Главная > Фармоишҳо > Ф А Р М О И Ш аз санаи 30 августи соли 2019 №86/ф ш.Душанбе

Ф А Р М О И Ш аз санаи 30 августи соли 2019 №86/ф ш.Душанбе


3-09-2019, 16:21.

Дар бораи танзими низоми нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон вобаста
ба ҷорӣ гардидани меъёри 7 фоизаи андоз аз арзиши иловашуда

Мутобиқи моддаи 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 6 Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 тасдиқ шудааст ва бандҳои 4 ва 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 150 тасдиқ шудааст бо дастрасии мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019, №11614/13.2,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Аз санаи 24 июли соли 2019 дар харҷномаҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 7 фоиз бе баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда ҳисоб карда шавад.
2. Фармоишгарон, пудратчиён (зерпудратчиён), ки ба иҷрои корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд, мутобиқи тағйироти воридгардида уҳдадоранд, аз санаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур андоз аз арзиши иловашударо бо меъёри 7 фоиз ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.
3. Бо мақсади андозбандӣ, масъалаҳои марбут ба амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳаҷми корҳои пудратии иҷрогардида ва ҳисоббаробаркунии онҳо тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
4. Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд:
- намунаи ҳисоби харҷномаи иҷрои корҳои сохтмониро мувофиқ ба талаботи банди 1 фармоиши мазкур таҳия намуда, дар мувофиқа бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ намоянд;
- мактуби тавзеҳотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба тартиби дар амал татбиқ намудани муқаррароти банди 1 фармоиши мазкур омода ва ба субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд;
- корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба танзими низоми нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон вобаста ба ҷорӣ гардидани меъёри 7 фоизаи андоз аз арзиши иловашуда ба роҳ монанд.
5. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳо тағйироти воридшударо мувофиқ ба талаботи фармоиши мазкур ба инобат гирад.
6. Фармоиши мазкур дар «Рӯзномаи бинокорон», маҷаллаи «Меъморӣ» ва сомонаи расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) интишор карда шавад.
7. Фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2019, №11/ф «Дар бораи танзими низоми нархгузорӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бекор гардидани меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда» аз эътибор соқит дониста шавад.
8. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.



Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода















Вернуться назад