22 сентябр 2020, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ТАВАҶҶУҲ! КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад

127
КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад:

1. Сардори раёсати шаҳрсозӣ.
2. Мутахассиси пешбари раёсати шаҳрсозӣ – 2 ҷой.
3. Мутахассиси раёсати шаҳрсозӣ – 1 ҷой.
4. Сармутахассиси раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ – 1 ҷой.
5. Мутахассиси пешбари раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ –
1 ҷой.
6. Мутахассиси пешбари раёсати корҳо – 1 ҷой.
7. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ оид ба корҳои махсус ва мудофиаи гражданӣ
– 1 ҷой.

ҶАМЪ: 8 ВОҲИД.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба бахши кадрҳои Кумита (кӯчаи Ҳусейнзода, 36) пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (4 адад акси рангаи 3х4 ва 4х6);
- шарҳи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс собиқаи меҳнатӣ
надошта бошад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро хатм намудаанд);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулки худ;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат.
ЭЗОҲ: талабот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
- сардори раёсати шаҳрсозӣ 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- мутахассиси пешбари раёсати шаҳрсозӣ 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- мутахассиси раёсати шаҳрсозӣ таҳсилоти олии касбӣ.
- сармутахассиси раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- мутахассиси пешбари раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- мутахассиси пешбари раёсати корҳо 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ оид ба корҳои махсус ва мудофиаи гражданӣ 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Маоши моҳона: сардори раёсати шаҳрсозӣ – 2616,40 сомонӣ, мутахассиси пешбари раёсати шаҳрсозӣ – 1069,50 сомонӣ, мутахассиси раёсати шаҳрсозӣ – 883,20 сомонӣ, сармутахассиси раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ – 1311,0 сомонӣ, мутахассиси пешбари раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ – 1069,50 сомонӣ, мутахассиси пешбари раёсати корҳо – 1069,50 сомонӣ, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ оид ба корҳои махсус ва мудофиаи гражданӣ – 1311,0 сомонӣ муайян гардидааст.

Довталабон маълумоти иловагиро метавонанд аз сомонаи www.tajsohtmon.tj ва телефони 221-98-59 гиранд. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз нашри эълон.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво