22 сентябр 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

59
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҶСК «Селтехпроект» ва ба муносибати эълон гардидани соли ҷорӣ, ҳамчун «Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баҳри ҷалб намудани диққати омма ба ҳадафи чоруми стратегияи давлатӣ, оид ба саноатикунонии кишвар, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шудааст, ҶСК «Селтехпроект» дар якҷоягӣ бо Иттифоқи меъморони Тоҷикистон озмуни умумиҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Лоиҳаи беҳтарини иншооти саноатӣ ва истеҳсолӣ»-ро эълон менамоянд.

ШАРТ ВА ТАЛАБОТИ УМУМИИ ОЗМУН

Талаб ва мақсади асосӣ
Озмун пеш аз ҳама бо мақсади дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ташвиқ намудани корҳои амалигардонии ҳадафи чоруми стратегияи давлатӣ, оид ба саноатикунонии Тоҷикистон, ташкил карда мешавад.
Озмун ва натиҷагирии он дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқ ва эҷоди озодона, бо назардошти ташвиқи рушди санъати меъморӣ баргузор мегардад.
Омӯзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ва таҳлили натиҷаҳои озмун тибқи меъёрҳои муқарраргардида сурат мегирад.
Дар ҷараёни баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, фикру андешаҳои ҳар як аъзои жюрӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, аъзоёни Раёсати Иттифоқи Тоҷикистон, устодони кафедраи меъморӣ ва дизайн ҷалб карда мешаванд, ба инобат гирифта мешаванд.
Мавзеи ҷойгиршавии иншооти лоиҳавӣ бе маҳдуд буда, иншоот дар дилхоҳ минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда метавонад;
Бо мақсади интихоб намудани ғолиби озмун талаботи зерин ба инобат гирифта мешавад:
- бинои ёки иншооти лоиҳавӣ таъйиноти истеҳсолӣ ёки саноатӣ доштанаш шарт мебошад.
- шакл, симо ва ҳалли меъмории бино (ёки иншоот) баҳогузорӣ карда мешавад;
- иқтидорнокии истеҳсолӣ (ёки саноатӣ) ва нишондодҳои техникию иқтисодии иншооти пешниҳодшаванда баҳогузорӣ карда мешавад;

Номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳод
Барои озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
мактуби ёддоштӣ дар шакли озод на зиёда аз 2 саҳифа, бо тавзеҳи мухтасари меъморӣ ва техникии иншоот;
лоиҳаи иншоот дар планшетҳои аз варақҳои ПВХ омодагардида, дар андозаҳои 600 х 800мм (ёки 1200 х 800мм);
дарҷи номгӯи пурраи иншоот, номгӯи ташкилоти лоиҳакашӣ, соли таҳия ва ному насаби муаллифи лоиҳа яке аз кунҷҳои планшет;
дар мавриди пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои озмун, пешниҳод намудани амсилаи лоиҳа мумкин мебошад;
лоиҳаҳое, ки ба озмун бо вайрон кардани шартҳои мазкур, ёки пас аз муҳлати пешбинигардида пешниҳод мегарданд, баррасӣ карда намешаванд.

Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо
Ҳуҷҷатҳои хоҳишмандон барои иштирок дар озмун аз санаи 13 сентябр то 1 октябри соли ҷорӣ ба идораи Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 1 пешниҳод карда мешаванд.
Лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодгардида рӯзи 2-октябри соли 2021 аз ҷониби жюри баҳодиҳӣ карда мешаванд. Ба ҳайати жюри якчанд аъзоёни Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, устодони кафедраи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва меъморони собиқадор ҷалб карда мешаванд.

Мукофот барои ғолиби озмун
Мукофот барои ғолибони озмун ба таври зерин муайян карда мешавад:
-барои лоиҳаи ҷойи якум, ба муаллифи лоиҳаи олитарин, ки ҳамчун лоиҳаи аз ҳама беҳтарин дониста мешавад, шоҳҷоиза – ба истилоҳ «Гран-при» бо тӯҳфаи хотиравӣ мукофотонида шуда, Дипломи дорандаи шоҳҷоизаи озмуни умумиҷумҳуриявӣ тақдим карда мешавад.
-барои лоиҳаи ҷои дуюм – тӯҳфаи хотиравӣ ва Дипломи дараҷаи 1-ум дар варақаи тиллоранг;
-барои ҷои сеюм – тӯҳфаи хотиравӣ ва Дипломи дараҷаи 2-юм дар варақаи нуқраранг;
-барои ҷои чорум – тӯҳфаи хотиравӣ ва Дипломи дараҷаи 3-юм дар варақаи бо ранги биринҷӣ.
-ба ғолибон ғайр аз дипломҳо, инчунин, тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳадя карда мешаванд.
-барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёни дигари озмун Сипосномаҳо дода мешаванд.
Талаботи озмун ва натиҷаҳои баргузории озмун тавассути «Рӯзномаи Бинокорон», сомонаи интернетии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар саҳифаҳои фейсбукии Иттифоқи меъморон ва ҶСК «Селтехпроект» эълон карда мешавад.

Натиҷагирии озмуни мазкур ва маросими супоридани мукофотҳои хотиравӣ ба иштирокчиён ва дипломҳои ғолибон дар Рӯзи Байналхалқии меъморӣ, ки имсол ба 4-октябр рост меояд, дар идораи Иттифоқи меъморони Тоҷикистон баргузор карда мешавад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво