Таваҷҷуҳ! Таваҷҷуҳ! Хонандагони азизи “Рўзномаи бинокорон”!![]()
Хонандагони азизи “Рӯзномаи бинокорон”!
Идораи “Рӯзномаи бинокорон” ҳамеша кӯшиш менамояд, ки рӯзномаро ба обуначиёни худ сари вақт расонад. Дар ин кор албатта Почтаи тоҷик хизмати худро мерасонад. Вале мо ба як мушкилӣ дучор гаштаем, ки баъзе аз обуначиён наметавонанд рӯзномаи худро сари вақт дастрас намоянд. Сабаби ин дар надонистани нишонии бархе аз обуначиён мебошад. Яъне обуна шудаанд, вале нишонӣ ва номи пурраи худро нанавиштаанд, ки ин боиси хиҷолатмандии мо мебошад. Шояд бисёре аз хонандагони мо дар тааҷҷуб бошанд, ки чаро рӯзнома ба онҳо сари вақт дастрас намегардад. Бинобар он мо тасмим гирифтем, ки рӯйхати онҳоеро, ки нишониашон аниқ нест ё ин ки танҳо номашон маълум аст, ҳатто на ном ва на нишониашон маълум нест, вале рақами расидашон маълум аст, дарҷ намоем. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки агар ном ва ё рақами расиди худро шинохтед, лутфан ба мо занг занед ва ё ба почтаи электронии мо нависед. Телефонҳо барои тамос: 227-22-39, 93-100-11-34 вайбер, binokoritoj@mail.ru. Барои ҳамкориатон қаблан сипосгузорам. Бо эҳтиром, сармуҳаррири «Рӯзномаи бинокорон» Табарова Д. ![]()
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |