25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар даҳр буд ягона…

610
Нур ТАБАРОВ

Куфри чу мане гизофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)


Он рӯзи гарми офтобӣ бо хотираҳои сиёҳу сафед, мисли манорҳои осмонбӯси Бухоро ва сояҳои дарози онҳо, ки гоҳо рӯи замину гоҳо бари девор ва лаби бому сатҳи ноҳамвори сохтмонҳои ин шаҳри қадимаро ду тақсим мекарданд, дар лавҳи хотир нақш бастааст. Пас аз сӯҳбати ғашоваре дар дафтари муншии Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Бухоро-бонуи Садбарг, ки аслан аҳли Шофирком, яъне фарзанди як хонадони точик будааст, ману устод Холмурод Шарифов бо андешаҳои талху вазнин даруни мошини сабукраве раҳ мепаймудем чониби Афшана - ватани он бузургвор, Пури Сино, ба умеди мулоқоти "хаёлӣ" бо ин фарзанди нобиғаи миллати тоҷик...
Сабаби сафари ду роҳбар аз сохтори фарҳангии Тоҷикистон ба ҷумҳурии ҳамсоя таҳкими равобити дуҷониба дар соҳаи маданият, санъат ва маорифу матбуот буд ва бешубҳа бо розигии сарварони вакти ҳарду кишвар.
Пас аз мулоқотҳои расмӣ дарТошканд ҳамроҳи вазири маданияти вақти Ўзбекистон, драмиависи маъруф, равоншод Ўлмас Умарбеков, ману устод Холмурод ҷониби Самарқанд раҳсипор шудем. Чанд лаҳзае аз ин сафар ёдам меояд, ки ба мавзӯъ дахлдор мебошад.
Ўлмасако шахси хушмуомила ва хушсӯҳбате буд, аз ин рӯ, мо аз ҳар боб мубодилаи афкор мекардем, диду нуктаи назар дигаргуна бошад ҳам, аз ошноӣ бо он кас хурсанд будем, зеро хадафи мо як, яъне густариши равобити фарҳангии байни ду кишвар буд.
Аммо…
- Дӯстони азиз, таваҷҷӯҳ,- гуфтани Ўлмасако моро ба хушёрӣ даъват намуд. -Пас аз чанд лаҳза мо аз як ҷои барои ҳар як фарди ӯзбек муқаддас - аз Дарвозаи Темур мегузарем.
Ана, бинед; теппаи азимеро аз ду ҷониб бурида, "Дарвозаи Темур" номидаанд. Мо аз чунин нидоҳои пурсурур вобаста ба гузаштан аз Дарвозаи Темур дар ҳайрат афтода бошем ҳам, худро даст гирифтем ва ҳарфе ба ҷуз «оре» нагуфтем. Баъдтар , пас аз даҳсолаҳо, вақте ки Темурлангро дар ин ҷоҳо расман «падари миллат» эълон карданд, мо дарк намудем, ки ин ҳарфи тоза не, балки кайҳо решааш дар об афтода будааст. Аммо таърих пеш аз зуҳури Темурланг корҳои азиму баарзишеро анҷом дода…
Айнаки манн, ки дурбин аст, кӯмак расонд аз ҳама пеш лавҳаеро хонам, ки дар он ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ «Хуш омадед, ба Самарқанд!» навишта шуда буд.
-Дӯстон, таваҷҷӯҳ,- гуфтам ман. – Мо ба шаҳре наздик мешавем, ки барои ҳар як фарди тоҷик азизу мӯътабар аст, ба Самарқанд!
Ўлмасако якбора қафо гашта, дасти маро фишурду гуфт:
-Нур, мебахшед…
Ин худ як зуҳури ҷавонмардӣ буд аз ҷониби эшон.
Аммо имрӯз дар дили Бухорои шариф як нафаре, ки масъулияти тарбияти насли наврасро бар ӯҳда дорад, бо суханҳои худ дили моро сиёҳ кард… Якбора, пас аз шиносоӣ (бо забони русӣ), бо ин муншизан ба забони тоҷикӣ пурсидам, ки дар вилоят чанд мактаби тоӣ ҳаст. Мусоҳиби мо гуфт, ки дар вилоят ҳоло се- чор фисади аҳолӣ худро тоҷик мешуморанд ва ҳамин қадарҳо шояд мақсади таҳсил дар мактаби тоҷикӣ дошта бошанд. Ҳоло дар шаҳр як мактаби тоҷикӣ ҳаст, вассалом.
-Шумо, рафиқ котиб фарзанд доред?
-Оре, дорам.
-Онҳо ба кадом забон мехонанд, ҳарф мезананд?
-Бо забони ӯзбекӣ.
-Наход? Дар хона ҳам?
-Ҳа, чӣ буд? Бо ин забон мо фақат бо пиронсолон гап мезанем. Тамом.
-Муаллима, агар манн фарзанди шумо мешудаму фардо, баъди ақлам ба сарам расидан, мепурсидам, ки «Модарҷон, чаро манн забони модариамро намдонам?, чӣ мегуфтед?

Ҳамин дам устод Х. Шарифов ҳам маро як тунгӣ заданд, аммо кор аз кор гузашта буд. Котиб якбора сурху сафед шуда, бо оҳанги эътироз гуфт:
-Чӣ, шумо аз Душанбе барои бо ман ҷанг кардан омадед?
-Не, муаллима, охир фарзанд аз ин хусус аз модар напурсад, аз кӣ мепурсад? Маъзарат... Аз алам пурсидам...
Ниҳоят расидем ба Афшана (ё Лақ-лақа)-деҳаи хеле ободу азим. Аз чанд кас роҳи маҷмааи Ибни Синоро пурсидем. Ишора шуд, ки берун аз деҳа, дар майдони фарох ҷойгир аст.
Моро як чавонмарди тахминан 30-32-солаи ранги муяш мисли ранги рӯяш ба арғувон моил, соҳиби чашмони обӣ, ки дар кӯҳсорони Суғд вомехӯранд, истиқбол кард, аммо на бо забони модарии Буалӣ.
Ман оҳиста аз устод X.Шарифов, ки аксар вақт ботамкин ҳарф мезаданд ва гоҳо аз дуруштгапиҳои ман «нухтакашӣ» мекар¬данд, пурсидам:
-Наход ҳамин роҳбалад, ходими му¬зей, тоҷик бошад?
Бо ишораи "надонам" китф дарҳам кашиданд.
- Олими барҷастаи Осиёи Миёна, ки дар деҳаи Афшана соли 980 таваллуд шудааст, - оғоз намуд роҳбалад.
-Истед! Ў миллат дорад ё не? Чаро миёни ин экспонатҳо ягон сухани вай, ягон шеъраш ба забони тоҷикӣ нест? Чаро?
Ходими музей:
-Ман аз ин чизҳо огаҳӣ надорам,- гуфт.
-Пас шумо, додар, ба гӯши мо чӣ мехонед?- пурсилам аз ӯ бо забони тоҷикӣ.
Ночор маншаи ханда кард ва устод аз фурсат истифода бурда пурсид, ки оё ӯ тоҷик нест?
-Модарам тоҷик, падарам ӯзбек,-гуфт.
-Устод, манн гуфтам-ку, шаклаш суғдиёна аст, охир!
Хуллас, ҳам ба ҳоли модарони бухороӣ, ҳам ба ҳоли Ситорабону ва фарзанди бузурги ӯ ва ҳам ба ҳоли хештан дарунӣ сӯхтем ва ин музейи ба хотираи он воломақом эмор гардидаро тарк гуфтему рафтем ва имрӯз баъди беш аз бист сол он воқеаро ёдовар мешавам.
Аммо кашокашҳо аз домони абармардони ориёӣ, аз ҷумла Ибни Сино, то ба ҳол идома доранд.
Воқеан, дар даҳр чун ӯ якеву он ҳам тоҷик?! Барои дарёфти ҷавоб савор мешавем ба аробаи хаёлӣ ва мегардем ба пайроҳаи таърих, то аз рӯзгори рангину паномези «Устоди дувум»- Пури Сино огоҳ шавем ва занги дар дилҳо гузоштаи асри ХХ-ро бизудоем…
«Падари ман асалан аз Балх буда, дар замони салтанати Нӯҳ бини Мансур аз он ҷо ба Бухоро омад. Дар ин вақт ӯ ҳокими ҳамин деҳаи Хармайсон буд, ки яке аз калонтарин деҳоти Бухоро ба шумор мерафт.Дар наздикии он деҳае ба номи Афшана воқеъ аст, ки падарам ба он ҷо кӯчида, ба модарам хонадор мешавад. Ман ва бародарам дар ҳамон деҳа таваллуд ёфтаем… Падари ман… пайрави исмоилия буд… бародарам (Маҳмуд)ҳам. Аввалҳо маро ҳам ба мазҳаби исмоилия ташвиқ карда, бо манн аз фалсафа, ҳандаса ва ҳисоби ҳиндӣ сӯхбат мекарданд…
Падарам маро дар назди Массоҳ ном олими риёзиёт, ки худ баққолӣ мекард, шогирд гузошт, то ин ки аз ӯ илми ҳисобро омӯхтам… Ман ба мутолиаи китоби «Исо-ғучӣ» (асари Порфирий Тирӣ, ки муқаддимаи мантиқ ном дорад) дар ҳузури Абӯабдуллоҳи Боҳилӣ сар кардам. Рӯзе ӯ ба ман дар таърифи ҷинси ашё гуфт: "Ин чиз ҳамон аст, дар бораи бисёр чизхри гуногуншакл гуфта мешавад". Вале дар ҷавоби саволи "Ин чист?" ман таърифи он чизро ба тарзе таҳлил кардам, ки ӯ мислашро дар умри худ нашунида буд.Ў бениҳоят дар ҳайрат монд ва сонӣ ба падарам маслиҳат дод, ки маро ба ғайр аз илм бо кори дигаре машғул надорад... Ман ба мутолиа ва омӯзиши мустақилонаи шарҳу тафсирҳои мантиқ, сар кардам... ва дар илми мантқ, басе комил ва пухта гаштам.»
Бӯалӣ мегӯяд, ки илми тиб барояш осонтар буд ва дар ҳаждаҳсолагӣ табиби пухтакор гардид ва амир Нӯҳи II-ро аз дарди хавфноке даво бахшид ва бар ивази он ба китобхонаи «Саввонал ҳикмат» («Ганҷинаи ҳикмат») рухсат ёфт…
Имрӯз Номи Ибни Сино дар қатори бузургтарин файласуфони дунё гирифта мешавад ва бояд гуфт, ки ҷиддитарин иқдомро сӯи олами улуми фалсафӣ, юнони қадим, маҳз дар ҳамин ҷо, дар долони китобхонаи азим ниҳода буд.
Осори Гален, Гиппократ, Эвклит (Уқлидус) ва Птоломейро ҳамин ҷо омӯхта, бо «Метафизика», асари асосии фалсафии Арсту (Аристолел), шинос шуд, ки дарки нусхаи арабии он ҳатто пас аз чиҳил бори хондану азёд шуданаш ҳам осон набуд, то рӯзе, ки тафсири Ал-Форобӣ ба дасташ афтод ва кули мушкилот барояш равшан гашт…
Ачаб руйдодест ғариб табиати инсонӣ... Пас аз дарёфти рухсат ба хазинаи илм Буалӣ ончунон ба омӯзиш дода шуд,ки ба гуфти базе таърихнигорон мтани аксари китобҳои онро аз бар карда буд ва гоҳе, ки ин хазина оташ мегирад, ҳасудон тахмин мезананд, ки ин кори Синост, то имкони омӯхтани илмро ба дигарон намонад. Чӣ осон аст барои ононе, ки аз фазлу дониш дуранд, афкандани фозиле ба гирдоби тӯҳматҳои гӯшношунид!
Оре, ин гуна дурр аз фазл будагон агар муттаҳид шаванд, дарахти илму фарҳангро аз беху бун канда мепартоянд! Фазлу бефазлӣ мисли равшаноӣ ва зулмат, гармӣ ва сардӣ, обу оташ, сиёҳу сафед наметавонанд якдигарро таҳаммул кунанд, ҳарчанд бе ҳамдигар вуҷуд ҳам надоранд. Воқеан агар нодон набошад доноро ба қиёс мекунӣ? Ин машқҳои соддаи мо ҳам, аҷаб не, натиҷаи илҳом гирифтан аз ҷаҳду талоши устод аст. Ин ҳам ҳаст, ки боиси пешрафт будани илму дониш дар ҷомеа аз айёми қадим маълум буд ва олимонро аз ин рӯ азиз ҳам медоштанд.
Қатъи назар аз оғози давраи сукути Оли Сомон анъанаҳои фарҳангдӯстӣ, дӯстии онон на ба зудӣ аз байн мерафт. То оғози ҳуӯми ғазнавиҳо Сино тавонист чанд гоҳе дар сояи давлати хоразмшоҳиён кор кунад, вале дар хидмати Султон Маҳмуд будан барояш гарон намуд ва ӯ ба ҷониби Нишопур, Ҷурҷон, Ҳамадону Исфаҳон фирор кард ва чанде вазири Амир Шумсуддавла буд, пас аз марги Амир бо тӯхмате зиндонӣ шуд ва баъд ба Исфаҳон гурехт. Хуллас, умри хеле бобаракти ин олим аз рӯйдодҳои пурнизоъ низ ғанӣ буд.
Вале дар хазинаи ирфони инсоният маҳз ҳамон дастовардҳои ашхоси бузургманиш ҷой мегтранд, ки дар қиёс бо кардаи пешиниён ва ҳамзамонон бартарие дошта бошад. Ба қуввату қудрати ақлонӣ ва дониши фарогири кайҳонӣ наметавон касеро бо Шайхурраис баробар кард, м агар, ки устодони аввал-Арасту ва Суқротро.
Ҳамон шогирди вафодори ӯ Абӯубайди Ҷузҷонӣ менигорад: «Инак, номгӯи тамоми китобҳое, ки эшон (яъне Ибни Сино) таълиф кардаанд: «Китобулмаъҷун» (як ҷилд), «Китобалҳосилу, валмаҳсул» (20 ҷилд), «Китобулбирр, валқисм» (оид ба ахлоқ-2 ҷилд), «Китобушшифо» (18 ҷилд), «Китобалқонун» (китоби аҳкоми тиб-14 ҷилд), «Китобуларсад» (китоби маҷмӯи мушоҳидот- 1 ҷилд), «Китобулинсоф» (шарҳи асарҳои Арасту-20 ҷилд), «Китобуннаҷот» (з ҷилд), «Китобулҳидоят» (Дастуруламал оид ба тиб – 1 ҷилд), «Китобалмухтасар алавсат» (Авсати Ҷузҷонӣ – 1 ҷилд), «Китобулкуланӣ» (оид ба бемориҳои рӯдаву меъда – 1 ҷилд), «Лисонулараб» (дар бораи забони арабӣ – 10 ҷилд), «Китобуладвият улқалбия» (оид ба даъвоҳои дил – 1 ҷилд), «Китобулмизоҷ» (як ҷилд), «Алмубоҳисот», «Аксаралмасоил», «Ситта ишороти масъала» (мубоҳиса бо Берунӣ), Мадхал дар бораи санъати мусиқӣ, … Рисола дар бораи арҷз, китоби «Тадбири лашкар, ғуломон, аскарон, шарҳи «Китобуннафси Аристотолис (Арасту), Рисола дар бораи мамлакатҳо (оид ба ҷғрофия), «Мафотеҳ алхазоин « (оид ба мантиқ), Рисола дар бораи ишқ…
Мавзӯъ ва вусъати идроки ин нобиғаро бинед. Имрӯз ба кулли ин масъалаҳо даҳҳо муассисаҳои илмӣ машғуланд, вале дар он давр, ягонаи замон – Ибни Сино банд буд! Катъи назар аз он ки ҳар айём мушкилоти хешро дорад ва умдатарин масоили худро, аммо магар ҷои ҳайрату офарин нест, ки як фард бо ин ҳама масъалаҳои гуногун ва ба зоҳир бо ҳам новобаста машғул шавад?!
Ба андешаи файласуфи маъруфи тоҷик Муҳаммад Болтаев Ибни Сино дар инкишофи илми фалсафа фикру андешаҳои тоза баён карда, ба пешрафти ин илм дар Шарқу Ғарб таконе бахшидааст.
- Ин навоварии Ибни Сино дар фалсафа иборат аст аз фарқ кардани мафҳуми моҳият ва мафҳуми вуҷуд ва аз таълимоти баҳои материя, ки марбут ба ин таълимот мебошад.
Агар мавзӯи баҳси фалсафа ҳастӣ, зиндагонии инсон аст, пас аз ҳама пеш худи ҳастӣ чист? Ва аз ин ҳастӣ чӣ ба миён меояд? Воҳид чист, кулл чист, умум чист, ҷузъ чӣ, имконият чӣ, зарурат чӣ, ҷавҳар чист, хирад чист???
Сино мегӯяд, ки ҷаҳон вуҷуди мураккаб аст ва ҳастиаш зарур. Чаҳон дар асл чизест эҳтимолӣ? ки метавонад бошад ё набошад. Агар ҷаҳон бошад, пас сабаби будани онро метавон пиндошт, ки ҳастӣ ин эҳтимолро ба миён овард. Маҳз ба туфайли ин сабаб имконият амри воқеъ (факт) мегардад. Чун сабаби зарур ба миён омад, ашё ба вуқуъ меояд. Сино ин сабаби зарурати тамоми вуҷудро Худо меномад. Аз ин рӯ, ба фикри ӯ Худо ҳастии зарур, мабдаи воқеияти тамоми вуҷуд аст.
«Хар чизе, ки қадам ба арсаи вуҷуд мегузорад, - менависад Сино, асоси моддӣ дорад, ҳар чизе ки пас аз адами худ қадам ба арсаи вуҷуд мениҳад, бешубҳа материя дорад, зеро пайдоиши ҳар чизе, ки тавлид мешавад, бояд қаблан имконпазир бошад?»
Метавон хулоса кард, ки агар имконият абадӣ бошад, материя низ абадист. Худо ҷовидона аст, ҷаҳон низ…
Ба ақидаи ин олими забардаст материя абадист ва касе онро наофаридааст, материя ва Худо аз азал баробар вуҷуд доштанд...
Ҷавҳари фалсафаи ӯ ҳамин аст, ки аз назари ҳарифони ӯ, бешак, ниҳон намонд ва боиси задухӯрдҳои ошкору ниҳони зиёде гашт.
Вобаста ба унвонгузории шоҳасарҳои ин Алломаи давру замонҳо як мушоҳидаи басо ҳайратангези устод С.Улуғзодаро мехостам хотирнишон намоям.
«Чизи ҷолиби диққат ин аст, ки Шайхурраис калонтарин асарҳои фалсафии худро "Шифо" ва "Наҷот" номидааст, бо чӣ андеша? - суол мегузорад ӯ дар рисолаи "Пири ҳакимони Машриқзамин" ва худ ҷавоб медиҳад: - Оё мақсадаш инсонҳоро аз гумроҳии фикр, аз қайди эътиқодоти ботил наҷот додан, аз марази ҷаҳолат, хурофоту мавҳумот шифо бахшидан набуд? Бешак, чунин будааст».
Ниёзмандиҳои инсон ба солимии тан ва рӯҳ чун ба ғизои моддӣ ва маънавӣ ин худ ниёзмандиҳои абадию табиӣ мебошанд, ки ба нест, ки бе таҷрибаи рӯзгор ба панди пешиниён ва бе донишу фарҳанги онҳо чун як рӯйдоди нисбатан баркамоли иҷтимоӣ зуҳур намояд. Ин аст, ки ҳар насли одамӣ ҳам ба "шифо" ва ҳам ба "наҷот" мӯҳтоҷ аст ва агар маҷрои шифо ёфтану наҷот бахшидан аз тарзи эволютсионӣ ба инқилобӣ гузарад, мӯҳлати камолот дурудароз ва пуршебу фарозтар хоҳад буд. Ёд меорем аз ҳикмати пешиниён:


Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ё
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Чунонки муҳаққиқони осори Ибни Сино мегӯянд, фалсафаи, ба истилоҳ, амалии ӯ, ахлоқ (эти¬ка), иқтисод ва сиёсатро меомӯзад, Ҳадафи омӯзиши ахлоқ саодати фард бошад, иқдисод саодати оила ва сиёсат саодати давлат аст. Олим дар хусуси бадеиёт (эстетика) афкори ҷолиб дорад, ба намудҳои гуногуни санъ¬ати нафиса (мусиқӣ, адабиёт, назария ва амалияи онҳо) диққати ҷиддӣ медиҳад.
Дар боби рӯзгори ҷомеа ва шартҳои амнияту рушди он мутафаккир таъкид менамуд, ки ҳамбастагӣ ва мубодилаи баёни мардум шарт аст, миёни аҳли ҷомеа бояд созиш бошад, қонун ва меъёри адолат ҷорӣ бошад ва ҳар касе, ки беадолатӣ ва беинсофӣ мекунад, ӯро танобкаш лозим.
Хуллас, нест ва намонда мавзӯе, ки чашми пурбини ин олими дақиқназар онро ба таҳқиқ наозмуда бошад. Гоҳо кас ба хаёле меравад, ки аҷаб не, шарҳи басо содаи қиссаи латифамонанд оид ба ақли ҳамаи аҳли деҳоти Афшанаву атрофро Худо ба як Ибни Сино дода ва аз ин рӯ, дигарон сода мондаанд. Зиёда аз он, ақли аҳли на як ё якчзнд деҳа, балки шаҳр, кишварҳои бузургро ба ин фарзанди азизу фозили хеш бахшида, ки назираш пас аз сари вай пайдо нашуд, ки нашуд.
Шарҳи ҳоли ӯро аз худаш бишнавед:

Рӯзаке чанд дар ҷаҳон будам.
Бар сари хок бод паймудам,
Соате лутфу лаҳзае дар қаҳр,
Ҷони покизаро биолудам.
Бохирадро ба табъ кардам ҳаҷв.
Бехирадро ба тамаъ бистудам.
Оташе барафрӯхтам аз дил
В-оби дида аз ӯ биполудам.
Бо ҳавоҳои ҳирсу шайтонӣ
Соате шодмои бинағмудам.
Охируламр чун баромад кор,
Рафтаму тухми кишта бидрудам.
Гавҳарам боз шуд ба гавҳари хеш,
Ман аз ин хастагӣ биёсудам.
Кас надонад, ки манн куҷо рафтам,
Худ надонам, ки манн куҷо будам...

Оне, ки бар ӯ ҳаёт бахшид, ақли куллро барояш дареғ надошт, то ин офаридаи мӯъҷизакораш мушкилоти инсонро ҳал намояд ва дар пешрафти маънавиёти олам давраи тозае бикшояд. Ин фарзанди фарзонаи Осмону Замин ҳамагӣ 57 сол зиста буд, ки дар мӯҳтаво ҳар соли умраш ба садсолаҳо баробар аст.
Сари ному насаби ӯ, фарзанди кадом халқу кадом миллат будани ӯ, аҷаб не, аз давраҳои дар қайди ҳаёт буданаш то имрӯз баҳсу талошҳо кам нашуда, балки афзоиш меёбанд.
Ёдам меояд, соли 1980 бо қарори ЮНЕСКО ҳазорумин солгарди таваллуди Ибни Сино дар тамоми ҷаҳон қайд гардида буд.
Бо пофишории баъзе воломақомҳой соҳаи илму фарҳанги замон дар тантанаҳои Маскав ва дигар шаҳрҳои шӯравӣ ҳазораи Ибни Синоро чун ҷашни олими энсиклопедисти Шарқ қайд мекарданд ва дар таҳияву ташкили ин чорабиниҳо нисбат ба мо, тоҷикон, ворисони аслии ин нобиға, беэҳтиромӣ ва ҳаракоти дур аз одоби ҳасана ҷой дошт. Азбаски таъбири "Энсиклопедисти Шарқ" аз даҳони шахси аввали замони шӯравӣ низ бурун ҷаст, онро сарфи назар кардан маънои мавқеи марказро ба эътибор нагирифтанро дошт. Мо ҳама дар ҳолати ногуворе монда будем, ки Ибни Синоро дар ҷаласаҳои тоҷикистонӣ чӣ ном мебурда бошанд? Охир, то ҳамин ҷашни ҳазорсолагӣ ин бузургмард падару модар дошт, Ватан дошт, забон дошт, тарҷумаи ҳоли ба забони модарии худаш навишта дошт ва ҳамаи ин бар он шаҳодат медоданд, ки ӯ аввал фарзанди халқи тоҷик аст, баъд пири ҳакимони Машриқзамин. Ин як факти бебаҳс, аксиома буд...
Аммо баъзе корҳое, ки дар маҳдудаи идеологии он замона мегунҷиданд, баробари ба сатҳи байналмилал баромадани худ боиси хандахариш мешуд.
Хусусан, баромади олими намоёни чех Иржи Бечка дар ҷаласаи бузурги ҷашнӣ дар ёдҳо монд. Ў бо як эҳтироси баланд мегуфт, ки оё хандаовар нест, ки мо ба хонае меҳмон шавем ва номи аслии соҳиби хонаро, ки дар вай аслу насабаш. ҷадди бузургаш сабт гардида, ба забои наёрем? Барои ман Ибни Сино ав¬вал фарзанди бузурги миллати тоҷик, ки аз эронитаборон аст, буд ва мемонад. Ин ҳақиқатро таърихшиноси араб Ибни Ҳалдун дар асри XIV дар асари худ "Муқаддима" навишта буд:
«Бештарини олимони исломӣ ғайри араб - форсҳо буданд. Ҳамаи асосгузорони грамматикаи араб форсҳо буданд. Ҳамаи олимон форсҳо буданд ё маърифати форсӣ доштанд». Ў боз мегӯяд: «Ҳадиси пайғамбар амалӣ шуд, ки гуфта буд:
«Агар илм дар баландтарин кисматҳои осмон овезон мебуд ҳам, дастраси мардуми форс ме¬буд».
Пас аз нӯҳ соли он нутқи гарму ҷӯшони тоҷикпарастонаи ус¬тод И. Бечка ба ману чанд нафари дигар муяссар шуд, ки дар Прага меҳмони ӯ шавем ва барояш китобе чанд ва ҷомаю тоқии тоҷикӣ ҳадя кунам. Мо дар ҳуҷраи кораш менишастем ва дар деворҳо сӯзанӣ, ҷӯробҳои помирӣ, дар рафҳо китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ, табақу коса, чойнику пиёла, акси устод Мирзо Турсунзода ба чашм мехӯрд.
Ҳангоми хайрбод ӯ китоби ба қарибӣ ба табъ расидаи Мирзо Турсунзодаро ба забони чехӣ бо номи "Мир с вами" ҳадя кард, ки дар муқоваи он навиштааст: ''Барои меҳмони шаҳри Прага аз дӯсти маданияти Тоҷикистон И. Бечка".
Ва низ дар варақе ин сатрҳоро барои ёдгор сабт карда: «Ка¬мина ҳамеша хурсанд мешавам, вақте ки дӯстон аз Тоҷикистон ба хонаи ман ташриф меоваранд. Ва имшаб ду духтари олим Мунира Шаҳидӣ ва Гулсифат Шаҳидӣ ва ҳатто вазир Нур Табаров омаданд. Ифтихори калон. Раҳмат. Иржи Бечка. 7 октябри с. 1989. Прага».
Ҳамон рӯз мо ёд аз ҷашнвораи Ибни Сино кардем. Устод боз ба шавқ омада таъкид карданд:
-Ибни Сино, албатта, дарёест, ки аз оби он ҳар кас метавонад бихӯрад, вале дарё ҳам саргаҳ дорад, ки аз ватани ӯст, ватанро наметавон иваз кард. Дуруст!
Бишнавед, ин олими нобиға, ки шоири олиҷаноб буд, чӣ мегӯяд:

Моем нуҳуфта гиря дар ханда чу гул,
Мурда ба дамею аз даме зинда чу гул.
Худро ба ҳама миён дарафканда чу гул,
В – андар ҳама маҷмае пароканда чу гул.




Рӯзномаи «Адабиёт ва санъат»
11 феврали соли 2010, №6 (1509)




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво