Дар бораи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 24 январи соли 2023 баён доштанд
Мутобиқи бандҳои 5 ва 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст ва ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2023, №36 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023”
Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М
1. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 24 январи соли 2023 баён доштанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Раёсати шаҳрсозии дастгоҳи марказӣ (даъват) якҷо бо роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд, ки иҷрои чорабиниҳои дар
нақша пешбинишударо тибқи муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намуда, аз натиҷаи иҷро дар муҳлатҳои муайяншуда ахборот пешниҳод намоянд.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ аз рӯи салоҳияташон гузошта шавад.
Раиси Кумита Низом Мирзозода