4 декабр 2022, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз 11 апрели соли 2022 №35/ф ш. Душанбе

898
Ф А Р М О И Ш

аз 11 апрели соли 2022 №35/ф ш. Душанбе

Дар бораи меъёрҳои унсурии харҷномавӣ барои хизматрасонии
техникии таҷҳизот (МУХхт ҶТ-2022). Маҷмӯаи №01. «Хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҷории таҷҳизоти системаҳои бехатарӣ»

120.030.030.

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 6 Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 тасдиқ шудааст ва бандҳои 4 ва 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ барои хизматрасонии техникии таҷҳизот (МУХхт ҶТ-2022). Маҷмӯаи №01. «Хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҷории таҷҳизоти системаҳои бехатарӣ» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси кумита - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.


Раиси кумита Маҳмадсаид Зувайдзода


Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2022, №1155 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво