15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ЯКУМИ ДЕКАБР РӮЗИ МАВЛУДИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ЗИНДАГИНОМА

713
Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди деҳқон аз деҳаи Поршиневи волости Шуғнон (Помири ғарбӣ) аморати Бухоро аст. Ӯ соли 1899 ба дунё омадааст. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии хеле қашшоққона доштанд. Тахминан соли 1908 ё соли 1909, вақте Шириншоҳ ки 8-9 сола буд, волидонаш аз олам гузаштанд. Аслу насаби падараш аҳли рӯҳонист, ки он дар номи насаби ӯ низ акс ёфтааст. Маънои ҳиссачаи «шо» — саид, ё худ вориси бевоситаи Муҳаммад аст. То дувоздаҳсолагӣ дар назди бародараш умр ба сар бурдааст. Аз соли 1911) ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ-маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол аз ҳисоби давлати русҳо хондааст. Зимистон таҳсил дошта, тобистон дар назди сардори отряди Помир кор мекард — гулҳоро об медод. Аз 14-солагӣ бо меҳнати хеш зиндагӣ мекард.[1]
Соли 1914 дар сини 15-солагӣ мактаби мазкурро хатм намуда, бо штабс — капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин, ки дар Тошканд зиндагӣ мекард, аз Помир ба ш. Тошканд омад. Тамоми роҳ хизматгузори ӯ буд, ва дар давоми 4 моҳ, аз 25 август то декабри соли 1914 дар хонааш ба сифати пешхизмат ва дарбон кор мекард. Аз декабри соли 1914 то моҳи майи соли 1915 чун фаррош дар омӯзишгоҳи ҳаштуми русӣ — маҳаллии шаҳри Тошканд хидмат намуда, айни замон назди мудири омӯзишгоҳ Апполон Петрович Радугин, ки акнун дар уезди Тошканд бухгалтерии завод шуда, кор мекунад, таълим гирифт. Аз 1 майи соли 1915 таҳсилашро хотима дода, то моҳи августи соли 1915 мардикори заводи Иванов (Бешоғоч), аз 11 август то 30 сентябри соли 1916 вагонбар ва кандуктори трамваи Тошканд буд. Аз октябри соли 1916 то январи соли 1917 дар артели Матвеев ба сифати бағочдеҳи поезди боркаши роҳи оҳан кор кард. Аз январи соли 1917 то 26 август боз дар назди ҳамон муаллим барои дохил шудан ба курсҳои дусолаи педагогӣ омодагӣ дида, 26 август имтиҳони чор синфи хатмкардаашро супурда, дар сини 18-солагӣ ба синфи аввал дохил шуд. Соли 1917 омӯзишгоҳи мазкур баста шуд. Шириншоҳ маҷбур шуд, ки аз моҳи сентябр ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд шомил шавад. Баъди як моҳ — моҳи октябри соли 1917 Инқилоби Октябрро пешвоз гирифт. То ин вақт Шириншоҳ дар бораи ғояи сотсиализм, муборизаи синфӣ ва ҳоказо тасаввурот надошт. Ҳамроҳи коргарони маҳаллӣ барои барпо ва пойдор гардидани Ҳокимяти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна иштирок кардааст. Аз январи соли 1921 узви Ҳизби коммунист буд. Рақами билети аъзогиаш 539289, баъди ивазшавӣ 0830934.
Дар семинария то соли 1921 таҳсил намуд. Вале он дар давраи шӯравӣ (аз с. 1919) семинария не, балки шуъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогӣ номида шуд.
Пас аз ба итмом расондани мактаб моҳи майи с. 1921 дар ҳайати 500 нафари ба ном «студентони пролетарӣ» аз тарафи КИМ-и Туркистон ба шаҳри Қуқанди Фарғона ва аз Қуқанд ба комитети тақсимоти (разверсткаи) озуқавории Хуҷанд фиристонда шуда, дар разверсткаи озуқавории волости Дилварзин ширкат дошт. Баъди дуним сол — 10 июл бо телеграммаи Турк — ЦИК ба шаҳри Тошканд ҷеғ зада шуда, ба сифати коркуни масъул аз узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ 18 июли соли 1921 ба Помир (Бадахшони Кӯҳистон) равона гардид. Солҳои 1921-22 узви сегонаи мазкур ва аз октябри соли 1922 сардори он буд. Моҳи августи с. 1923 ҳангоми расидан ба Тошканд бо назардошти он ки аз с. 1921 то с. 1923 дар Помир буд, бо Туркистон алоқааш канда шуд, аз комиссияи тозакунии сафҳои ҳизб нагузашт ва уязвияташ бекор шуд. Моҳи август бо дархостнома ва маводҳои зарурӣ ба комиссиюни ҳизбии сарҳадии фронти Туркистон муроҷиат карда, зимистон соли 1923, моҳи декабр ба воситаи комиссиюни назоратии Туркистон аз комисияи назоратиии Москва нусхаи фармонро дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи уязвияти ҳизбии худ аз с 1921 — ро гирифт. Аз октябри с. 1923 то 5 августи с. 1924 корманди бойгонии назди котиботи СКХ Республикаи Туркистон, аз 5 августи соли 1923 то ноябри ҳамин сол инструктори кишоварзии шуъбаи таҳтонии аққалиятҳои миллии шуъбаи ташвиқ ва тарғиби КМ ҲК Туркистон буд. То тақсимоти миллӣ дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар шаҳри Тошканд кор кард. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна (c/ 1924) ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, Ш. Шоҳтемур узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъйин гардида, ба шаҳри Душанбе ба кор фиристонда шуд.[1]

ЯКУМИ ДЕКАБР  РӮЗИ МАВЛУДИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ЗИНДАГИНОМА


ХОТИРА
маводи гуногун ҷамъ мекард. Шириншоҳ он замон дар Душанбе дар вазифаи котиби дуюми Комитети Маркази Ҳизби Комунисти Тоҷикистон кор мекард. Ҳамеша серкор буд, вале вақт ёфта, дар саҳроҳои колхози раставу кӯчаҳо, дар он ҷое, ки мардум буд, вохӯриҳо мегузаронд. Ин услуби кори Шоҳтемур буд. Ӯ, ки худ аз оилаи одӣ ва камбағали кӯҳистонӣ баромада буд, табиатан одами хоксор зиндадил хушмуомила буд. Маҳз таввасути чунин хислатҳо ӯ аз дарди дили мардуми одӣ бохабар мегашт ва барои фаъолияти минбадааш нақшаҳои мушаххас мекашид. Ҷавонзани зебои аврупоие, ки дар тан либоси хоксорона дошт ва дар назди идораи ӯ бо марди деҳқонамое суҳбат мекард, диқаташро ҷалб намуд. Духтар бо лафзи ширин тоҷикӣ сухан мекард. Шириншоҳ истоду як бори дигар бодиқат гӯш андохт. Дар такаллуми духтар ба ҷуз талафузи руссӣ баъзе овозҳои тоҷикӣ хатое дигар набуд. Шоҳтемур ноаён қаду баст, чеҳра ва ҳаракати духтарро аз назар гузаронд. Аҷиб, маълум, ки духтарак тоҷик нест, вале забони тоҷикиро дар куҷо ин кадар хуб ёд гирифааст,-аз дил гузаронд Шоҳтемур. Дар вуҷуди Шириншоҳ кадом як ҳиссиёте ба вуҷуд омада барои бо духтар ҳамсуҳбат шудан водораш менамуд.[1]
НЕКДОШТ:
- соли 2006, Шириншоҳ Шотемур яке аз шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳурӣ мебошад, ки дорандаи унвони олии давлатии Тоҷикистон — Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст;
- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба номи ӯ гузошта шудааст;
- ба номи Шириншоҳ Шотемур якчанд кучаву маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.
ҶОИЗАҲО:
Унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон (2006) Қаҳрамони Тоҷикистон
Маълумот аз Википедия




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво