18 май 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РАЁСАТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ҒАЙРИИДОРАВИИ ҲУҶҶАТҲОИ ЛОИҲАВИИ ШАҲРСОЗӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

404
1. Муовини сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 2492,40 сомонӣ.
2. Мудири бахши кадрҳо ва ҳуқуқи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1376,40 сомонӣ.
3. Мудири бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1376,40 сомонӣ.
4. Сармутахассиси бахши ташкилӣ ва мутобиқати Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1248,90 сомонӣ.
5. Мутахассиси бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 841,80 сомонӣ.

Қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинӣ кардашуда;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
(агар шахс оиладор бошад);
-нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби муовини сардори Раёсат:
-таҳсилоти олӣ (муҳандис-сохтмончӣ);
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансаби категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санаду меъёрҳои соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсатро ба танзим медарорад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санаду меъёрҳои соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медарорад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо:
21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун;
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Бахши карҳо ва ҳуқуқ
Телефонҳо барои тамос: 223-17-59




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво