нахустини «Овози тоҷик» устод Садриддини Айнӣ-бунёдгузори адабиёти давраи шӯравии тоҷик.
Аз нигоҳи Сайидризо Ализода- котиби масъули рӯзномаи «Овози тоҷик» “рӯзнома тоҷиконро бо вазифаҳои давлатӣ шинос мекард, давлат дар навбати худ бо ёрии рӯзнома ниёзҳои халқро” бояд мефаҳмид.
Дар воқеъ, рӯзномаи «Овози тоҷик» доир ба масоили муҳими давру замон-тақсимоти марзии Осиёи Миёна, манфиатҳои тоҷикон, мактубу маориф, таърих, забону адабиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик мақолаҳои зиёде ба табъ расонда, ниёзҳои мардуми тоҷикро ба ҳукумати вақти шӯравӣ расонд. Вале, мутаассифона, на ҳамеша ҳукумат ба дарди дили мардуми тоҷик гӯш андохт.
Қисмати дигари фаъолияти Сайидризо Ализода марбут ба таълифи китобҳои дарсист, ки «Дабистони тоҷик», «Соли нахустин» (1920) ва «Сарфу наҳви тоҷикӣ» (1926)-ро дар солҳои аввали даврони шӯравӣ пешкаши хонандагони тоҷик гардонидааст. Ба ибораи профессор Д. Хоҷаев дар давраи тақдирсоз интишори «Намунаи адабиёти тоҷик» (М., 1926)-и устод Айнӣ муждаи фараҳбахш аз адабиёти қадиму оламшумули тоҷик ва «Сарфу наҳви тоҷикӣ»-и Сайидризо Ализода (чопи дувумаш соли 1927) аз таърихи афкори забоншиносии мардуми тоҷик буд. Зеро аз асрҳои миёна то Инқилоби октябр дар мадрасаҳои тоҷикии Осиёи Миёна дар шарҳу тавзеҳи кулли қойидаҳои сарфу наҳв ва луғат забони арабӣ ва грамматикаи он нақши муҳим дошта, забони форсии тоҷикиро чун воситаи шарҳу эзоҳи он қавоид истифода мебурданд.
Сайидризо Ализода бо таълифи «Сарфу наҳви тоҷикӣ» чун забоншиноси беҳамто бори аввал бунёди грамматикаи нормативии забони тоҷикиро барои мактабҳои таҳсилоти ибтидоию миёна гузошт.
Ў дар Анҷумани якуми забоншиносони тоҷик дар соли 1930 дар Сталинобод, ки яке аз чорабиниҳои муҳими ҷумҳурии тоҷикон ва дорои аҳамияти бузурги таърихӣ маҳсуб меёфт, ширкат варзидааст.
Шохаи дигари фаъолияти пурсамари эҷодии Сайидризо Ализодаро тарҷумаи осори адибони машҳури халқҳои дигар ташкил медиҳад, ки бино ба таъкиди Раҳим Ҳошим «яке аз устодон ва ҳаққан аз асосгузорони тарҷумаи бадеӣ аз русӣ ба тоҷикӣ мебошад ва дар соли 1912, ҳангоми муҳарририаш дар журнали «Ойина» ба тарҷумаи бадеӣ шурӯъ кардааст».
Тарҷумаи асарҳои «Сад фоиз»-и адиби амрикоӣ Синклер Эптон (1938), «Дубровский» (1935), «Духтари капитан» (1936), «Моткаи қарамашшоқ» (1937), «Ҳикояҳои Белкин» (1938)-и асосгузори адабиёти рус А. С. Пушкин, «Семент» (1936)-и адиби рус Ф. Гладков, «Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфтааст» (1938)-и нависандаи рус Н. Островский, «Каждум аз меҳроб» (1938)-и адиби ӯзбек А. Қодирӣ ба забони форсии тоҷикӣ мутааллиқ ба қалами ӯст. Дар нашрҳои минбаъдаи баъзе аз ин осор ба забони тоҷикӣ вобаста ба сиёсати давр бинобар эълони «хоиниву ҷосусӣ ба давлат» номи мутарҷим С. Ализодар зикр нашудааст.
Ў инчунин намунае аз осори Фирдавсӣ, Навоӣ, Низомиро низ ба забони русӣ тарҷума карда, дар тарғибу ташвиқи мероси ғании мутафаккирони бузурги Шарқ барои оламиён ҳиссаи арзанда гузоштааст. Китобҳои маъруфи «Таърихи давлатдории Русия»-и Карамзин, «Туркистон»-и Бартолд, «Таърихи умумии Аврупо», «Таърихи Ҷопон»-ро ба тоҷикӣ баргардонидааст.
Бино ба маълумоти набераи Сайидризо Ализода-Фарҳод Ализода бо супориши шоҳи Афғонистон Амонуллохон оид ба таърих ва маърифати ислом китобҳои зиёдеро, ба мисли «Асри саодат», «Муросилот-мактубот», «Одоби икром», «Таърихи ислом», «Таърихи Туркистон», «Қонуниятҳои динӣ», «Маданияти ислом», «Зарурати ислом», «Фан дар бораи коинот»-ро ба забони форсӣ навишта, ки дар матбааи шаҳри Лоҳури Покистон чоп шудааст. Дар ин шаҳр дар давоми солҳои 1923-1934 даҳ асари Сайидризо Ализода нашр гардидааст.
Вай мураттиби нахустин «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (дар ду ҷилд, 1933-34) иборат аз 61 ҳазор калима буд, ки Раҳим Ҳошим аҳамият ва хусусияти ин луғатро чунин ба қалам додаст:
«Ба ин луғат аввалин бор бисёр истилоҳҳои косибӣ ва ҳунармандӣ, номи асбобу анҷомҳои корӣ, истилоҳҳои гуногуни илмӣ ва адабӣ дароварда шуда буд, ки то он рӯз дар ҳеҷ куҷо қайд ва нашр нашуда буданд ва барои ёфтан ва муайян кардани онҳо устод Айнӣ ва хусусан Сайидризо Ализода шахсан, баъд аз кор ба пеши косибу ҳунармандҳо рафта бо онҳо сӯҳбат карда, пас аз таҳқиқ он калимаҳоро ба луғат дароварда буданд».
Рӯзноманигор, адиб ва мутарҷими маъруфи тоҷик С. Ализода бо адибони кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрону Афғоистон равобити хубу ҳамкориҳои самарабахш доштааст. Бо шоир ва мунавварфикри маъруфи Эрон Маликушуаро Баҳор мукотибаи дӯстона доштааст. Дар бархе аз рӯзномаҳои форсии оғози садаи ХХ нигоштаҳояш ба табъ расида, бино ба иттилои профессор Х. Асозода ҳамроҳи яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва адиби машҳури равшангаройи Афғонистон Маҳмуди Тарзӣ асари адиби шинохтаи фаронсавӣ Жулн Верн «Саёҳат дар давродаври замин дар 80 рӯз»-ро ба форсӣ баргардонистааст.
Ў низ чун садҳову ҳазорҳо нафар бегуноҳон тӯъмаи даврони шахспарасии сталинӣ гардид. Соли 1938 ҳангоми дарс дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба ҳабс гирифта, тибқи одати сиёсии он солҳо ба ҷосусӣ айбдор карданд. Вай дар аввал дар ҳабсхонаи Тоболск, баъдан дар ҳабсхонаи Владимир дар камераи яккаса азобу шиканҷа кашида, мувофиқи маълумоти ҳуҷҷатҳои расмӣ соли 1945 дар ҳабсхонаи Владимир аз касалии сил ҷон ба ҷонофарин супурд.
Дар соли 1987 бо саъйу кӯшиши наберааш Фарҳод Ализода хоки Сайидризо Ализодаро аз шаҳри Владимир ба зодгоҳаш оварда, дар қабристони «Панҷоб»-и Самарқанд дафн карданд.
Дар Самарқанд мактаб ва кӯча номгузорӣ шуда, ҳайкали биринҷии вай бунёд гардидааст. Хонаи истиқоматиаш ба осорхона табдил ёфтааст, ки муҳаққиқону пажӯхишгарон аз Эрону Олмон, Русияву Фаронса, Ҷопон, Англияву Амрико ва кишварҳои дигари дунё барои маълумоти бештар доир ба рӯзгору осори донишманди фарзона ва фидоии миллати тоҷик муроҷиат мекунанд.
Месазад, ки дар Душанбе-пойтахти давлати мустақили тоҷикон ба хотири азму талош, ҷонбозиву ҳақталошӣ ва кору пайкораш дар ҳимояи манфиатҳои тоҷикон дар 125-умин солгарди зодрӯзаш кӯчае ба номи ӯ гузошта шавад, то мардум бештару беҳтар фарзандони фарзонаи хешро бишносанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво