Ф А Р М О И Ш аз 20 декабри соли 2019 №124/ф ш. Душанбе![]()
Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷати роҳбарикунандаи низоми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 40-201-2019) «Дастур оид ба лоиҳакашии системаҳои обтаъминкунӣ дар таркиби нақшаҳои генералӣ ва чоҳҳои обгири деҳот (ба МҚШ ҶТ 40-06-2017)»
Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 4 ва 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст, Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М: 1. Ҳуҷҷати роҳбарикунандаи низоми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 40-201-2019) «Дастур оид ба лоиҳакашии системаҳои обтаъминкунӣ дар таркиби нақшаҳои генералӣ ва чоҳҳои обгири деҳот (ба МҚШ ҶТ 40-06-2017)» тасдиқ карда шавад (замима мегардад). 2. Фармоиши мазкур дар «Рӯзномаи бинокорон», маҷаллаи «Меъморӣ» ва сомонаи расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) интишор карда шавад. 3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад. Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |