25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз 10 майи соли 2019 №41/ф ш. Душанбе Дар бораи тасдиқи меъёру қоидањои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚС ҶТ 21-01-2018) «Бехатарии биноҳо ва иншоот аз сўхтор» 120.030.030.

1625
Ф А Р М О И Ш

аз 10 майи соли 2019 №41/ф ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи меъёру қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚС ҶТ 21-01-2018) «Бехатарии биноҳо ва иншоот аз сӯхтор»

120.030.030.

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 4 ва 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Меъёру қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚС ҶТ 21-01-2018) «Бехатарии биноҳо ва иншоот аз сӯхтор» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚС ҶТ 21-01-2007) «Бехатарии биноҳо ва иншоотҳо аз сӯхтор», ки бо фармоиши директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2007, №7/фк тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2007, №330 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.

Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода
Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2019, таҳти рақами 976 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво