4 декабр 2023, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Маркази «Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат» конференсияи илмӣ баргузор гардид

84
Дар Маркази «Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат» конференсияи илмӣ баргузор гардид«Эмомалӣ Раҳмон – мубаллиғ ва ҳимоятгари илму адаби тоҷик»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Маркази «Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар замони муосир дар дилхоҳ давлат ба Президенти мамлакат ва нақши ӯ дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати дохиливу хориҷӣ эътибори хосса медиҳанд.

Дар ҳамоиш доир ба мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳангнигории тоҷик», «Эмомалӣ Раҳмон-мубаллиғ ва ҳимоятгари илму адаби тоҷик», «Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ» маърузаҳо ироа гардида, доир ба масъалаҳои мубрами фаъолияти Президенти мамлакат изҳори андеша гардид.

Дар анҷоми ҳамоиш шеъри «Номаи фахру сипос» қироат шуд, ки аз он табъи иштирокдорон шод гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво