Олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Форуми олимони ҷавон дар Москва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд![]() ![]() Корманди Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши «Ҳифзи мерос» Саидҷалол Ҳафизов сазовори ҷои 1-ум ва диплом, корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Некбахт Дороншоева дар бахши «Ҳифзи мерос» сазовори ҷои 3-юм ва диплом, корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Парвина Сайдалиева дар бахши «Амнияти озуқаворӣ» (илмҳои кишоварзӣ) сазовори ҷои 3-юм ва диплом гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки форум бахшида ба 300-солагии Академияи илмҳои Русия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо доир гардида, ҳадафи он фароҳам овардани платформаи муоширати ҷавонони боистеъдод дар фазои мушорикати бузурги Авруосиё, муҳокимаи мушкилоти муосири илмӣ, барқарор намудани равобиту тамосҳои нави касбӣ, табодули таҷриба ва омӯзиши имконоти гузаронидани таҳқиқоти муштарак арзёбӣ мегардад. Дар форуми имсола ҷуғрофиёи иштирокчиён васеъ шуда, олимони ҷавон аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон, Ветнам, Индонезия, Покистон, Сербия, Венгрия, Эфиопия, Миср ва Сурия дар он фаъолона иштирок намуданд. Соли равон форум сессияҳои мавзуӣ дар шаш самти зерин: зеҳни сунъӣ (математика, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ); физика (нанотехнология, технологияи квантӣ); химия ва маводшиносӣ; насли солим (технологияҳои биологӣ ва тиббӣ, иқлим ва экология); амнияти озуқаворӣ (илмҳои кишоварзӣ); ҳифзи мерос (илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ)-ро дар бар гирифт. Бояд тазаккур дод, ки Форуми академии олимони ҷавони мамлакатҳои Авруосиёи Бузург «Қитъаи илм» ҳамасола дар шакли ҳузурӣ баргузор шуда, ҷиҳати табодули таҷриба, ташаккули фазои ягонаи илмию технологӣ ва таҳкими робитаҳои илмию техникии олимони ҷавон мусоидат менамояд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар оянда низ олимони ҷавони тоҷикро ҷиҳати иштирок ва муаррифии дастовардҳои илмӣ ба ин гуна форумҳо ҷалб менамояд.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |